Фаъолияти пурсамари шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ
Шуъбаи илмӣ ва таҳқиотӣ замоне таъсис (соли 1969), ки ин китобхона ба номи ҳаким Фирдавсӣ буд. Аз номи пурраи он – шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва таърихи китоб аст, ки ифодагари вазифаҳои асосии он мебошад. Ин замон пояҳои назарияи китобхонашиносии тоҷик бар асоси илми китобдорӣ зуҳур намуда, китоб ба нерўи тавонои пешбарандаи ҷомеа, ташаккулдиҳандаи тафаккури умумӣ ва фароҳамсози муҳити маънавию ахлоқӣ ва эстетикӣ табдил шуд. Вазифаҳои асосии шўъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба тариқи зер муайян шуданд:
-Коркарди мустақилонаи мавзўъҳои илмӣ дар масоили умдаи назария ва таърихи умури китобхона, библиографияшиносии миллӣ ва китоби тоҷик;
-Кумак расондан дар равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба шӯъбаҳои вобастаи (функсионалӣ)-и Китобхонаи давлатии Тоҷикистон;
-Мутобиқат ва ҳамкорӣ дар риштаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ бо китобхонаҳои калони ҷумҳурӣ;
-Расондани корҳои маслиҳатию машваратӣ, тарғибу ташвиқи донишҳои китобхонашиносию библиографияшиносӣ.
Дар заминаи ин вазоифи аслӣ дигар ҳадафҳо, аз ҷумла корҳои методӣ, ба тартиб даровардани истилоҳоти китобдорӣ, ширкат дар конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо ба миён меомаданд. Тӯли фаъолияти беш аз панҷоҳсолаи худ ҳайати кормандони шуъбаи илмӣ- таҳқиқоти зиёда аз 300 дастури методӣ- библиографӣ, китобномаҳои шарҳиҳолӣ, дастурҳои илмӣ- таҳқиқотӣ аз қабили «Қоидаҳои истифодабарии АБК – и Китобхонаи миллӣ» (шуъбаи АБК – и КМТ), дар ҳамкорӣ бо шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ таҳия намудаанд. Дастури тавсиявию методӣ дар мавзўи «Классикони адабиёти тоҷику форс», «Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи иттилоотии муосир» омода градиданд. Дастурҳои таҳия намудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои китобдорон ва истифодабарандагон (солҳои 1991 – 2014)»; «Истиқлолият – дастоварди бузурги миллат аст»; «Арбобони фарҳанги тоҷик»; «Арбобони илми тоҷик» (асри 20 – аввали асри 21);«Мирсаид Миршакар – нависандаи боистеъдод», 70 – солагии Кароматулло Мирзоев таҳти унвони «Кароматулло Мирзоев – нависандаи шинохтаи тоҷик», 15 – солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат сулҳу дустӣ», «Таърихи китоби тоҷик », 80- солагии Мўъмин Қаноат таҳти унвони «Муъмин Қаноат шоири халқии тоҷик» ва 125 – солагии Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Абулқосим Лоҳутӣ – шоири лирик», «Балҷувон осоишгоҳи байналмилалӣ»,«Талбак Назаров», «Низом Нурҷонов», «Аҳрор Мухторов», «Осори академик Мўсо Диноршоев дар КМТ»,«Абдулоҷон Юнусов», «Маҳмасаид Убайдуллоев», «Олимони худро бишносед»,«Сулҳу ваҳдат мароми мост», маълумотномаи «Достони китобҳо»,«Осорномаи профессор Худойназар Асозода», «Шинохти китобдори асил (Бахшида ба 60 – солагии зодрўзӣ Гадобек Маҳмудов), «Китобшинос ва библиографи тоҷик Қурбоналӣ Бўриев (Абдураҳимзода Қурбоналӣ) – «Донишманди нерую равшанзамир» ва ғайра руй чоп омаданд.
