МИЗИ ГИРДИ ШУЪБАИ АДАБИЁТИ ХОРИҶӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ

Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров вақте аз шаҳри Маскав ба Тоҷикистон сафар мекараднд, қабл аз ба хонаашон рафтан аввал аз китобхона дидан менамуданд, аз навгониҳои кори китобдорӣ, китобҳои нав воридшуда, аз фаъолияти шӯъбаи дастхатҳо бохабар мешуданд.

Ин суханонро номзади илмҳои таърих Майрам Маҳмадазимова зимни баргузории мизи гирди шӯъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 15- умин солгарди “Рӯзи китоб” иброз намуд

Нишастро муовини аввали Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Тоҷикистон Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуда, дар бораи  таъриху фаъолияти  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маълумот дод.

  Майрам Маҳмадазимова аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ситоиш намуда, иброз намуд, ки ин боргоҳи маърифат дар тарбияи маънавии ҷомеа, омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, пеш бурдани таҳқиқотҳои илмӣ, дар забономӯзии наврасону ҷавонон, ватандӯстиву ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.  Гирдоварии дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир аз солҳои бистуми асри бист дар Китобхонаи миллӣ ба роҳ монда шуда буд. Китобхонаи миллӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ фаъолияти хуб дошт, дар он давра бо истифода аз дастхатҳои нодир ва хидматрасонии хеш дар ғалаба бар душман саҳми босазо гузоштааст.

Солҳои 1941-43 дар коркарди 23 намуд доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон аз ҷониби филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ якҷо бо лабаротория ва клиникаҳои академияи ҳарбӣ- тиббии ба номи Киров аз шӯъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ истифода бурдаанд.

Ба андешаи Майрам Маҳмадазимова устод Бобоҷон Ғафуров дар навиштани китоби бузурги “Тоҷикон” аз адабиёти китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёд истифода бурда аст.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар Муовинони Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, Ҷалолуддин Нурзода, сардори шӯъбаи адабиёти хориҷӣ Маҳмадназар Ғафуров, сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Фарзона Мирзоева ва дигарон ҳузуру суханронӣ намуданд.

 Ҷалолуддин Нурзода аз нақши китобу китобхона суҳабт намуда, аз ширкаткунандагон даъват ба амал овард, ки китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- ро ҳамроҳи хонавода ҳар шом чанд саҳифа бихонанду онро тарғибу ташвиқ намоянд. “Таърихамонро донем, ояндаамонро созем”,- гуфт ӯ дар идомаи суханронияш. Нурзода ҳамчунин аз аз суханони бузургон иқтибос овард, ки касе таърихи ҳазорсоларо надонад, барои имрӯз чизе гуфта наметавонад.

  Маҳмадназар Ғафуров аз қадру манзалати китоб ҳарф зад. Миллати тоҷикро бе китобу китобхона тасаввур кардан нашояд. Зеро аз қадим сарвати асосии мо китоб буду то имрӯз ҳаст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ин шароити сангини иқтисодиву сиёсӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро пеш гирфт, ки бунёди китобхонаи азимро дар Осиёи Марказӣ ба роҳ андохт, ки дар тамоми Осиёи Марказӣ назир надорад

  Фарзона Мирзоева низ зимни суханронияш дар мизи мудаввар дар бораи фаъолият ва дастовардҳои ин  шуъба таи 10 сол иттилоъ дода, афзуд, ки фаъолияти шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии кори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои дар сатҳи байналмиллалӣ баланд бардоштани мақом, нуфуз ва мустаҳкам кардани ҳамкории фаъолияти китобдории муосири чаҳонӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон равона шудааст.

Раҳима Бобоева, шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.