39 сол пеш Фазлиддин Муҳаммадиев ба Сайидалӣ Маъмур чӣ навишт?
Худованд биёмурзад устодони каломи бадеъ Фазлиддин Муҳаммадиев ва Сайидалӣ Маъмурро. Аввалӣ ..сол аст, ки бо мо нестанд ва дуюмӣ соли дуюм аст, ки ҷамъи моро тарк карданд. Ҳангоми мурури нашрияҳои солҳои пеш дар Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ номае аз устод Муҳаммадиев ба Сайидалӣ Маъмурро хондем, ки соли 1983 навишта шуда буд ва адиби маъруф соли 2011 онро бо як сарсухан дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп карда будааст. Ҳам сарсухани Сайидалӣ Маъмур ва ҳам номаи Фазлиддин Муҳаммадиевро дар таҳияи ҳамкорамон Малика Абдуллоева меорем, то хонандагони сомона аз он баҳра баранд.
НОМА АЗ УКРАИНА
Дар бойгонии худ аз номи устодони зиндаёди адабиёти муосири тоҷик аз қабили Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Убайд Раҷаб ва … чанд мактубе дорам, ки бароям азиз ва арзишманданд. Дар ин номаҳо асосан муносибати устодон нисбат ба шогирдон, ғамхориҳои эшон барои равнақи адабиёт ифода ёфтаанд. Нашри ин мактубҳоро, ки мутолиаашон аз аҳамият холӣ нестанд, ба вақти дигар гузошта, ин бор хостам дар рӯзи даргузашти нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев, ки санаи 16-октябр рост меояд, як мактуби ин устоди шодравонро ба хонандагони «Адабиёт ва санъат» пешниҳод намоям. Хидматҳои устод дар баробари эҷоди асарҳои хонданию мондагор дар тарбияи қаламкашони ҷавон, алалхусус нависандагони кам нест. Бисёр адибони имрӯза, ки ба дараҷаи устодӣ расидаанд, ба ифтихор худро аз шогирдони Фазлиддин Муҳаммадиев меҳисобанд.
Устод бо шоирон ҳам дӯсту ошно буданд. Банда низ ба Фазлиддин Муҳаммадиев ва эҷодиёташ ихлос ва эътиқоди зиёд доштам, мисли бисёр қаламкашон ҷавон ӯро бо эҳтиром «амак» мехондам.
Соли 1983, вақте раиси Хазинаи адабиет (Литфонд) будам, устод
Ф.Муҳаммадиев хоҳиши дар Хонаи эҷодиёти нависандагони Украина, ки «Ирпен» ном дошт, рафтан намуданд. Хоҳишашон зуд иҷро шуд ва устод баробари ба Хонаи эҷодиёт расидан ба банда мактубе ирсол намуданд.
Инак, он мактуб, ки пур аз лутф аз зарофатгӯиҳои устод аст.
ДОДАРИ АЗИЗ, САЙИДАЛИҶОН, САЛОМ!
Рӯзи саввум аст, ки дар Ирпен иқомат дорем. Ҷои ганда набудааст. Хушобу ҳаво. Атрофаш ҷангали тӯсу санавбар, булуту липазор (липа – зерфун). Аз самти шарқу ҷанубаш наҳри Ирпек ҷорист. Аммо то ба дарунаш надароед, намефаҳмед, ки ба кадом тараф ҷорист. Болову поёнаш дар баландӣ бад-баробар.
Аз маврид истифода бурда, ба Шумо, ба ҳамаи ходимони Литфонд бори дигар ташаккур мегӯям.
Директори Хонаи эҷодиёт Елена Петровна ном ҷавонзани 25-26-сола будааст. Ба худо, дар қаду қомат ва чеҳра ва муомилаву гуфтор чунон зебо, дилбар ва дилфиреб, ки одам ҳайрон мемонад. Аз беҳтарин «амакаш мурад»-ҳо гӯем, хато намешавад.
Банда ба андеша афтодаам, ки ба сифати як одами кунҷков аз муассисаи ин паризод ягон норасоие дарёфт кунам ҳам, онро ба касе, ки аз ман хоҳад пурсид, бо кадом рӯй, бо кадом ҷуръат ва ҷасорат арз мекунам?
Бояд гуфт, пашшаи газанда, хомӯшакам хеле фаровон будааст. Ҳарчанд ба ҷои тиреза дока кашидаем, намедонам, чӣ навъ карда, нимишабӣ медарояд ба хона ва қавли баъзе рафиқон, мепардозад ба газидан. Аз шиддати хориш бедор шуда, ба унвони паша беихтиёр ягон сухани тундтар гуфтанӣ мешавам, аммо ба ёдам мерасад, ки макони он хомӯшакҳо ду ҳавзи калон аст, ки дар ду гӯшаи Хонаи эҷодиёт воқеъ аст. Хонаи эҷодиёт бошад, ба маъмурияташ тобеъ аст. сардори он маъмурон Елена Петровна аст. Ҳамин нуқта ба ёдам мерасаду забон аз сарзаниш бозмедорам, ҷои неши хомӯшакро оҳиста мемолам ва ба хаёлам чунон мерасад, ки хоришаш нофорам не, балки хеле форам аст.
Сайидалиҷон! Аз Шумо якта илтимос: аз Ӯктамҷон Маҳмудов мепурсидед, ки оё мактуби маро (дина фиристода будам) гирифтанд? Агар нагирифта бошанд (олами ҳаводис), ҳамин адреси маро ба эшон хабар медодед, то ки подстрочникро бифиристанд:
255710, Киевская обл. г. Ирпен, 1 а линия, 20, Дом творчества Союза писателей УССР.
(Воқеан, банда дар мактубам ба Мулло Ӯктам № хонаро нанавиштаам).
Ба мо аз Литфонди УССР путёвка додаанд. Аммо ҳеҷ гуна корешок-порешок надорад. Афту андомаш даъватномаи маҷлисҳои калони юбилеӣ барин. Мувофиқи таъиноти Шумо ҳуҷҷате хостам, ана ҳамин коғазро доданд.
Шод бошед!
Ба ҳамаи дӯстон салом!
Бо эҳтиром: Ф.Муҳаммадӣ
Аз “Адабиёт ва санъат”,
соли 2011, 6 октябр.
Таҳияи Малика Абдуллоева