Инчунин таҳияи як қатор мақолаҳо дар рўзномаву маҷаллаҳои дохили кишвар, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҷҷалаи «Китобдор» ва ғайра ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла мақолаҳои «Справка о развитии МБА в странах СНГ», «Деятельности Национальной библиотеки по межнародному книгообмену», «Зиндагии ибратомўз» (аз ҳаёт ва фаъолияти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев), «Китобҳои нави кўдакону наврасон», «Роҳнамои хонавода», маҷмўа бахшида ба 80 – солагии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Кохи маонӣ», «История книжного культуры и достижение библиотечного дела Таджикского Народа», «100 фарди машҳур», «Эстетическое сознание в эпоху Средне вековья книга «Шахнаме» и её мировое значение, «Нашъамандӣ амали нангин аст», «Пажўҳиши шуъбаи илмӣ – таҳқиқотӣ», «Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии Ваҳдат», «Тоҷикистон сарчашмаи оби тоза», «Саҳми фарзандони тоҷик дар ҶБВ», «Дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Саҳми тоҷикон дар ғалаба бузург аст», «Роҳнамои зиндагӣ», «Иҷлосияи тақдирсози миллат», «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ», «Истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат», «Ҷойгоҳи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ», доир ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай «Созмони ёрию ҳамкорӣ» ,«Оиди бузургтарин ихтирооти башар», «Сада ҷашни мулки номдор аст», «Муҳақиқ ва мубалиғи содиқи модар»,«Гуфтори бузургон дар васфи зан – модар»,«Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ», «Ашўр Сафар», «90- соли доктори илми тиб Кибриё Ҳасанова», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: «Гулдўзӣ» , «Ба баҳонаи рўзи оила», «Рўзи ҷаҳонии кўдакон муборак», «Афзоиши бесобиқаи хонандагони Китобхонаи миллӣ зарфи панҷ моҳи сипаришуда», «Ояндасозони миллат», «Паёми неки бародарӣ», «Забон ҳастии миллат», «Модар фариштаи замин» , «Шоҳмузафар Ёдгорӣ (1940 -2009), шоир Корманди шоистаи Тоҷикистон ба муносибати 80 – солагии зодрўз», «Наврўз ҷашни хуҷаста», «Ҷашне, ки аз шукуфоӣ мужда мерасонад», «Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа», «Ҳафтод соли Аслиддин Низом – мусиқишиноси барҷаста», «Мунозира бо вайбер» (Ҳикоя) , «Наврўз шуду лолаи хушранг баромад», «Омўзгор, пажўҳишгар, модари ғамхор: «бахшида ба 68 солагии Муҳаббат Иноятова», «Наврўз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад…» «Китобдори шоиста Рытикова Ирина Александровна», «Китобдори шоиста Халифаева Ҳукумат Насриддиновна», «Китоб интихоб ва хониш», «Аввалин василаҳои осори хаттӣ: ПАПИРУС», «Лўлакитобҳои папирўс» , «Касби китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Китобшиносӣ илм аст ё фан»,«Шахси бофарҳанг Назаров Тағоймурод Аҳмадович», «Накўномон накўянд доир ба ҳаёт ва фаъолияти Маҳмадҷонов Ҳокимҷон», «Пажўҳиш Вақт ва китоб: Чиро ва кай бояд хонд», «Саду даҳ соли Боқӣ Раҳимзода»,«Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа», «Таблиғи китобҳои тозанашррро чӣ гуна бояд ба роҳ монд”? «Нақши фарҳанг дар таҳкими ҳисси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ», «Сиёсати фарҳангӣ ва масъалаҳои худшиносии миллӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ», «Ба истиқболи 30- солагии Истиқлолият», «Пайдоиши қоғаз ва рушди он дар соҳаи китобдорӣ», «Саҳми библиография дар ҷомеа», « Китобҳои азим», « Китоб, барга ва ғайра, «Китобҳои оҳанин, диққатрабо, гаронбаҳо», «Донистан хуб аст», «Китоб дар масири тамаддун», «Пайдоиши қоғаз, хат», «Муҳаққиқ ва мубалиғи содиқ», «Гуфтори бузургон дар васфи зан», « Модар фариштаи замин», «Фарҳанги китобдор», «Нигоҳе ба тазкира ва тазкиранависӣ», «Мавқеи библиография дар ҷомеа», «Нерўи инноватсионии мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва механизмҳои идоракуниии он»,«Ҷойгоҳи менеҷменти сифат дар раванди идоранамоии фаъолияти китобхона», «Сиёсати фарҳангӣ ва масъалаҳои худштносии миллӣ» ,«Китоб ганҷу китобхона ганҷина аст»,«Касби китобдориро пешаи худ карда», «Китобдори асил», «Китобшиносӣ дар осори хаттии Шарқ», «Мафҳум ва этимологияи ( пайдоиши) калимаи Китоб»,«Пажўҳиши шуъбаи илмӣ – таҳқиқотӣ: шарҳи мухтасар», «Методический