Рўнамоии лоиҳаи ширкати “IDlogic”: “Автоматикунонии китобхонаҳо”
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўнамоии лоиҳаи ширкати “IDlogic” “Автоматикунонии китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ” баргузор гардид, ки ҳадафи он автоматикунонии китобхонаҳо ва муассисаҳо мебошад. Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуда, роҳбари ширкати “IDlogic” Сергей Никулин ва ҳамкоронашро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон ў ба намояндагони ширкати мазкур дар бораи Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттило дода, онҳоро бо вазъият ва рафти корҳои китобхона, ҳамчунин нақшаву пешрафтҳои он ошно намуд.
Роҳбари ширкати “IDlogic” Сергей Никулин лоиҳаашро муаррифӣ намуда, аз ҳадафу вазифаҳои он сухан гуфт ва иброз дошт, ки мақсади асосии онҳо ба замон мувофиқ кардан ва амалӣ намудани технологияи навини иттилоотӣ дар китобхонаҳо мебошад.
Ў изҳор дошт, ки ширкати онҳо 18 сол фаъолият дорад ва тўли ин муддат онҳо тавонистанд бештар аз 5000 китобхонаҳоро бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз гардонанд. Лоиҳаи мазкур китобхонаҳои Федератсияи Русия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигарро муҷаҳҳаз кардааст.
Ў гуфт корашон барои беҳуда нагузаштани вақти мардум ва осон шудани фаъолияташон пешбинӣ шудааст. Ў аз ҷумла мисол овард, ки баъзеҳо аз корти хонанадагӣ хушашон намеояд, барои ҳалли ин масъала мо роҳеро пайдо кардем, яъне хонанда ба ҷои корти хонандагӣ аз сурати чеҳра истифода мебарад, ки “face id” ном дорад. Яъне хонандаи китобхона бе корти хонандагӣ ба китобхона рафта, китоб мехонад.
Сергей Никулин аз корҳои дигарашон бо номи “ҷевони ҳушманд” суҳбат намуд, ки барои хонандагони китобхона заруриву бамаврид аст. Ин “ҷевони ҳушманд” ба манзури ҷойлибосӣ (гардероб) хидмат мекунад.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.