Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба нависандаи шинохта Юнус Юсуфӣ муборак бод!  

Иштибоҳ. Ҳикоя

Ин достонро замони кўдакӣ дар роҳи аз гўристон ба деҳистон аз модарам шунида будам. Ҳамин як рўзи пеш модаркалонам мурда буд ва сапедаи дигар модарам маро ҳамроҳи худ сари гўри ў бурд. То он рўз намедонистам, ки ба гўристон рафтани занҳо раво набудаасту гунаҳ шумурда мешудааст.

Модарам аммо ин табуро шикаста буд ва падарам, ки чун бештари мардони русто хурофотӣ буд, аз ин кори ў агар бў мебурд, аз ба сараш чархидани осиёсанг гузир набуд. Инро низ он субҳ модарам мегуфт. Хурўсбонг кўча баромадем ва дар нимарўшан ба гўристон омадем. Бори нахуст буд, ки аз миёни гўрхонаҳои фурўрехтаву бо замин яктогашта мерафтам. Гўрҳо сахт наздик ба якдигар буданд ва ногаҳ аз дилам гузашт, ки зерихокшудаҳои ин як пора замин агар зинда мебуданд, дар деҳе бузург намегунҷиданд. Фазои гўристонро сукути ноошное гирифта буд. Модарам бесадо мегирист. Ба назарам меомад, ки гиряи ў хамўшии гўристонро гаронтару фазоро ҳузнангезтар мекард. Ҳангоме ки бозпас мерафтем, рўз равшан шуда буд. Ва ногаҳ гўре ба чашмам хўрд, ки аз чор сўяш мехҳои ситабри оҳанӣ кўбидаву бо занҷир печонида шуда буд. Ин чашмандоз ба гунае ҳожу вожам карду ҳушамро бурд, ки санг шудам ва он дам, ки модарам аз ин дониставу сар тобид, бесадо даст ба он сў ёзидам. Чеҳраи модарам ғаминтар гашт ва дар нигоҳаш сояи андўҳу парешонӣ нишаст. “Гўра ба даст нишон нате, рўҳи мурда меранҷад” гуфт вай. Танам такон хўрд ва фазои давру бар баякбора дигар шуд; гўристон инак ҷое бимангез менамуд ба назараму дилам ноором мешуд.

Хомўш раҳ афтодем. Гўри занҷирбанд аммо аз пеши чашмам намерафту тўфони кунҷкобиву ҳаяҷон андарунам уштулум мекард. Модарам бегумон инро пай бурда буд ва он дам, ки аз гўристон баромадем, барои ором карданам мегуфт шояд, ки холаи Маҳтоб се писар дошт гуфт; се паҳлавон, ки кўҳро агар мезаданд, коҳ мешуд. Ҳамон тобистони аввали ҷанг ҳар серо бурданд. Маҳтоб, шерзане бо тану тўш, ҳангоми гусели писарҳош, ба разм неву ба базмашон мефиристод гўё ки табассум ба лаб ҳар кадомро дар оғўш мегирифту сару рў мебўсид, оби ашки дар гулў банд омадаро ноаён фурў мебурд ва рў ба занҳои аз паси писарҳо вовайлокунон дунёро басарбардошта мегуфт: “Худатона хору зор накунед, бачаҳои мо ҳама бармегарданд…” Аз се писари ў вале яке ҳам барнагашт. Солҳо буд, ки соҳиби сараш низ ин дунёро гузошта буд ва ҳамбару ҳамболи ў дар рўи замину зери осмон инак фақат сояаш буд. Шигифт ин буд аммо, ки то се сол ба номи ў, ки ҳамон замистони нахусти ҷанг мурда буд, аз шаҳрҳову кишварҳои бегонаву дур пул меомад. Наврўзи хаткашон ин пулҳоро пас мефиристоду бо сари баланд мегуфт, ки ин нархи ҳамон танку тўпҳои душмананд, ки писарони Маҳтоб задаву сўзонидаанд…

Гўристон пушти дарахтҳову биноҳо монд. Дили маро аммо гургҳо тала мекарданд, синаам танг меомаду хун дар рухсораҳоям мавҷ мезад, дунёву рустову одамҳош аз гунаи дигар ба ҷилва меомад, ёди холаи Маҳтобу писарҳош, ки танку тўпҳои душманро сўзонидаву худ мурда буданд ва хаткашони пир аз он меболиду менозид, оби аламро то ба косаи чашмҳом мекашид. Ва ман дармеёфтам, ки то рухдоди марги модаркалону гўристон дар дунёе мезистам дур аз рамзу розу фарозу фуруд, ки мегуфтӣ дар хоб мегузашт ва ҳеч асару осоре дар ёди тану ҷонам намегузошт. Инак аммо савдои холаи Маҳтобу писарҳошу гўраш бедорам кардаву дунёи бедарду ғами орому ободро ба паҳнаи бархўрди носозу носозгорҳо табдил дода буду овози ғамангези модарам маро ба ҳамон замистони нахусти ҷанг мебурд.

