Китоб аз муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон

муносибатҳои байналмилалии ТоҷикистонМуаллиф Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ буда, китоб соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 150 нусха чоп шудааст. дар он асосҳои назариявии таҳаввули низоми муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор гирифтааст.

Муаллиф ба ин назар аст, ки нуқтаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳо метавонанд барои таҳқиқоти минбаъдаи соҳаи мазкур муфид бошанд ва дар фаъолияти амалии мақомоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тарҳрезии асосҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шаванд.

Асосҳои методологии монографияро муқаррароти илмии назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, андешаҳои танзими сиёсӣ-таърихии муносибатҳои байналмилалӣ, андешаҳои танзими сиёсӣ-таърихии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ғайра ташкил менамоянд.

Монография метавонад барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷолиб ва мароқовар бошад ва дар ҷараёни таълими илмҳои сиёсӣ ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирад.

Гулрӯ  ИСМОИЛОВА