центр», «Забон рукни асосии давлатдорист», «Научно – исследовательская работа библиотеки Республики Таджикистан», «Образовательные программы, подготовка и обучение кадров в Национальной библиотеке Таджикистан»,«Нигоҳе ба таърих ва таҳаввули низоми китобдорӣ дар бахши абанименти байни китобхонаҳо», «Пажўҳиши – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот», «Фаъолияти китобдори дар Тоҷикистон» Қисми 8, зери унвони «Қатраи дурахшидаи шеър», «Китоб равшангари имрўзу фардо», «Нақши китоб ва китобхонаҳо дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа», «Академикҳои Тоҷикистон ва шўҳрати ҷаҳонии онҳо» феҳристи адабиёт «Нерўгоҳи обии барқии Роғун», «Ҳунарманде аз диёри Варзоб» (Нисбати корманди Китобхона М. Расулов), «Хат қоғаз ва мошинаи чопӣ», «Навъҳои китобхона», «Гулсара Шукурова – чилу се соли фаъолияти пурсамар», «Ёде аз Абдуллоҷон Юнусов», « Маълумоти оморӣ оид ба захираи китобӣ, диҳиши адабиёт, теъдод ва омаду рафти хонандагон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 1933 то соли 2016», «Андешаҳо перомони китобхонаҳои мактаб», « Нақши Кобхона миллии Тоҷикстон да рушди илми китобдорӣ» « Бузургтарин ихтирои башар», «Шоҳсутун ва бахтномаи миллат», «Парчам ифтихори миллат»,«Чаро миллат бояд китобхон бошад? « Кўдак ва роҳҳои чалб намудани он ба китобхонӣ», «Китобҳои пергаментӣ», «Китобшиносӣ илм аст ё фан»,«Гулдўзӣ», «Рўзи ҷаҳонии кўдакон муборак», «Рисолаи библиографӣ бахшида ба 70 – солагии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (1941 – 1945) ва ғайра чоп гардидаанд, ки боиси ифтихори фаъолияти кори шуъба мебошад.
Ҳамзамон шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ як зумра таҳқиқотҳои сотсиологӣ «Чеҳраҳои мутоилотии донишҷуёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлол», «Вазъи хизматматрасонӣ ба хонандагон дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон»,«Хазинаи китобии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: вазъ ва такмили он», «Вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон»,«Вазъи ташрифоварии хонандагон ба Китобхона» Бахшида ба «Рўзи китоб» ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», Пурсишнома дар хусуси муайян намудани мудири беҳтарин «Ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон» «Хонандагони шуъбаи махсус» ва ғайраро анҷом дод. Ҳамчунин барои фаҳмиши ҳолати хизматрасонӣ дар Китобхона ва умуман камбудиҳои ҷойдошта дар хизматрасонӣ ба хонанда, «Омўзиши фонди адабиёти техникӣ» низ корҳои пажӯҳишиву таҳқиқотӣ анҷом додааст.
Ҳайати олимони соҳаи китобдорӣ ва ҳамбастаги кормандони шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ дар омода намудани Лоиҳаи «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар солҳои 2022- 2027» саҳми муносиб гузоштанд. Инчунин кормандони шуъба дар фаъолияти тарҷумонӣ саҳми босазо гузоштанд. Онҳо «Луғати тафсири форсӣ», «Шарҳи ғазалиёти Ҳофиз », «Мақолоти Ҷомӣ» ва ғайраро аз хатти форсӣ ба хатти кирилӣ баргардониданд.
Зикри ин нукта ба маврид аст, ки як қатор китобҳои тозавуруд ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби корманди шуъба дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардидаанд.
Саҳми фаъолияти хизматрасони методӣ – библиографӣ, баргузори таҳқиқотҳои сотсиологӣ, расонидани кумакҳои методи ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва ғайра яке аз вазифаҳои асоси ва ҳамарўзаи ҳайати кормандони шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ мебошад. Онҳо дар тамоми семинар – конфронсҳои дохилӣ ва берунӣ кишвар вобаста ба соҳа фаъолона ширкат варзиданд. Боиси қайд аст, ки аз соли 2013 то инҷониб шуъбаи мазкур дастури маълумотии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди чоп қарор медиҳад. Дастури мазкур барои гурӯҳи васеи хонандагон алалхусус китобдорон, адабиётшиносон, муаррихон ва ғайра пешниҳод шудааст, ки матни электронӣ онро хонандагон метавонанд аз сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (www. kmt.tj) дастрас намоянд.
Қобили қайд аст, ки аз солҳои 2012-2021 Шўъбаи илмӣ-таҳқиқоти ба 2324 нафар бо теъдоди 1956 адад маълумоти шифоҳӣ, 123 адад маълумоти хаттӣ ва 234 адад маълумоти электронӣ додаанд.
Сайрон Сафарова