Феҳристнависӣ ва аҳамияти он дар китобхонаҳо
Ҷустуҷўи иттилоот аз фаъолиятҳои муҳим ва арзишманди инсон аст, зеро дар ҷомеаи иттилоотгароии кунунӣ таҳаввулоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба баҳрагирии муносиб аз иттилоот вобаста аст ва дар ин замина китобхонаҳо метавонанд нақши муҳиме дошта бошанд. Албатта, китобхона бе феҳрист фаъолият карда наметавонад, фақат аз тариқи феҳрист хонанда метавонад ба зудӣ ва бароҳат ба китоби хостаи худ дастрасӣ падо кунад. Ҳатто китобхонаҳои маъруфи замони пеш аз милод ба мисоли китобхонаи донишгоҳии Гунди Шопур дар аҳди Сосониён ё китобхонаи замони Сомониён Сивон-ул ҳикма бе феҳрист маъруфият падо намекарданд. Дар ин замина чанд нуқтаи муҳим ё ба истилоҳ амал кард, ки барои ҳар китобхона ҳатмист хостем қаблан ёдовар шавем.
– Сароғоз китобхона бояд ба ҷамъоварии маводи мактуб ё китобҳо аз тариқи харид, мубодила, эҳдо ва дигар роҳҳо шурўъ кунад, баъдан ҳифз ва нигоҳдории китоб ё дигр манобеи иттилоотӣ ба хотири эмин нигоҳ доштан аз рутубат, гармову сармо, чангу хок ва дигар омилҳои физикӣ ва севвум ин созмондиҳии манобеъ, то ин маҷмўаҳо ба сурате танзим ва мураттаб шавад, ки битавон босуръат ва диққати кофӣ ба ҳар к аз манобеи иттилоотии мавҷуд дар маҷмўа дастрасӣ ёфт. Дар ин замина феҳристнигорӣ ё ба истилоҳ феҳристнависӣ муҳимтарин омили танзими манобеи иттилоотии китобхонаӣ маҳсуб мешавад. Дар улуми китобдорӣ ва иттилорасонӣ феҳристнигорӣ ба фароянде гуфта мешавад, ки барои омодасозии к китоб ё як маҷмўаи мактуб ё чанд расонае анҷом мешавад, то дастёбии сареъ ва саҳиҳ ба он китоб ё маҷмўа муяссар шавад. Феҳристнависӣ дар китобхона бояд аз қоидаҳое, ки дар воқеъ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад истифода гардад. Ошноӣ ба ин стандартҳо ва обзорҳои байналмилалӣ ва маҳорат дар истифода аз онҳо бахше аз омўзишҳои маҳоратии риштаи китобдорӣ аст. Маҳорати кофӣ дар ин замина танҳо аз тариқи амалӣ ва кор дар китобхона ба даст меояд ва ҳосили кори феҳристнависӣ ин шиноснома ё баргае аст, ки тибқи стандарт таҳия ва дар баргардонҳои мухталифи китобхона (мавзўӣ, унвон, муаллиф) ба сурати алифбоӣ танзим мешавад. Бо ба коргирии роёна дар бахшҳои мухталифи китобхона батадриҷ ин баргардонҳо ба файлҳои роёнаӣ табдил мешавад ва муроҷиаткунанда бо истифода аз онҳо метавонад бо суръат ба манбаи мавриди назари худ дастрасӣ ёбад.
Барои ин ки ҳар китоб аз назари зоҳирӣ, физикӣ, муҳтаво ва мавзўъ ба таври дақиқ созмондиҳӣ ва танзим шавад, бояд аз феҳристнависӣ, ки шомили се бахш аст истифода кард: феҳристнависии тавсифӣ, феҳристависии таҳлилӣ ва раддабандӣ (таснифот).
– Феҳристависии тавсифӣ бо истифода аз вижагиҳои зоҳирӣ ва физикии китоб ё ҳар манбаи дигаре дар барга ё шиносномаи китоб ироа мешавад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз номи нависанда, номи нависанда ба забони аслӣ, номи китоб, номи мутарҷим, теъдоди саҳифаҳо, таърихи нашр, ношир, маҳалли нашр. Муроҷиаткунанда бо донистани унвони китоб ё номи муаллиф ба осонӣ метавонад ба он дастрасӣ ёбад. Барои феҳристависии тавсифӣ аз қонунҳои хосе истифода мешавад, ки дар стандартҳои байналмилалии китобноманигорӣ ISBD (International Standard Bibliographic Desciption) ироа шудааст. Дар ин стандарт шеваи ироаи мушахассоти китоб омадааст, бад-ин маъно, ки дар тамоми дунё тарзи омадани мушахассот якхела аст ва метвон бо дидани феҳристи баргӣ ба забонҳои мухталиф ба тезӣ пай бурд, ки баргаи асосӣ кадом аст ё ношир дар куҷои феҳрист муаррифӣ шудааст.
