Ширкаткунандагони “Меҳмонсарои адабӣ…” беҳтарин китобҳои чопи Русияро ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд

Душе-настало-пробужденьеҲайати меҳмонон аз Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М. И. Рудомино зимни сафари корӣ аз Китобхонаи милӣ як силсила китобҳои нодири чопи Русияро тақдим намуданд.

Ин китобҳои зебову арзишманд аз адабиёти класики рус «Месяц в деревне»-и Тургенев, «Душе настало пробужденье»-и Пушкин, китобҳои  Сергей Михалков, Андрей Усачёв, Лада Бакал, Наталя Волкова, И.Токмакова, А.Усачёв  ва дигаронанд, ки муқоваву ороиши зебо ва муҳтавои пурмаъно чоп шудаанд. Махсусан китобҳои афсонаҳо барои бачаҳо бо ороиш ва сифати олӣ диққати ҳар хонандаи наврасро ба худ мекашад.

Китоби шоири маъруфу пуровозаи рус А. С. Пушкин бо ду забон: русӣ ва тоҷикӣ бо номҳои «Душе настало пробужденье» ва «Рўҳро шуд гаҳи бедор шудан» туҳфаи зебое ба дустдорони адабиёти рус мебошад.

Гуфтанист, ки ин китоб соли 2008 дар ҳаҷми 240 саҳифа ва ба теъдоди 1500 нусха  дар нашриёти «Вагриус”-и шаҳри Маскав чоп шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки китоб бо ду забон аст: русӣ ва тоҷикӣ. Ашъори шоири маҳбуб Александр Сергеевич Пушкин дар қалби Русия бо забони тоҷикиву русӣ интишор ёфтааст ва барои алоқамандони ашъори ин шоири  маъруф туҳфаи беҳтарин метавонад бошад.
Кулли ашъори ин маҷмуъа аз ҷониби шоири дигари маъруф устод Абулқосим Лоҳутӣ тарҷума шудааст ва ба он духтари шоири маъруф Лола Лоҳутӣ сарсухан навиштааст.

Ашъори Пушкин ба бисёр забонҳои олам, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ зиёд тарҷумаву нашр шудааст. Ва мутолиаи ин шеърҳо нишон медиҳанд, ки Лоҳутӣ чун устоди назм ва шахси шеършинос намунаҳо аз эҷоди Пушкинро хеле бо забони равон ва барои ҳамагон фаҳмо тарҷума кардааст.

Пушкин

Китоби мазкур бо як нақшу нигори махсус ва дастнависҳои А.С. Пушкин оро дода шудааст.

Абдулқосим Лоҳутӣ  дар тӯли солҳои иқоматаш дар Маскав ва Душанбе намунаҳоро аз осори  Шекспир, Лопе  де Вега, Грибоедов, Маяковский баргардон ва интишор додааст.

Қобили ёдоварист, ки ин ҳайати меҳмонон, ки ширкаткунандагон чорабинии аввал дар доираи лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон” мебошанд, тўли чор рўз меҳмони Тоҷикистонанд ва бо китобхонаҳо ва осорхонаву маконҳои фарҳангиву таърихии пойтахт дидан намуда, бо ёдгориҳои таърихуву фарҳангии кишвар ошноии бештаре пайдо карданд. Аз ҷумла ососрхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи бачагонаи ба номи  Мирсаид Миршакар, қалъаи Ҳисор ва ғайраро тамошо карданд.

Ин чорабинӣ дирӯз баъд аз зуҳри дирӯз  дар шакли пули телевизионӣ миёни Китобхонаи адабиёти хориҷӣ (Русия) ва Китобхоаи миллӣ (Тоҷикистон) ва муколамаи мустақим бо адибони муосири кӯдакнавис ва ҷоизадорони адабии миллӣ баргузор шуд. Адибони кӯдакнависи Русия ба сурати онлайн ба суолҳои хонандагон посух доданд.

Раҳима Бобоева,
шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.