Китоби нав. УБАЙДУЛЛО РАҶАБ
Соҳиби ин номи ошно дуюмин сол аст, ки бо мо нест. Убайдулло Раҷаб, ҳанарманди нотакрор ва яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангии тоҷик тарки олам кард, вале аз худ осоре ба ҷо гузошт, ки то миллат зинда аст, поянда мемонад.
Ахиран бо талоши ҳаводорону мухлисон ва дӯстонаш китоби азиме дар ҳаҷми 774 саҳифа бо номи “Убайдулло Раҷаб” бо ороиши басо ҷолиб мураттаб ва дастраси хонанда шуд. Дар кори гирдовариву таҳияи он журналист ва адиби соҳибқалам Абдуқодири Раҳим ва журналист ва санъатшиноси варзида Муҳаммадуллоҳи Табарӣ саҳм гирифтаанд.
Дар китоб шояд кулли навиштаҳо дар бораи ҳунарманди нотакрор, хотираҳо, шеърҳо, мусоҳибаҳо ва расмҳои ҷолиб гирдоварӣ шудаанд, ки бидуни шак як кори мондагорест, ки мураттибон баҳри абадӣ гардондани хотираи Маэстро анҷом додаанд.
Аз миён навиштаи устоди сухан, марҳум Муъмин Қаноатро меорем, ки гумон мекунем арзёбии шоиста аз ҷониби як нобиға ба ҳунари нобиғаи дигар аст.
БАХТИ БУЗУРГ
Убайдуллои Раҷаб дар яке аз жанрҳои қобили қабул ва писандидаи ҷомеа баромад мекунад. Дар ҳама ҷаҳон, бахусус кишварҳои соҳибистиқлоли собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ин намуди санъати саҳнавӣ ҳам тамошобин, ҳам шунавандаи зиёд дорад. Ин ба чанд ваҷҳ аст. Ҳар ҳунарманд тарзи ифода ба баёни худро дорад. Ҳунармандон, ҳаҷвнигорон ва нависандагони Русияро барои мисол бигирем агар, Михаил Задорнов худаш нависанда аст. Ӯ барномаҳоеро таҳия мекунад, омода мекунад, ки танҳо ба маънии сухан, ба маънии таҳтонӣ ва ошкоро мардумро такон медиҳад ва ин ба мардум хуш меояд. Инчунин, ба мавзуъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ рӯ меорад ва бо тариқи танз, шӯхӣ суҳбатҳои ҷиддӣ ҳам мекунанд.Танқидаш барои ислоҳи кор, ислоҳи ҷомеа аст. Ва ин муфид ҳам ҳаст. Онро ҷиддӣ гӯш мекунанд. Ҳазл бояд ҷиддӣ бошад, шӯхӣ ҳам.
Тавре гуфтем, ин намуди санъат тамошобини зиёд дорад ва дар ҷомеа таъсир ва нақши хуб гузошта метавонад. Ин жанр, жанри фарогир аст, ҳама чизро фаро мегирад. Дар як гузориш хунарманд метавонад ҳам масъалаи иҷтимоиро бардорад, ҳам масъалаи иқтисодиро, ҳам одамро танқид кунад, ки тарзи гуфтораш нодуруст, муомилааш дурушт ва аз одобу ахлоқ берун аст. Чанд ҳадаф, чанд нишонро метавонад, ки ба як тир бизанад.
Аз аввал ин гуна ҳаҷвнигорон буданд, ки як навъ шакли мутоиба ё шӯхӣ, мутоибаи охири асри ХХ ва аввали асри ХХI бояд, ки ҷиддӣ бошад ва мантиқӣ. Дар ҳикоя, саҳнача маънияш аз ҳама муҳимтар аст. Баъд аз он тарзи ифодааш. Яъне, ки дар ин шакл имрӯз чақ – чақ карда намешавад. Кӯтоҳ гуфтан ва зебо гуфтан даркор аст.
Ва аз ҳама ҳунармандони тоҷик, ки дар ин жанрҳо кор кардаанд, то имрӯз Убайдуллои Раҷаб бартарӣ дорад. Имтиёзаш дар чӣ аст? Аввал ин ки вақти ифода кардани фикр қиёфа ва чеҳрааш вобастаи маънӣ зуд тағйир меёбад, яъне бо он созгор мешавад. Чеҳраи қаҳрамонро мегирад, як навъ хунсардона ҳам фикрашонро мегӯяд. Чадон бо ҳаяҷон , рӯирост, ошкоро намегӯяд. Он маншаи ханда ҳам ду навъ аст. Ҳар касе, ки аҳли фаҳм бошад, онро дармеёбад, ки ӯ розӣ аст, ё ки акси ҳамин гапро гуфтанӣ аст.
