Далелҳои ҷолиб доир ба китобхонаҳо

Далелҳои ҷолиб доир ба китобхонаҳоЧун Ибни Сино бо иҷозаи Нӯҳ ибни Мансур ба китобхонаи Бухоро ворид мешавад, бо дидани он бо шигифтӣ менависад: “Китобҳои ҳар мабҳас ва мавзӯъ дар утоқи худ ҷой доштанд ва чандин утоқ буд. Дар як утоқ маҷмӯъи шеър ва дар утоқи дигар кутуби мазҳабӣ…феҳристи муаллифони Юнони қадимро барои ёфтани китобҳое, ки ба дунболи онҳо будам, баррасӣ кардам. Дар ин маҷмӯа китобҳое дидам, ки камтар касе аз онҳо номе шунида буд ва ман ҳам худ низ пеш аз он онҳоро надида будам”.

  • Дар шаҳри Магдебурги Олмон китобхонаи аҷибе вуҷуд дорад, ки бинои он аз қуттиҳои куҳнаи оби ҷав (пиво) сохта шудааст.
  • Дар китобхонаи ҷамъиятии Сингапур барои он ки хонандагон ба якдигар халал нарасонанд, толорҳои хониши ҷудогонаи зиёд мавҷуд аст.
  • Дар Перуи Италия (Ҷумҳурии Перу, кишваре дар Амрикои Ҷанубӣ дар назар аст, ки замоне мустаъмараи Италия буд) китобхонае бо тарҳи ғайриоддӣ бино кардаанд, ки шакли лаълии паррон дорад.
  • Дар иёлати Канзаси ИМА китобхонае ба шакли рафи бузурги китоб бино ёфтааст.

Дар истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ҳам китобхонаи хурде мавҷуд аст, ки айни ҳол ягона китобхонаи кайҳонист. Он дорои ҳудудан сад китоб мебошад.

