Умри дарози нашрияҳои даврӣ
Матбуоти даврӣ инъикоскунандаи тағйироту таҳаввулоти ҳаррӯзаи зиндагии башарият буда, нақши ВАО ба хусус рӯзномаву маҷаллаҳо дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва иттилоотнокии ҷомеа ниҳоят бузург мебошад. Маҳз матбуоти даврӣ аст, ки дар сафаҳоти худ таърих, фарҳанг, урфу одат, шароити зиндагӣ ва бурду бохти як миллатро сабт намуда онро ба наслҳои баъдӣ интиқол медиҳад. Аз ин хотир, ҳифзу нигоҳдорӣ ва ба ояндагон бо сатҳу сифати хуб ба мерос гузоштани онҳо вазифа ва масъулияти имрӯзиён мебошад.
Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон масъулият ва рисолати гуфтаҳои болоро дораду ба хотири иҷрои ҳадафу мақсадҳояш тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Ташкил ва ҳифзу нигоҳдории фонди матбуоти даврӣ, таъмини талаботи иттилоотии муштариён тавассути матбуоти даврӣ ва омӯзишу такмили фонди матбуоти даврӣ вазифаҳои асосии шуъбаи мазкур мебошад, ки кормандони он пайи иҷрои рисолати худ дар саъю кӯшишанд.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи хонандагон ба мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо зиёд гардида иддае барои анҷоми пажӯҳиш ва таҳқиқоти илмии худ аз ин хазинаи маърифат истифода менамоянд. Аммо дар ин баробар мушкили асосии шуъбаи матбуоти даврӣ куҳнашавӣ ва корношоям гардидани рӯзномаву маҷаллаҳо дар натиҷаи истифодаи зиёд аз ҷониби хонандагон мебошад. Ин амр боиси корношоям гардидан ва аз байн рафтани рӯзномаву маҷаллаҳо мегардад, ки дар самти дастрасии хонандагон бо мавод мушкили асосӣ мебошад. Яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи мазкур бастабандӣ ва муқовабандии рӯзномаву маҷаллаҳо ва ба ин роҳ ҳифз ва дароз намудани муҳлати истифодаи онҳо мебошад.
Боиси қайд аст, ки рӯзномаву маҷаллаҳои шуъбаи матбуоти даврӣ тайи чанд соли охир мутассифона, муқовабандӣ нагардиданд, ки боиси аз додани чанде аз рӯзномаву маҷаллаҳои дорои арзиши бузурги илмӣ-таърихӣ гардидааст.
Дар ин росто бо камоли хушнудӣ аз дастгириву ҳимояти бевоситаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон муҳтарам Файзализода Ҷумахон Хол мебояд ёдовар шуд, ки давоми ду соли охир пешниҳод дар бораи муқовабандии рӯзномаву маҷаллаҳо дастгирӣ ёфт ва то ба имрӯз ба миқдори 410 баста рӯзномаву маҷаллаҳои “Тоҷикистони советӣ” – солҳои 1990-92, “Ҷумҳурият” – солҳои 1991 то 2019, “Овози тоҷик”, “Народная газета”, “Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои мардум”, “Паёми Душанбе”, “Минбари халқ” ва ғайраҳо муқовабандӣ шуданд. Албатта, кор дар ин самт идома дорад ва минбаъд низ рӯзномаву маҷаллаҳо давра ба давра муқовабандӣ хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар ташаббус ва ҳар амали хайр ҷиҳати нигаҳдошти босифати китобу рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби роҳбарияти Китобхона фаврӣ дастгирӣ мешавад ва ин имкон медиҳад умри ин нашрияҳо даҳсолаҳо дароз шавад ва истифода аз онҳо осон гардад.
Шафқат Аминов, Сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.