Он замистон аз сардтарин замистонҳои зиндагии холаи Маҳтоб буд, ки аз рўзии дунё чизе надошт; танҳо барф буду гуруснагиву сардӣ. Холаи Маҳтобро гову гўспанд ҳам набуд. Хонааш, ки дар канори гўристон буд, доду фарёди аз гўрҳо дар нимашабҳо, мегуфтанд одамҳо, чорпоҳоро девона мекард; ҷонварони бечора ё бандҳоро гусехтаву мегурехтанд ё девона гаштаву мемурданд. Ин садои ҷонгудозро танҳо гўши одамҳо намешунид, зеро агар мешунид, зиндагӣ ба дер намекашид. Ва холаи Маҳтоб суфрадўзӣ мекард; суфрадўзи яктои русто буд. Замистони нахусти ҷанг аммо суфра ба дард намехўрд, барф рўи барф меомад, сардиву қаҳт ҳалқа ба дар мезад ва ҷангу марг дар як ҷилд ҷилва мекард.

Чанд бегаҳ буд, ки хокистари сандалиро зеру рў меовард, чуғе аммо пайдо намегашт, ки оташ дардиҳад; гўгирд Анқо шудаву ҳезуми бурсу зардолу низ намонда буд, ки лахчааш то ба шоми дигар барад. Ва Маҳтоби ночор поиндеҳи хонаи мулло Хокироҳ оташталабӣ меомад. Мулло Хокироҳ ҳамон ягонае буд дар русто, ки Маҳтоб гардани ғурурро осон мешикасту душворро наздаш меовард ва шарм намекард. Мулло Хокироҳи қадимитарин сокини русто пеши одамҳо монанд ба ғўти бузургу ноҳамвори канори раҳ буд, ки ҳангоми боду борон мешуд дар бунаш паноҳ бурду аз офтоби сўзон дар сояаш. Зеро мулло Хокироҳ то ҷое баимону бавиҷдон буду ростгўву ростҷўву ростраву ростшунав, ки бовар намекардӣ одам асту дар рустое тангу сарду гуруснаву бараҳнаи фаромўши Худо, дар миёни як тўда марду зану хурду бузурги бадбахт ба сар мебурд. Инро, ки мулло Хокироҳ аз табори одам набуд, он низ мегуфт, ки намедонист хашму рашку бадбиниву бадгўӣ чӣ буд. Ягона “дашноме” ки барои рўзи мабод пасандоз карда буду боре агар ночор ба кор мебурд “ҳай фулонӣ, рўят сафед” буд. Ҳамин буд, ки Маҳтоб дурдасти русто, хонаи мулло Хокироҳ оташталабӣ меомад; дудила намеомад, андеша намекард, малўлу ғамзада намегашт. Ва мулло Хокироҳ ҳар бор лахчаҳакеро дар пораи чағбут печонида дар кафи Маҳтоб мегузорид ва мегуфт: “Пуф-пуф карда рав, ки намирад”. Ва гоҳе то аз поиндеҳ ба болодеҳ мерасид, ки пахта месўзид ва кафи Маҳтоб обилазор мегардид.

Он шом осмон соф буд. Моҳи дуҳафта ба гунае наздик менамуд, ки даст ёзидаву панҷа ба рўяш задан мешуд. Нури симгуни Маҳ монанди оби ях бар сару тани зан шорид, сардӣ чун заҳр то мағзи устухонаш давид ва зуд ба дард бадал гардид. Ёди оташу сандалии гарм ин дардро сабрсўз мекард. Нохоста нигоҳаш ба гўристон хўрд, ки дар нимарўшан ёд аз харобазори пас аз талаву тороҷ мебурд. Андешае чун озарахш мағзашро равшан кард ва пайи сўзоне дар он гузоштаву гузашт. Танаш ларзид, кўшид аз чизе дигар андешад, аммо ногаҳ номи ҳамсарро ба забон овард. Ва андак пас гуфт: “Вай бояд мана фаҳмаду бахшад.” Гўрҳо дар гўристони русто ҳама шомӣ буданд ва бо чўбҳои бурсу алафи хушк сабук пўшонида мешуданд. Боду борону офтоби сўзон хоки боми гўрро хўрдаву шуставу бурдаву чўбҳоро намоён карда буд. Ҳангоме, ки сари гўри шў омад, ба назараш дасте аз дарун берун баромад. Ва аз гирдогирд садоҳои гунагунаро шунид, сипас бод ин овозҳоро рўбиду худ дар косаи гўшҳояш нишаст, ҳамзамон нуқтае дар тори сараш ба сўхтан даромад ва як он чашмаш сияҳ зад. Аммо зан зери лаб оя хондаву тарсу дардро ба душвор рад кард ва ту гўӣ аз ҳезумхона ҳезум меовард, ки чўби гўрро зери каш овард ва аз гўристон баромад…

