КИТОБИ НАВ. Омўзиши таснифоти даҳгонаи универсалӣ
Таснифоти табақавӣ таснифоти нисбатан анъанавӣ мебошад. Он шаклан ба «дарахти донишҳо» шабоҳат дорад ва дар он маҷмўи донишҳои бунёдӣ тадриҷан ба шохаҳои нисбатан хурдтар тақсим мешаванд. Таснифоти комили зиёди табақавие вуҷуд доранд, ки тамоми соҳаҳои дониши инсониро дар бар мегиранд.
Дар таҷрибаи имрўзаи фаъолияти китобхонаҳои ҷаҳон бештар ҷадвали Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) истифода мешавад. Мувофиқи иттилооти дар дастбуда илми китобдорӣ (ё феҳристнависӣ) аз қарнҳои ХV-и мелодӣ рў ба инкишоф ниҳодааст, вале заминаи бунёди он аз чандин қарни пеш аз мелод манша мегирад. Ба ақидаи Ҷеймс Томпсон, ҳазораи II-и пеш аз мелод дар хазинаҳои китобии қадим кўшиши тақсимнамоию ҷобаҷогузории мавод аз рўи соҳаҳо, ки барои истифода қулай буд ва он таснифоти нахустини илмии соҳавӣ (аз рўйи соҳаҳои дар он замон мавҷуда) маҳсуб меёфт, амалӣ карда мешуд.
Ҳамин тавр, китобдори номаълуми шумерие, ки бори нахуст қуттиҳо ва сабадҳои китобхонаи хешро бо лавҳаҳои махсус – нишондиҳандаҳо таъмин намуда буд, иттилооти библиографиро дар шакли феҳристи (каталоги) китобхонавӣ кашф месозад. Аз ишораҳои зикршуда чунин бармеояд, ки раванди китобу китобдорӣ ва феҳристнигорӣ ҳанўз аз замонҳои қадим бо тағйиру иловаҳо дар миёни мардуми форситабор вуҷуд дошта ва то замони мо расидааст. Китобдорӣ ҳамчун илм аз қарни ХV шурўъ шуда, то ба имрўз ривоҷ дорад. Ин раванд боис шудааст, ки дар Аврупо як қатор муҳаққиқоне, чун M. Л. Дюи аз Коллеҷи Эмҳерст, Ҷ. Н. Бекер аз Донишгоҳи Колумбия, Ҷ. C. Дана аз Донишгоҳи Ню-Йорк ва В. Флитче ба майдон омада, дар танзими раддабандӣ дар феҳристҳо равишҳои хосро бунёд гузоштанд. Таснифоти даҳгонаи универсалӣ, ки тибқи ҷадвали Mилвел Луис Дюи таҳия шудааст, ба талаботи илмӣ ва мантиқӣ ҷавобгў буда, дар тамоми китобхонаҳои ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад ва барои ҷобаҷогузории китобҳо аз рўи соҳа ва дар як муддати кутоҳ дарёфти онҳо хеле осон мебошад.
Дастури таълимӣ дар заминаи таснифоти Милвел Луис Дюи таҳия шуда, «Омўзиши таснифоти даҳгонаи универсалӣ» унвон гирифтааст. Дастур аз ҷониби кормандони шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Зиёев Маҳмадвалӣ ва Камолова Раъно (собиқ корманди шуъбаи коркарди адабиёт) ва иҷозати Шурои илмӣ-методии МДТ «ДДФСТ ба номи М. Турсунзода», №7 аз 24.06.2022 ба чоп тавсия шудааст.
Дастури «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» ба донишҷуён омўзонидани таърихи таҳияи таснифот, сохтор, таркиб, муайянкунандаҳо, аломатҳо, ҷадвалҳо ва шуъбаҳои ҷадвали таснифот, ки заминаи назариявӣ ва амалиро ташкил медиҳанд, ҳадаф қарор додааст. Бо дар назардошти ҳамин талабот дар дастури мазкур маводи зарурӣ барои донишҷўёну омўзгорони факултети китобдорӣ, библиографон, китобдорони китобхонаҳо, муассисаҳои табъу нашр ва мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад.
Валиев Ҷамил – корманди шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.