Табрикоти Директори Китобхонаи Миллӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент
Ҳамватанони азиз, ҳамон гуна, ки медонед, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар ин Иҷлосия барои тақдири ояндаи миллати тоҷик тасмимоти бунёдиву дурандешона сурат гирифт. Дар иҷлосияи мазкур чандин масъалаҳои муҳиму зарурӣ барои таъмини сулҳу субот дар кишвар ва гузоштани пояҳои устувори давлатдориву қабули рамзҳои давлатӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл шуданд. Яке аз масъалаҳои матраҳгардида дар ин Иҷлосия ҳамчун раиси Шӯрои олии кишвар интихоб гардидани фарзанди баруманди халқ ва дар айни замон хеле ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Маҳз бо саъю кӯшиши раиси Шӯрои Олӣ сипас бо интихоби умумии мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра тамоми асос ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон гузошта шуда, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ поён дода шуду Тоҷикистон рӯ ба сӯйи суботу ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ қадам ниҳод.
Инак, аз он рӯзҳо 30 сол сипарӣ шуд ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикороти мондагори худ ва эътимоду боварии халқи тоҷик Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба як кишвари ободу зебо ва хонаи умеди тамоми тоҷикон табдил дод, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи мо намунаи ибрати кишварҳои дар ҳоли низоъ мебошад.
Бо дарназардошти хадамоти хастагинопазир ва ҷоннисориву фидокориҳои Пешвои миллат ихтисос додани рӯзе ҳамчун рӯзи Президент дар тақвими ҷашнҳои кишвари маҳбубамон амри воқеӣ ва садоқати бепоён ба хадамоти арҷманди Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи мубораку таърихӣ асрҳои аср ёд хоҳад шуд, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия намояндагони қишру гурӯҳҳои мухталиф сари тадбир омаданду арзиши миллият ва тоҷикиятро болотар аз хостаҳои дигар гузоштанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз заминаҳои мусоидро барои давлатсозиву давлатдорӣ фароҳам овард ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид.
Ҳамагон хуб медонанд, ки барои расидан ба рӯзҳои неку рӯзгори осоиштаи халқ, заҳмату талош ва ҷонбозиҳои бемислу монанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуданист ва намунаи ибрати ватанхоҳиву ватандорист. Пешвои миллат бо хидматҳои арзишманду мондагори худ устураи ватандориву миллатдӯстӣ барои наслҳои имрӯзу фардои Ватан гардидааст.
Бинобар ин таҷлили рӯзи Президент, ёдкарди кору пайкори ӯ ва эҳтиром ба хидматҳои мондагори Пешвои миллат вазифаи ҳар як ватандор аст.
Ҳамватанони азиз, бо истифода аз фурсат Шумо ва тамоми тоҷикони рӯйи ҷаҳонро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барои миллати фаррухболи тоҷик сулҳу ваҳдат, рӯзгори осуда, саломатии бардавом ва бақои давлати Тоҷикистонро барои ҳазорсолаҳо орзумандам.
30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва рӯзи Президент муборак ҳамдиёрони азиз!
Директори Китобхона миллӣ
Файзализода Ҷумахон Хол