Шоми дигар вопасин бор поиндеҳ алавгирӣ омад ва он шаб то сапеда аз оғўши хоби роҳат берун наёмад; лахчаи бурс дар чаҳчаи сандалӣ то саҳар гул мекард. Шаби пасину шаби дигар ҳама чўбҳои гўри шўву ҳамсоягўри ўро ба хона кашид ва ин гуна душвори баста ба ҳезуму оташ паси сар гардид. Он нуқтаи доғ аммо, ки шаби нахусти марзи гўристонро шикастану сари гўри ҳамсар истодан дар торак нишаста буд, рўз то рўз бузургтар мешуд ва гоҳе ҳангоми сар поин кардан дарде тавонкоҳро ба косаи чашмҳо низ мерехт ва ангор дард не, обе сияҳ буд, ки нохоста рўз ба шаб бадал мегардиду ў то дер чизе намедид. Зан инро пайомади густохиву дастдарозиаш ба гўрҳо медонист, дилаш пур аз пушаймониву дард мегардид ва боре оҳанги бозпас ба гўристон бурдани чўбҳоро низ мекард, вале ҳар бор тарси сармо пирўз бар ин хоста меомад. Ба дер нарафт аммо, ки ба дарди сар сиёҳӣ низ зам гашт; ҳамеша худро дар долони дарозе медид ва ногаҳ аз дурдаст садоҳое мешуниду бовар мекард касоне барои бурданаш омадаанд. Бо фарёде дароз аз хоб мехест.

Аз рози гўристону гўрҳо магар ў аз моҳӣ то моҳ касе огоҳ набуд. Бори дард аммо соат то соат беш мегашт ва овозе ба гўши дилаш мегуфт, ки агар онро назди яке дигар набарад, ҷо дорад боре аз ҷогаҳ боло нашавад. Аммо метарсид, ки ҳар кас агар ин гапро шунавад, сияҳкору сияҳдилу сияҳномаш мехонаду аз дараш меронад ва ин гуна ба бори дард вазни нафрату нафринро низ зам мегардонад. Он як тани танҳо дар русто, ки метавонӣ ҳар “бало”-ро наздаш оварду ба “бале” шуданаш уммед баст, ҳамин мулло Хокироҳ аст. Ва он рўз мулло ба зани пеши рўяш нишаста нигоҳи сарзанишдиҳанда баста буду мегуфт:

– Ҳай, рўят сафед, Маҳтоб! Ба чӣ нагуфтӣ, ки ҳезум надорӣ?

Маҳтоби ғамзада гуфт:

– Дар ин замонаи шуми одамхўр ҳар кас дармондаи худаш аст. Ман чӣ медонистам, ки бахти нагуну дунёи бўқаламун ба ин рўзам мерасонад…

Мулло Хокироҳ то дер хомўш буд:

– Хокистари чўбои гўра чӣ мекардӣ?

– Дар хокистарпарто мерехтам.

Сари мулло Хокироҳ ба чапу рост рафт:

– Саго одати бади дар ҳар ҷо шошидан доранд. Хокстари чўбои гўра ба дарё рез…

Маҳтоб, ки сар ҳама гўш сохтаву назар ба даҳони мулло андохта буд, дунболи ин гап гумоне шод шуд, ки пас аз ба дарё рехтани хокистар дарди сар мемонаду хобҳои тарсовар низ намемонад. Зеро мулло Хокироҳ афсунгари муъҷизаофаре буд назди ў, ки нигоҳаш занги садсолаи ҷонро мешусту аз ҳар суханаш дар дашти дил хирмани лола меруст. Беҳуда нест, ки хокистара ба дарё рез гуфт…

Ин савдо аммо мулло Хокироҳро ошуфтаву бетоб кард. Вай дасти маломат ба сар мезаду пайваста ба худ мегуфт, ки кош чун дигарон дарду доғи одамонро намедиду касе розу ниёзашро назди ин намекашид. Чаро ки дар зиндагии бепоёни ў осон кардани душворе монанд ба кори Маҳтоб ҳеч пеш наёмада буд ва мулло ба гўшаи хаёл намебурд, ки боре зане дар русто натанҳо ба шаб аз марзи гўристон мегузарад, балки нотарс даст ба тороҷи гўрхонаҳо низ мезанад. Ва ин ҷои он, ки ўро аз ин кори бад боздорад ва сарзаниш кунаду накўҳиш орад, ҳимматаш ба он расид, ки гуфт, хокистара ба дарё бар. Ҳай, рўят сафед, Маҳтоб! Мурдаҳо мурдаатро дар гўристон раҳ нахоҳанд дод…