Ин жанр назокати бисёр дорад. Дар ин жанр он чизе, ки мегӯянд, бояд арзиш, ҷавҳар маънӣ дошта ва судманд бошад, барои ислоҳи камбудиҳои шахсӣ, фардӣ ва иҷтимоъ.
Дуюм, тарзи баён ва ифодааш мувофиқи қонуни эҷод бояд бошад. Дар ин жанр дар як сония бояд дар намудҳои дигар омад. Дар ҳамин як сония бояд фурсат биёбӣ, тавонӣ дар намуди дигар биёию фикрро ифода бикунӣ.
Убайдуллои Раҷаб ҳамин ҳунарро хуб дорад.Ҷасорати эҷодкорона ва халлоқона дорад. Баъд, он чизеро, ки мегӯяд, нисбат ба ҳама навтар, замонавӣ аст. Тарзи ифодааш кӯтоҳ, саҳеҳ ва равшан мебошад ва ширину зебо. Намояндагоне, ки дар ин жанр кор мекунанд, аз тарзи гӯиш, лаҳҷа истифода мебаранд. Ҳамин тарзи гӯиш, лаҳҷа мардумро ба ханда меорад ва мардумро ҷалб мекунад. Агар қаҳрамон гӯишаш лаҳҷавӣ бошад, ин мумкин аст.Чанд қаҳрамон бошад, ба ду ё зиёда аз он лаҳҷа бояд гап занад. Як кас авомона суҳбат мекунад, дигаре бо забони адабӣ ва он дигар бо забони тақлидӣ. Ин ҳам ҷолиб аст. Аксарияти ҳунармандонро хубии зарофаташон танҳо дар тарзи лаҳҷа мебошад. Ифода ба лаҳҷа мардумро ҷалб мекунад, зеро мардум имрӯз ба лаҳҷа таваҷҷуҳи бештар доранд, нисбат ба забони адабӣ. Убайдуллои Раҷаб метавонад, ки дар як намоиши хурд ҳам нақши одами фарҳангиро иҷро бикунаду бо забони адабии саҳнавӣ, бо тарзи классикӣ чун Убайди Зоконӣ ва Шайх Саъдӣ сухан бигӯяд ва ҳам метавонад ба тарзи лаҳҷа суҳбат бикунад. Яъне, ки диопазони тарзи ифодааш бисёр.
Дар ин намуд Убайдуллои Раҷаб як ҳунарманди касбӣ аст, ҳунарманди комил аст, ҳунарманди соҳибзавқ аст, хунарманди боистеъдод аст. Дар ин жанр ин ҳама бисёр муҳим аст. Бисёр кам ҳунарманд аст, ки ӯро ин бахти бузург дар ин жанр, дар ин намуд насиб гашта бошад. Камтар ҳунармандеро, одамеро метавон пайдо кард, ки рӯяш механдаду дилаш мегиряд.
Ман бо Убайдуллои Раҷаб дӯст ҳам ҳастам, наздик ҳам ҳастам. Ӯ инсони аҳли завқ аст. Одами фарҳангӣ, одами донишманд аст. Дар ин кор барояшон боз комёбиҳо, пешрафтҳои аз ин ҳам бештар орзу мекунам.
Воқеан, ӯ дар зиндагӣ ҳам одами хандонрӯ мебошад, ҳам чеҳракушод. Ва ҳам,воқеан, дилкушод аст ва ҳам дилкушо.
Худои таоло ҳамаи сифатҳоеро,ки барои ҳунар даркор аст: ҳам қиёфа, ҳам қаду қомат, ҳам шаклу суратро ба ӯ додааст. Ӯ марди худодод аст. Худои таоло аз ин зиёдтар боз аз даргоҳи худаш аз ҳунарҳо, аз офаринишҳои худаш ба ӯ арзонӣ дорад.
************** ************ **************
Китоби “Убайдулло Раҷаб”-ро шумо хонандагони азиз, метавонед дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоед.
Таҳияи Саодат Набиева.