Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22-уми ноябр

Як-рузи-таърих-22Соли 1621 шоири англис Ҷонн Донн кашиши ибодатгоҳи Павели муқаддас таъин шуд. Ҷон Донн шоир, ҳаҷвнавис, кашиши аҳли Англия буд, ки солҳои 1572 – 1631 зистааст.

Соли 1801 дар шаҳраки корхонаи Луганск шоир, мардумшинос ва забоншиноси рус Владимир Дал таваллуд шудааст. Далро бештар луғати тафсирии ӯ машҳур кардааст.

Соли 1869 дар шаҳри Порис нависанда, намоишноманависи фаронсавӣ Андре Пол Гийом Жид бадунё омадааст. Мавсуф барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. Андре Пол Жид муддати ним аср ҳузури намоён дар арсаи адаби Фаронса дошт ва таъсири шигифтовари навиштаҳояш дар солҳои пас аз Ҷанги ҷаҳонӣ бар аксари мухотибон ва ба вижа бар насли ҷавон инкорнопазир аст. Вай муаллифи асарҳои “Сардобҳои Ватикан”, “Рисолаи Наргис”, “Моидаҳои заминӣ”, “Зидди ахлоқ” ва ғайра мебошад.

Соли 1877 дар Эрминдсент шоир, публистист ва ходими ҷамъиятӣ Эндре Ади таваллуд шуд.

Соли 1878 шоир ва мунаққиди рус Пётр Вяземский тарки олам кард. Вай 86 сол дошт.

Соли 1888 гшоир ва намоишноманавис Виктор Нёбдинса ба дунё омад.

Абдулғанӣ МирзоевСоли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев дида ба олам кушод. Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972), Ходими хидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1959) ва РСС Ӯзбекистон (1966) буд. 16 августи соли 1976 тарки олам кард.

Джек ЛондонСоли 1916 дар  Глен-Эллен Ҷек Лондон – нависандаи шуҳратёри амрикоӣ, муаллифи беҳтарин романҳо ва повесту ҳикояҳо дар синни чиҳилсолагӣ аз олам рафт. Вай 12 январи соли 1876 дар шаҳри Сан-Франсискои иёлати Калифорния таваллуд шуда буд. Аввалин нависандаи амрикоӣ буд, ки аз роҳи навиштан ва фурӯши асарҳояш ба сарвати зиёд даст ёфт. Саҳнаҳое, ки дар асарҳояш тасвир кардааст, ба чашмони худ дидааст ва қаҳрамонони бештари достонҳояш касоне ҳастанд, ки  бо ӯ муошират доштаанд. Дар навиштаҳои Ҷек Лондон таъсири осори Чарлз Дарвин, Карл Маркс ва Фридрих Нитше ошкор аст.
Ҷек Лондон муаллифи романҳои “Духтари барфҳо””Овои вуҳуш”, “Гурги дарё”, “Бозӣ”, “Қабл аз одам”,  “Мартин Иден”, “Моҷароҷӯ”, “Тоуни сурх”, “Ситораи гирд”, “Хонуми кӯчак дар хонаи бузург”, “Ҷарӣ дар ҷазира” ва ғайра мебошад.  Чандин ҳикояҳо ва романи машҳури ӯ “Мартин Иден” ба тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудаанд.

Иллати марги нобаҳангоми адибро аксарият шаробхорӣ ва ҳатто заҳролуд шудан аз маводи мухаддир медонанд. Иддае аз муҳаққиқонаш ба ин назаранд, ки сарнавишти Мартин Иденро адиб дар худаш татбиқ кард ва даст ба худкушӣ зад.

Соли 1928 шоири суруднависи рус  Николай Николаевич Добронравов  ба дунё омад.

 Соли 1963 дар Оксфорд дар синни 64-солагӣ адиб, олим ва фақеҳи Англия ва Ирландия Клайв Люис аз олам гузашт. Вай профессори адабиёти англис буда, дар тӯли умри пурбораш дар заминаҳои гуногуни адабиёт осори бисёре падид овард, ки аксари китобҳои ӯ дар бораи илоҳиёти масеҳӣ ва адабиёти асрҳои миёна ва даврони эҳё аст. Аз ҷумла, “Тамсили ишқ”, “Мутолеоте дар боби калом”, “Таҷрибае дар боби нақд”, “Тасвири раҳошуда”, “Аз сайёраи хомӯш”, “Он қудрати зишт” ва ғайра мебошанд.

Соли 1963 адиби англис, нависандаи асарҳои тахайюлӣ,  файласуф  Олдос Хаксли дар синни 69-солагӣ аз бемории саратони гулӯ тарки олам кард. Марг ӯро дар шаҳри Лос-Анжелес дарёфт. Ба ӯ бештар романҳояш “Дунёи нави зебо”, “Бузина ва зот”, “Шаётини шаҳри Лудун”, “Ҷазира” шуҳрат оварданд.

Севги Сойсал

Соли 1976 дар шаҳри Истамбули Туркия нависандаи машҳур Севги Сойсал аз бемории саратон ҷони худро аз даст дод. Вай ҳамагӣ 40 сол дошт. Севги Сойсал соли 1936 ба Истамбул ба дунё омада, мактабро дар Анқара хатм кардааст. Хонум Севги бештар ҳикоя навиштаву аз ҳамин шуҳрат доштааст.

Таҳияи Б.Шафеъ