Мулло Хокироҳи назди ҳамдеҳаҳо хирадманду донову мушкилкушо аммо то ҷое довар ба чунин боварҳо шуда буд, ки аз ин андешаи ногаҳ дилаш таҳ кашид. Вай бо худ аҳд баст, ки аз мардум меканаду дар ба рў мебандад ва дигар бо неку бади касе кор намебандад; андешаи аз гўристон рондани мурдаи Маҳтоб аз сўи мурдаҳо ўро раҳо намекард. Ва мард аз Худо ба зан умри дарозу ба худ марг металабиду зери лаб мегуфт: “Кош ба он рўз нарасаму аз он сўз начашам.” Ҳоли Маҳтоб вале пас аз ба дарё рехтани хокистар ҳам беҳ нагашт. Он нуқтаи доғ, ки сари гўри шў дар торак зода буд, инак дили шаб ҳамаи танро фаро мегирифту пардаи сиёҳе пеши чашмҳо фурў меовард, дард зуд ба зуд ба марзи беҳушиаш мебурд ва ў як соату ним монанд ба мурда мешуд. Он шаб барф ҳама пастиву баландиҳоро ҳамвор кардаву зўри сарморо то ба ҷое овард, ки дару девор бо наздик шудани кас чунони шиша садо мезад. Дарди тани зан бо барфу сардӣ пешӣ мекард гўё ки он шаб аз марзи тобу тавони як одам гузашт, тораҳои асабро гусаст ва ўро дар чоҳи торики бехудӣ фурў овард; Маҳтоб ин бор пас аз соатҳо низ ба ҳуш наёмад.

Офтобзарди рўзи дигар ба хокаш доданд. Мулло Хокироҳ он шаб мижа таҳ накард. Пайваста ниёиш мекарду аз Худо омўрзиш мехост ва зору низор сар ба замин меовард, ки нагзорад касе субҳ ангушт ба дараш занад. Аммо ҳанўз чашми рўз накафида буд, ки русто пур аз ҳамҳамаву дамдама шуд; гўр мурдаи Маҳтобро берун андохта буд! Бори нахуст буд, ки мулло ошуфта пешу пас мерафту пайваста дурушт мегуфт ва ҳама ба худ: “Ҳай, рўят сиёҳ, Хокироҳ! Ин бора дар ду дунё чи гуна пушт мекунӣ? Ба чї Худо ҷони туро нагирифт..?!” Русторо аммо тарсу бим фаро гирифт. Чунин рухдодро аз Одам то ин дам чашме надидаву гўше нашнида буд. Маҳтобро, ин зани меҳрубони порсову танҳоро, гўр чаро дар худ раҳ надода буд? Ин пурсиш бепосух агар мемонд, пайдо набуд зиндагии рустоиёнро ба чї рўзе мерасонд. Оне, ки сари риштаро метавонист ёфту кўргиреҳро кушод ва чоҳу роҳро нишон доду зиндагиро дар маҷрои ҳамешагиаш нигаҳ дошт, ҳамин мулло Хокироҳ буд. Ва он рўз ў, дунболи бозпас дар гўр ниҳодани Маҳтоб, он чї бо вай рафта буд, ҳамаро ба мардҳои дар гўристон гирд омада бозгуфт. Ва ин гуна осон тарсу таҳлукаву гумону шубҳаи мардҳоро дар русто аз миён бурд, ун боварро аммо, ки ба гўристон омадани зан ва гузашта аз ин, чун Маҳтоб дастдарозӣ ба он кардан, саранҷоми бадтар аз бад дорад, тарсовартару мустаҳкамтар кард.

Мулло Хокироҳ аммо шак надошт, ки гўр мурдаи Маҳтобро боз берун хоҳад андохт. Барои ҳамин, дар роҳи аз гўристон ба деҳистон усто Фармонро ёфту ба оҳангархонааш бурд ва ба зудӣ сохтани чор меху ҳафт боза занҷирро фармуд. Ва шоми он рўз муллову усто гўри Маҳтоби бадбахтро занҷирбанд карданд…

Модарам ин ҷо хомўш шуд, по аз рафтан боздошт ва ту гўӣ кадом иштибоҳе бузургро ислоҳ кардан мехост, ки рў ба ман буррову боварбахш гуфт:

-Ун шаби замистон холаи Маҳтоб намурда буд, шаби дигарам гӯр берунаш набурда буд…”