Китоби нав. Донишманди мутафаккир ва ботиннигар
Тавре аз муаррифии китоб бармеояд, ин маҷмўа ба ифтихори 85 –солагии донишманди маъруф, профессор Субҳон Амирзода мураттаб гардида будааст, аммо чопи он то имрўз таърих афтод. Дар маҷмўа илова бар меҳрномаву мақолаҳои ҳамкорону шогирдон инчунин баъзе аз намунаҳои тадқиқоти устод Амирзода, ки хеле муфиданд ва ҳам аз чопи онҳо замони бештаре сипарӣ шудаву танҳо як бор чоп шудаанд, гулчин шудаанд.
Дар ҳар замон чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва фарҳангу ҳунар зуҳур мекунанд, ки масъулияти пурифтихори ворисият ба мероси ғании ниёгонро шарафмандона бар дўш мегиранд ва чун зиндадори таърих пайваста саҳифаҳои заррини онро барои ҳамзамонони хеш варақгардон менамоянд. Моҳияти падидаҳои таърихиву адабии тамаддуни халқи худро барои ҳаммилатон нуқтасанҷона бозгў менамоянд ва дар идома пайдо кардани суннатҳои адабӣ ва илмии ниёгон саҳм мегузоранд.
Дар сарсухани худ донишманди тоҷик Анзурат Маликзода навиштааст: Дар илми адабиётшиносии тоҷик чеҳраҳои мондагор ва соҳибмактабе чун академик Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, профессорон Холиқ Мирзозода ва Шарифҷон Ҳусейнзода дар як давраи дурахшони илму адаб зиста, илми суханшиносии тоҷикро сазовор намояндагӣ кардаву барои инкишофи минбаъдаи он замина гузоштанд. Ҳамнаслони нисбатан ҷавони он устодони саодатёр Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҷаб Амонов, Хуршеда Отахонова ва андаке баъдтар Аълохон Афсаҳзод, Худоӣ Шариф, Раҳими Мусулмониён, Садрӣ Саъдиев, Субҳон Амирзода ва Абдунабӣ Сатторзода чун муҳаққиқони фидоӣ ва ворисони арзандаи насли аввали адабиётшиносони маҳбуб хастагинопазирона заҳмати илму таҳқиқ мекашанд.
Профессор Субҳон Амирзода вориси ҳақиқӣ ва шогирди содиқи он устодони бузурги суханшинос буда, дар таҳқиқу баррасии паҳлўҳои хеле муҳим ва мубоҳисавии адабиёти ғании халқамон як силсила тадқиқоти судманд ва мондагор анҷом додаанд.
Ҳарчанд бо ном ва навиштаҳои профессор Субҳон Амирзода аз замони донишҷўи ошно будам, аммо шахсан бо эшон замони дар рўзномаи “Адабиёт ва санъат” коркарданам шинос шудам. Гоҳ – гоҳе ба идораи рўзнома меомаданд. Аз тамкину виқор, одоби муошират ва ҳалимиву хушодобияшон эҳсос намудам, ки донишманди амиқандешу ботиннигаранд ва бар илму дониши ростин эҳтиром мегузоранд. Ба маънии дигар профессор Субҳон Амирзодаро инсоне шинохтам, ки ба андўхтаҳо ва донистаҳои хеш огоҳона амал менамоянд, бинобар ин навиштаҳои илмияшон пурбору андешапарварона ва таъсиргузору такондиҳандаанд.
Зарра- зарра аз шахсияти комили инсонӣ ва ҳамийяти одамии ин муҳаққиқ дар моварои навиштаҳояшон бозтоб гардидааст.
Дигар аз вижагиҳои барҷастаи мактаби илмӣ – пажўҳишии устод Амирзода он аст, ки аз ҳар мавзўи мавриди таҳқиқ асолатҳои решаи фарҳангу тамаддуни миллӣ, унсурҳои худии бумиро дар қиёсу мувозинат бо фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ баррасӣ ва натиҷагирӣ менамоянд. Бинобар сабаби ин вежагии барҷаста тадқиқоти эшон дар боло бурдани ҳисси ифтихор, худшиносӣ ва худогоҳии таърихиву адабии хонанда ёрмандӣ менамоянд. Тамоми тадқиқоти устод Амирзода дорои чунин хусусият аст, аммо барҷастатарини онҳо “Фирдавсӣ ва мактаби адабии Аҳмади Дониш” ва “Рўдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ”мебошад, ки дар шинохти ду қуллаи осмонбўси шеъру адаби тоҷикии форсӣ сухани нав ва саршор аз ҳисси ифтихори миллист!
Ин гуна тадқиқотҳои арзишманди мавсуф хусусан ба хонандагони имрўз сабақи омўзандаи худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ медиҳад.
Силсилатадқиқоти густарда ва пурарзиши дар бораи аллома Аҳмади Дониш анҷомдодаашон низ мутафаккиронаву мўшикофона ва бо ҳисси наҷиби ифтихор аз саҳифаҳои рангини сарнавишти фарзандони соҳибнубуғи халқи тоҷик таълиф шудааст, ки дорои нуқтаҳои наву тоза мебошад.
Устод Субҳон Амирзода дар шогирдпарварӣ низ шахсияти баркамолу некбин ва ҳидоятгар ҳастанд. Тайи чанд соле, ки саодати ҳамкориро бо эшон дарёфтаам, пайваста аз машваратҳои илмӣ ва роҳнамоиҳои беминнати оқилонаашон бархурдор шудаанд, ки аз устод сипосгузор ҳастам.
Устод Амирзода бо шавқу ҳавас пайваста ба тадқиқи афкору андешаи Аҳмади Дониш машғуланд ва гуфтан мумкин аст, ки имрўз ягона Донишшиноси моҳиятбин ва нуктапарвар ба шумор меоянд. Орзуманди онем, ки Худованд тану ҷони устодро бедарду ранҷ нигаҳ дорад, то ин ки тадқиқоташонро доир ба ин шахсияти барҷастаи асри XIX Мовароуннаҳр ба анҷом расонанд.
Маҷмўаи ҳозир ба ифтихори 85 – солагии ин донишманди маҳбуб мураттаб гардида буд, аммо чопи он то имрўз ба таърих афтод. Дар маҷмўа илова бар меҳрномаву мақолаҳои ҳамкорону шогирдон инчунин баъзе аз намунаҳои тадқиқоти устод Амирзодаро, ки хеле муфиданд ва ҳам аз чопи онҳо замони бештаре сипарӣ шудаву танҳо як бор чоп шудаанд, гулчин намудем, ки умедворем писанди хонанда мегардад.
Барои дар ин шакл мураттаб гардидани маҷмўа фарзанди арҷманду баркамоли устод – Дилафрўз Амирзода ёрмандии судманду бедареғ намуданд, ки аз эшон сидқан сипосгузорӣ менамоем.
Анзурат, 23.06.2022
Китоби “Донишманди мутафаккир ва ботиннигар”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Мавзуна Назарова