Ду шеър аз Ҳамидаи Хуросонӣ
ТОҶИКИСТ
Тоҷикистон. Тоҷикистон сарзамини бостонӣ
Кишвари овозадорам зеби шеъру достонӣ
Кўҳҳои сарбаландат пур зи сарватҳои аълост
Пахтазори дилписандат сарвати бемислу волост
Қуллаҳои кўҳсорат барҳавою пойбарҷост
Обҳои чашмасорат дилкашу софу гуворост
Даштҳои беканорат маскани сайру тамошост
Мардуми овозадорат дар ҳама ҷо дастболост
Боғҳои беназират дилрабо ҳасту дилорост
Меваҳои дилпазират дилкаш асту роҳатафзост
Ҳамчу як фарзанди тоҷик номбардори ту ҳастам
Гар тавонам номи ту то Зуҳра бардорам ба дастам.
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
Ҷашни Истиқлол дорад кишвари озоди ман,
Баъди 30 сол боз аз нав ў дигаргун мешавад.
Нур меборад зи рўи давлати ободи ман,
Нораку Бойғозии ў мисли Роғун мешавад.
Шаҳд мерезад зи боғу меваю анвои ў,
Чеҳраи пиру ҷавонаш боз гулгун мешавад.
Кони маъданҳои тоҷик иқтидори кишвар аст
Баъди 30 сол шўҳрати ў боз афзун мешавад
Иқтисоди Тоҷикистон рушт меёбад зи нав
Эътибори тоҷикон даҳчанд афзун мешавад.
Аз китоби “Ҷашни Истиқлол”, Бохтар, 2022.
Таҳияи Фирўза Раҳимова.