– феҳристнависии таҳлилӣ –пас аз ироаи мушахасоти физикӣ ва зоҳирии китоб дар бахши феҳристи тавсифӣ бояд китобро аз назари муҳтавоӣ ва мавзўӣ муаррифӣ ва шиносномаи китоб (баргаи китоб)-ро дар ин замина комил кард. Дар ин марҳила хонанда метавонад аз тариқи маввзўӣ ба китоби мавриди назари худ дастрасӣ ёбад. Баргаи бахши таҳлилӣ иборат аст, аз мавзўҳои китоб, шумораи раддабандии ҷаҳонӣ ва шумораи раддабандии УДК.
– ва ниҳоят раддабандӣ, ки пояи асосии китобдорист ва ҳеҷ китобхонаи бузурге дар ҷаҳон наметавонад бидуни истифода аз тарҳҳои раддабандӣ фаъолияти худро идома диҳад. Раддабандӣ иборат аст аз канори ҳам гузоштани ашё ва афкори ҳамсон (монанд, якхела) ва ҷудо кардани афкор ва ашёи ноҳамсон. Хонанда ё пажўҳишгар, ки ба китобхона муроҷиат мекунад, бояд битавонад дар раддабандиҳои минтақӣ ва муназзам ба осонӣ ва дар кўтоҳтарин замон ба китобҳо ва асноди гуногун ё иттилооти мавриди ниёзи худ дар маҷмўаи китобхона дастрасӣ пайдо кунад, дар ин марҳила лозим аст унсурҳои физикӣ ва мавзўии ироашуда, дар бахшҳои тавсифӣ ва таҳлилӣ ба индекси класификатсионӣ (додҳои ададӣ ё ҳарфи ададӣ) таҳлил шавад. Дар воқеъ ин кодҳо, ки ба онҳо шумораи бозёбӣ ё шумораи роҳнамоии китоб мегўянд, суроғаи китоб дар маҷмўаи китобхона маҳсуб мешавад. Ин раддабиндиҳо иборатанд аз раддабиндии библиографии китобхонаӣ (ББК) ва раддабандии даҳгонаи универсалӣ (УДК).
Феҳрист дар китобхона яке аз муҳимтарин шеваи танзими манобеи иттилоотӣ низ маҳсуб мешавад:
-танзими алифбоӣ бар асоси номи муаллифони китобҳо
– танзими таснифотӣ, ки дар раддаҳои дониши башарӣ бо мурати алифбоӣ танзим мешавад.
– танзими тақвимӣ ё таърихӣ, ки камтар мавриди истифода қарор мегирад ва барои мақсадҳои муайяне чун сурати китобҳои қадима ва нусхаҳои хаттӣ ба кор меравад.
Феҳристависӣ дар навбати аввал метавонад ба пурсишҳои зер посух диҳад:
– дар китобхона чӣ китобе бо унвони мушаххас вуҷуд дорад?
– дар китобхона чӣ китобе аз як нависандаи мушаххас вуҷуд дорад?
– дар китобхона дар бораи чӣ мавзўҳое китоб вуҷуд дорад?
– мавзўи ҳар китоб чист?
– дар бораи як мавзўъ чӣ китобҳое вуҷуд дорад?
Имрўз дар кишвари мо китобхонаҳои зиёде дар шаҳру деҳот арзи вуҷуд доранд ва албатта на ҳамаи онҳо аз қонунҳои байналмилалии созмондиҳии манобеи иттилоотӣ дар китобхонаҳо бархўрдоранд. Тибқи маълумоти кормандони Китобхонаи миллӣ, ки аз китобхонаҳои кишвар дидан кардаанд, чунин бар меояд, ки бархе аз китобхонаҳо аслан ин қавонинро риоя намекунанд ва китобҳо номуназзам дар канори ҳам қарор гирифтаанд. Ҷои зикр аст, ки кучактарин китобхона бо камтарин шумораи китоб низ аз феҳристнависӣ ва танзими илмӣ ва мантиқии мавзўӣ бе ниёз нест ва аз ин хотир соҳаҳои дониш ё манобеи ба ҳам иртиботдорро ба таври маънидор ва судманд дар канори ҳам қарор бояд дод ва дар ин замина аз раддабандии даҳгонаи универсалӣ УДК бояд истифода кард.
Таҳияи Насиба Дониёрова,
муовини сардори шуъбаи
илмӣ ва таҳқиқотӣ.