Нақши китобу китобхона дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир
Аз қадимулайём гузашагонамон чор чизро муқаддас мешумориданд: об, оташ, хок ва бод. Ин муқаддасот чун муъҷизаи бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт бароямон азиз аст. Аммо дар қатори онҳо муъҷизаи дигаре низ ҳаст ва ба онҳо монандӣ надорад. Ин муъҷизаи бебаҳо, ганҷинаи сухан ва хазинаи илму донишу маърифат – китоб аст. Китоб муъҷизаест, ки шабеҳи офтоби зарфишон бо нурҳояш ба олами дилҳо нуру зиё мебахшад. Китоб бо саҳифаву ҳарфу сатрҳояш дар назар чанд варақ коғазӣ одӣ намояд ҳам вале ин варақ таровати баёну андешаҳост.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик пеш аз ҳама ҳамчун фарҳангсолор, тамаддунсоз ва инсони китобдўст шинохта шудаанд. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлол боиси рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлол, балки дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад ва аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар суханронӣ худ Пешвои миллат ба муносибати ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Ҳалқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст. Китоб дар назди мардуми мо чунин қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ў ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анънаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад».
Ин сухан далолат аз он мекунад, ки Сарвари давлат ба соҳаи китобдорӣ ва китобхонӣ, ки яке аз анъанаҳои таърихии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса доранд ва бунёди китобхонаҳо дар манотиқи кишвар махсусан дар деҳу русто бозгӯяндаи ҳол аст.
Аз инҷониб китобу китобхона муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи аҳлоқу фарҳанги ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии мардум, махсусан наврасону ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои аҳлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад. Имрўз нақш ва мақоми китобу китобхона дар байни ҷавонон рўз аз рўз афзоиш меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари пурарзиши худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар мавриди мартаба ва манзалати фарҳангу арзишҳои фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба он чунин таъкид намудаанд. «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оину арзишҳои фарҳангиро қадр мекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда метавонад». Ин амри воқеист ва ворисони имрўзу ояндаи миллатро ҳушдор медиҳад, ки дар рушду нумўи фарҳангу миллат сидқан андеша намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба ташаккули соҳаи фарҳанг диққати ҳамешагӣ медиҳад. Таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ заминаи воқеӣ дошта, аз сиёсати дурандешонаву фарҳангпарварона башорат медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳо қабул гардид, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва таъминкунандаи масоили иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштаанд. Имрўз китобхонаҳо ба ҳайси марказҳои фарҳангӣ дар гирдоварӣ, ҳифозат ва тарғиби маҷмўи аснод нақши муҳим доранд. Роҳандозӣ намудани маводи иттилооткунонӣ, тарғиби адабиёти соҳаҳои гуногуни илму дониш дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифатнокии ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо ба шумор меравад. Дар ин ҷода бунёди манбаи электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, китобҳои электронӣ, таҳияи феҳристи электронии ҳамаи намудҳои табъу нашр қадами муҳим дар тарғиби адабиёти соҳаҳои мухталиф мебошанд. Истифодаи васеъи чунин иқдом майлу рағбати гурўҳи хонандагонро ба адабиёт зиёд ва имконоту фаъолияти китобхонаҳоро тавсеа мебахшад.
Замони муосир ва китобхонаҳои имрўзро бе технологияҳои иттилоотӣ тасаввур кардан ногузир аст. Бинобар ин таъсис додани китобхонаҳои электронӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ лозим ва зарур аст. Зеро, ки хонандагон бояд дорои иттилооти пешрафта бошанд ва аз дастовардҳои технологияи навин баҳравар гарданд. Ҷаҳонӣ шудани васоити нави иттилоотӣ- коммуникатсионӣ, самту фаъолияти китобхонаҳои кишварро ба низоми ҷаҳонии иттилоотӣ ҳамоҳанг месозад. Дар шароити ҷаҳоншавии фазои иттилоотӣ нақш ва мақоми сомонаҳои интернетӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ беандоза муҳим мебошанд. Истифодабарӣ бамавриди сомонаҳои интернетӣ метавонад дар такмили фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва таъмини онҳо бо адабиёти дилҳоҳ мусоидат намояд.
Имрўз пушида нест, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи насли наврасу ҷавон, балки дар тарбияи хушаҳлоқӣ ва пешгири онҳо аз ҳаргуна гароишу ҳаракатҳо, рафторҳои ношоиста саҳми сазовор дорад. Бо назардошти ин кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсати бунёдкоронаву сулҳҷўёна ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни хонандагон чорабиниҳои гуногуни шавқовар гузаронида, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллии хонандагон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз мавқеи устувори китобхонаҳо ҳамчун маркази илму маърифат мебошад, ки ҳазорон хонандагон роҳи дурустро дар зиндагӣ касб намуда, соҳиби касбу кор гардидаанд.
Имрўз кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз он ифтихор доранд, ки хонандагони дирўзаашон имрўз сиёсатмадор, табибу дорусоз, омўзгору олим ва мутахассисони соҳаи гуногун мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки кормандони китобхонаҳо аввалин шуда мисли занбўри асал, ангубин мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурўҳи васеи хонандагон мегардонанд.
Шералиева Рисолат мутахасиси пешбари
шуъбаи хизматрасони ба маюбон.