Аз Президент бихонем: “Забони миллат – ҳастии миллат”. Китоби I

Забони миллат – ҳастии миллат9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид.

Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо дар бораи тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гардид. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.

Ин гардиши бузург дар сарнавишти халқи тоҷик аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ва муҳтавои иҷтимоию сиёсӣ ба даҳҳо қарни зиндагии ин мардум дар ҳошияву поварақи сиёсати давлату дарборҳои бегона баробар мебошад. Бо фаро расидани Истиқлол миллати деринатаърих пас аз он ҳама поймолсозиҳои манфиатҳои миллӣ парчами озодӣ ва истиқлолро дар қалби Осиё, дар яке аз минтақаҳои пурҷӯшу хурӯши сиёсати ҷаҳонӣ барафрохта, ҷойгоҳи шоистаи хешро дар сиёсату иқтисод ва фарҳанги ин ҳавзаи азими тамаддунҳо ба даст овард. Ин ҳақиқати таърихӣ ва ин орзуи дерина, ки афсона ба назар мерасид, ҷомаи амал пӯшид ва дар китоби бузурги таърихи тоҷикон фасли наве бо номи даврони Истиқлол боз гардид.

Чунон ки аз таърихи сиёсӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, марҳилаи гузариши ҳар давлату кишвари тобеъ ба сӯйи истиқлол давраи басо душвор ва кори пурмасъулият барои миллат ва пешвоёни сиёсии он буда, дар ҳар кишвар вижагиҳо дорад. Бар ин асос дар Тоҷикистон низ пас аз эълони Истиқлол масъала ва мушкилоти зиёди иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки хоси ин марҳила мебошанд, ба миён омаданд.

Аз ҷумла, нахустин масъалаи пешомада он буд, ки Тоҷикистон бо он сармоя ва мероси моддиву маънавие, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст, барои бунёди давлати мустақил чӣ имконоти сиёсӣ ва заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ихтиёр дорад.

Ин чанд ҷумла аз “Пешгуфтор”-и китоби якуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” иқтибос шуд. Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.