Китоби нав. Асад Гулзодаи Бухороӣ. “Паёме аз Бухоро”
Ин китоб ҳамин сол дар нашриёти «Эр-граф» ба муносибати 90-солагии шоир ба чоп расидааст. Мураттибон мегӯянд хонандаи тоҷик бори аввал бо навиштаҳои Асад Гулзода 60 сол пеш шинос шуда буд.
Аз он замон ки мухлисони шеъру адаб бо ашъори шоири ширинкаломи тоҷик Асад Гулзодаи Бухороӣ ошноӣ пайдо намудаанд, 60 сол сипарӣ мешавад. Дар тўли ин солҳо шоири маҳбуби мардум, ба вижа, кўдакону навҷавонон, ба унвони як адиби заҳматкаш ва пурталош шинохта шуд, ашъори обдору тобдораш вирди забони пиру ҷавон гашт, маҷмўаъаҳои шеъраш дастраси хонандагон гардид. «Паёме аз Бухоро» мунтахаби шеърҳои дар солҳои гуногун барои калонсолону навҷавонону хурдсолон сурудаи шоирро дарбар мегирад.
АСАД ГУЛЗОДА (Бухороӣ) 5 январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкўҳи вилояти Бухоро таввалуд шудааст.
Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе соҳиб гардидааст.
То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1995 дар Бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият доштааст.
Ҳоло машғули кори эҷодист.
Асосан барои кўдакону наврасон менависад.
Маҷмўаҳои шеъраш дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки «Насими Бухоро» (2001), «Хатти пешонӣ» (2003), «Бухоро» (2004) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Дар Тошканд «Куллиёт»-и чорҷилдаи адиб ба табъ расидааст.
Ба қарибӣ бо унвони «Собиқадори меҳнат» мукофотонида шуд.
Китоби Асад Гулзодаи Бухороӣ “Паёме аз Бухоро” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева.