Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми ноябр

Як-рузи-АдабиётСоли 1864  нависандаи фаронсавӣ Морис Леблан, муаллифи китоб дар бораи Арсен Люпен таваллуд шудааст.

Соли 1891 дар Маскав коргардони филм, муҷассамасоз ва нависандаи аҳли Русия Лиля Брик ба дунё омадааст. Ӯро “Илоҳаи авангарди русӣ” меноманд. Дар бораи ӯ гуфтугӯҳо хеле зиёданд, вале шахсоне, ик аз наздик мешинохтанд, аксари овозаҳои берунаро рад мекарданд. Ӯ расман ҳақи меросбарӣ ба ниме аз  мероси эҷодии Маяковскийро ба даст оврадаву дар интишори китобҳояш саҳми арзишманд доштааст. Аввалин хона-музейи Маяковскийро ҳам дар Москав маҳз ӯ боз кардааст, вале баъдҳо онро бастанд. Лиля Брик фарҷоми фоҷеабор дорад. Дар синни 86-солагӣ даст ба худкушӣ задааст.

 

Фёдор ДостоевскийСоли 1821 дар Маскав нависандаи машҳуру таъсиргузори рус Фёдор Достоевский ба дунё омадааст. Бисёриҳо ӯро бузургтарин нависандаи равоншинохтии ҷаҳон медонанд. Эҷодиёти нависанда ба тамоми адабиёти ҷаҳон таъсири калон расондааст,  файласуфон ва нависандагон осори Фёдор Михайловичро хеле баланд арзёбӣ кардаанд. Беҳтарину машҳуртарин асарзои Достоевский “Бечорагон”. “Ҳамзод”, “Ҷиноят ва ҷазо”,  “Бародарон Карамазовҳо”, “Наврасон”, “Қиморбоз”, “Ҷинзадагон”, “Дафтари ёддошти рӯзонаи як нависанда” ва ғайра мебошад.

Достоевский аз пурхонандатарин адиби олам аст ва асарҳои ӯ бо аксари забонҳои машҳури олам тарҷумаву китобҳояш борҳо нашр шудаанд. Аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ аксари повесту романҳои ӯ баргардон шудаанд.

Романи «Бародарон Карамазовҳо»  дар ҳаёти нависанда охирин роман буд, ки онро моҳи ноябри соли 1880 анҷом додааст, 9 феврали соли 1881 бошад Ф. Достоевский олами ҳастиро падруд гуфт. Нависандаро дар қабристони Тихвини Санкт-Петербург ба хок супурданд.

Соли 1902 дар Леончин нависандаи  яҳудӣ Исаак Башевис-Зингер чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.  Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 1978 ба шумор меравад.

Соли 1914 дар Ню-Йорк нависандаи амрикоӣ Ҳовард Фаст ба дунё омадааст. Ҳовард аз модари муҳоҷири британиёӣ ба дунё омадааст ва падараш муҳоҷири украинӣ, вале ҳарду яҳудӣ буданд.

Соли 1922 дар Индианаполис нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Курт Воннегут таваллуд шудааст. Ў яке аз  насрнависони намоёни Амрико ба шумор меравад. Асарҳои «Садои Титан», «Модар-Зулмот», «Забҳхонаи рақами панҷ ё Сафари салибии кўдакон», «Субҳона барои қаҳрамонон» миёни дўстдорони асарҳои тахайюлӣ машҳуранд.

Соли 1926 дар Кадис нависанда ва шоири испонӣ Хосе Кабалеро Боналд ба дунё омадааст.

Соли 1926 дар Вустери иёлати Массачусетси Амрико нависанда Ной Гордон ба дунё омадааст. Дар романҳои  мавзӯъҳои таърихи тибб ва этикаи тиббиро пайгирӣ кардааст.

Вера-ИберСоли 1961 шоир, нависанда, наққош ва яке аз аввали ҳавонавардони рус  Василий Каменский дар синни 77 солагӣ аз дунё гузашт.  Вай соли 1884 дар шаҳри Перми Русия ба дунё омада буд.

Соли 1972 шоир, нависанда, тарҷумон, рўзноманигори замони шўравӣ Вера Инбер дар синни 82-солагӣ вафот кард. Вай барандаи ҷоизаи Сталин  дараҷаи дуюм буд. Муаллифи асарҳое чун “Писаре, ки вуҷуд надорад”, “Пурсишномаи вақт”, “Хати тӯли Пулково” мебошад.

Соли 1990 шоир, барандаи мукофоти байналхалқии ленинӣ дар соли 1977 Яннис Ритсос аз дунё гузашт.

Соли 2000 рўзноманигори замони шўравӣ, намоишноманавис, адабиётшинос Валерий Аграновский дар синни 71-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова,
сармутахассиси Шуъбаи
илмӣ-тадқиқотӣ.