  • Китобхонаи рақамии умумиҷаҳонӣ дар назди Китобхонаи конгрессии ИМА кушода шудааст, ки бузургтарин махзани китобҳои рақамӣ дар ҷаҳон мебошад.
  • Бори аввал системаи таснифи китобҳо аз рўйи жанр дар Чини қадим пайдо шудааст.
  • Дар меҳмонхонаи «Мариотт»-и Шонҳойи Чин, ки он пурҷамъияттарин шаҳри ҷаҳон маҳсуб меёбад, китобхонае бунёд ёфтааст, ки дар чаҳоряк километр баландӣ, дар ошёнаҳои болоии он ҷойгир шудааст.
  • Дар шаҳрии Ню-Йорк китобхонаҳои кўчаки ҷамъиятӣ мавҷуд аст, ки он ба шакли хонача бино шуда, барои як хонанда фаъолият мекунад. Дар дохили он китобҳо гузошта шудаанд, ки ҳар хоҳишманд метавонад аз онҳо истифода намояд.
  • Китобхонаи миллии Фаронса 7 аср пеш сохта шуда буд, агарчанде ҷойи худро чанд бор иваз намуда бошад ҳам, то ҳол фаъолияти худро қатъ накардааст.
  • Аз ҳама китобхонаи қадимтарин, ки то ҳол фаъолият мекунад, дар хонақоҳи Екатеринаи муқаддас дар ҳудуди Мисри муосир ҷойгир шудааст ва он тақрибан 1,5 ҳазор сол дорад.
  • Системаи фаъолияти китобхонаҳои ҷамъиятии Норвегия хеле осону сода аст. Баъди истифодаи китоб онро ба ҳар шуъбаи китобхона супоридан мумкин аст.
  • Дар шаҳраки Вантааи Финландия, шахси номаълуме ба китобхонаи ҷамъиятии он китоберо, ки 1 аср пеш гирифта шуда буд, овардааст. Муайян кардани шахсияти нафаре, ки онро баргардонидааст, имкон нашуд. Эҳтимол меравад, ки он шахс аз ҷаримаи калон барои таъхир метарсид.
  • Дар донишгоҳи машҳури Йел (донишгоҳи хусусӣ дар ИМА) китобхонаи бе тиреза сохта шудааст. Аммо бо вуҷуди ин дохили он равшан аст, зеро аз берун деворҳои китобхона бо мармари қиматбаҳо бино ёфтааст, ки рӯшноии офтоб қисман ба он ворид мешавад.
  • Дар Британияи Кабир ҳар як муаллиф ҳуқуқ дорад, ки китобҳои худро дар китобхонаҳои ҷамъиятӣ ҷо кунад, вале барои ин бояд маблағи муайян пардохт намояд.
  • Китобхонаи «Ҳаскелл» ба тарзи худ беназир аст, он дар сарҳади Канадаву Амрико бино ёфта, яку якбора дар ҳудуди ду давлат ҷойгир шудааст.
  • Бузургтарин китобхонаи ҷаҳон китобхонаи Конгреси Амрико ба шумор меравад. Дар он бо шарофати технологияи муосир тамоми китобҳояш эҳтиётан ба шакли рақамӣ баргардонида шудаанд, ки барои нигоҳдориашон диски сахти ғунҷоишаш ҳамагӣ 15 Тб кофӣ мебошад. Ҳамзамон ин китобхона на танҳо бузургтарин дар ҷаҳон, балки серхонандатарин китобхона ҳам ба шумор меравад. Шумораи китобҳои он наздики 155 млн. буда, ҳамасола ба он қариб 1,7 млн. хонанда ташриф меорад.
  • Эндрю Карнеги, корхонадори бениҳоят сарватманди амрикоӣ, ки 100 сол пеш зистааст, аз ҳисоби худ дар давлатҳои гуногун зиёда аз 2500 китобхона сохта муҷаҳҳаз кардааст. Тақрибан 1600 адади он дар ИМА бино ёфтаанд.
  • Маълум аст, ки шоҳи рус Иван Грозний китобхонаи бузурге дошт, ки нобуд шудааст. Баъзеҳо то ҳол кўшиши пайдо кардани онро доранд.
  • Ҳангоми нашри китоб, ҳукумати Норвегия аз ҳисоби худ ҳазор нусхаи онро чоп мекунад, ки баъдан онҳоро ба китобхонаҳои ҷамъиятии саросари кишвар интиқол медиҳанд.
  • Ба мову шумо маълум аст, ки илми ҳаким Абўалї Ибни Сино тамоми љаҳонро фаро гирифтааст ва чуноне ки худи ў дар китоби «Рисолаи саргузашт»-аш овардааст: «Љавҳари илму донишро аз китобхонаи бузурги подшоҳи Бухоро Нўҳ ибни Мансур аз бар намудам»
  • Ба бандари шаҳри Искандарияи Мисри бостон киштиҳои зиёде меомаданд. Ҳукуматдорони Искадария аз онҳо боҷи махсус – китоб меситонданд. Ҳар як капитани киштӣ уҳдадор буд, китоберо пешниҳод кунад, ки дар китобхонаи Искандария набошад. Онҳо нусхаи аслро мегирифтанд ва нусхаи рўбардоршударо ба соҳиби китоб бармегардониданд.
  • Дар ҷаҳон зиёда аз 50 китобхона вуҷуд дорад, ки дар онҳо ба муштарӣ китоби дархостшударо бо овози баланд мехонанд.
  • Дар ИМА гарчанде маркази таомҳои саридастӣ ба шумор меравад, китобхонаҳои ҷамъиятии ройгон нисбат ба муассисаҳои хўроквории «Макдоналс» бештаранд.
  • Ҳамагӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон қариб 130 млн. китоби нодир мафҳуз аст.
  • Қадиматарин китобхонае, ки аз ҷониби тамаддуни шумериён бунёд ёфтааст, дар миёнаи ҳазораи 2 пеш аз милод вуҷуд дошт.
  • Абдул Қосим Исмоил – сарвазири Форс, ки ба китобхонӣ шавқи зиёд дошт, ба муаррихон ошност. Ў ҳангоми сафарҳояш тамоми китобхонаашро, ки зиёда аз 140 ҳазор китоб дошт, бо худ мебурд. Онҳоро дар корвоне, ки иборат аз 400 уштур буд, ҷо мекард.
  • Дар китобхонаи гумшудаи Искандария беш аз 200 ҳазор лулакитоб нигоҳдорӣ мешуд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА
сармутахассиси шуъбаи
илмӣ ва таҳқиқотӣ
.