Сурайё Ҳабибова: Аз китобхонаи мактаб то Китобхонаи миллӣ
Сурайё Ҳабибова китобдорест, ки ба синни нафақа расид. Ў хушҳол аст, ки тўли солиёни зиёд, ки китобдор буд, шогирдонеро омода намуд, ки идомадиҳандаи касбаш ҳастанд. Аз ҷумла аз шогирдаш, Идигул, ки солҳо ҳамроҳ кор кардаанд, ном бурд.
– Идигул шогирди ман аст. Ў яке аз китобдорҳои беҳтарин аст, инро сабт кунед. Аз замони донишҷўӣ ҳамроҳам кор мекард, таҷриба дорад. Ҳоло сардори шуъба аст ва бо роҳбарии ў шуъбаааш хеле обод шуд.
Пеш аз ба ин шуъба гузаштанам дар шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо кор мекардам, он ҷо низ шогирд дорам. Дар ҳар шуъбае кор кардам, шогирд омода намудам.
Сурайё Ҳабибова соли 1986 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода ба фаъолияти китобдорӣ пардохт. Аввал дар мактаб китобдор кор кард. Сипас, дар хонаи пионерон фаъолияташро идома дод. Дар палатаи китоб корро аз мутахассисӣ оғоз намуд. Пас аз як сол сардори шуъбаи омор шуд. Масъулиятшиносияшро нисбат ба кор дида, ўро ба вазорати иқтисод ба кор даъват намуданд.
Дар корхонаи хусусӣ низ кор кард, сардори шуъбаи кадрҳо буд, яъне то ба китобхонаи ба номи Фирдавсӣ ба кор омаданаш хеле таҷрибаи кор дар самти фаъолияти китобдорӣ омўхта буд. Ин буд, ки дар китобхона то сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён расид.
Вақте Сурайё Ҳабибова сарвари ин шуъба таъин шуд, корро аз феҳристнигорӣ оғоз намуд. Мегӯяд феҳрист ва бақайдгирӣ аз аввал дар шуъбаи мо набуд. Дар ҳоле, ки ин кор бояд дар ҳар шуъба бошад. Китобҳоро аз рўи соҳа ҷо ба ҷо кардам. Дар ин самт норасоиҳо ҷой дошт, ки хеле заҳмат мехост. Барои ташкил намудани феҳрист хеле мушкилӣ кашидам. Аз шуъбаи коркард мутахассиси ин соҳа Барноро оварда корро нишон додем. Ман ҳам мутахассисам, аммо дар ин соҳа кам кор кардам. Ў феҳристу фонди шуъбаро беҳбуд бахшид.
Ҳатто жалюзиҳои шуъба чиркину фарсуда шуда буд, чун 10 сол онҳоро иваз накарда буданд. Онро ба кормандам додам, ки шуста биёрад. Хулоса шъбаро бисёр обод кардем.
Аз ҳамсўҳбатам пурсидам китобдор кист ва чаро ў китобдор шуд?
Замони мактабхонӣ хеле зиёд ба китобхона мерафтем, китоб мехондем ва дӯст доштам, ки китобдор шавам.
Ў мегўяд китобдор бояд китоби зиёд бихонад. Худаш ҳам китобхон аст, китобҳои бадеӣ зиёд хондааст, китобҳои Дейл Карнегӣ ва Саидмурод Давлатов аз китобҳои охири мутолиакардааш аст.
ПЕШНИҲОДҲО
Чун мутахассиси собиқадор пешниҳод кард, ки бештар касони таҳсилкарда дар соҳаи китобдорӣ ба кор ҷалб шаванд. Мегӯяд дар ин соҳа таҳсилкардагон метавонанд китобдори хуб шаванд, бахшҳои муҳимро такмил диҳанд, камбудиҳоро ислоҳ намоянд. Қабл аз тамом кардани имтиҳонҳо аз тарафи китобхона комисия таъсис шавад, ки рафта аз донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони хубро интихоб намуда, ба кор бигиранд.
ДАР БОРАИ ГУЗАРИШ (РОТАТСИЯ)
Мегӯяд муҳлати гузариш аз шуъба ба шуъбаи дигар тӯлонитар бошд. Корманд бояд камаш се сол дар он шуъба кор кунад, кори шуъбаро омўзад, он вақт мумкин аст ўро ба дигар шуъба гузаронидан. Набояд тез-тез аз шуъбае ба шуъбаи дигар гузаронида шаванд.
ШУМОРИ ХОНАНДАҲО ЗИЁД ШУДААСТ
Сурайё Ҳабибова мегӯяд соли 2012 китобхона кушода шуд, 50-60 нафар хонанда дошт. Ҳоло ҳафтае 2500-3000 хонанда ба китобхона ташриф меоранд. Рўзе 300- 400 хонанда танҳо ба шуъбаи мо меоянд. Бештар донишҷўёни Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи миллӣ китобхонӣ меоянд. Суханшиносон, журналистон ва қтисодчиён ҳам бисёр китобхонӣ меоянд. Журналистон низ.
АЗ ЛИБОСИ РАСМӢ ГУФТ
Аз ҷорӣ шудани либоси ягонаи расмӣ хушҳолам. Фарқияти корманду фаррош ҳис шуд. Қаблан кормандон бо либосҳои кўчагӣ меомаданд, Тарафдори онам, ки либоси расмӣ барои кормандон боқӣ монад.
ГУФТ БЕШТАР КИТОБҲОИ ЧОПӢ ХОНЕД, НА КИ ЭЛЕКТРОНӢ
Ҳоло ки технология пеш рафтааст, на ҳар кас ба китобхона меояд. Бештар талош мекунанд китоби электронӣ хонанд. Вале лаззати китоби чопӣ дигар аст. Вақте китоб дар дасти туст ва мехонӣ, гумон мекунӣ ҳамроҳ бо қаҳрамононаш ҳузур дорӣ. Аммо гумон накунам вақти хондани китоби электронӣ ин гуна эҳсос одамро фаро гирад. Аз сӯи дигар, вақте инсон ба Китобхона ба нияти мутолиа меояд, дар як олами дигар худро мебинад. Ва ин ҷо ҳама мехонанд ва ин завқи хонданро бештар мекунад.
НОЗУКИҲОИ КИТОБДОРӢ
Соҳаи китобдорӣ нозукиҳои зиёд дорад. Масалан барои феҳристро омода намудан агар як нуқтаву вергулро нодуруст монем, иштибоҳ мешавад. Мисол, дар феҳрист агар аввал номи муаллиф баъд насабашро нависаем, хато мешавад. Аввал насаб, ном, номи падар бояд гузошта шавад.
Аз соли 2012 дар ин китобхона кор мекунам, донишҷуёне китобхонӣ меомаданд, ки ҳоло дар вазорати маориф, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи забонҳо кор мекунанд. Ҳамеша бо онҳо дар робитаем, меоянд, хабар мегиранд.
Сурайё Ҳабибова роҳбари ҳалиму меҳрубон ва кордону дилсўз аст. Ҳамеша дастгири кормандонаш аст. Ва хонандагон низ дӯсташ медоранд, эҳтиромаш мекунанд.
Суҳбати мо бо Сурайё Ҳабибова чанде пеш аз нафақа рафтанаш доир шуда буд. Маълум мешуд, ки дилбастаи касбу кораш аст ва аз он ки солҳо заҳмат кашид, пушаймон нест. Гуфт, дар ин солҳо корҳое анҷом додам, ки худам аз он розиям. Нафъам ба мардумам расид ва аз ин шодам.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.