Китоби нав. Мунзифа Сайфутдинова. “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти радиологияи тиббӣ”
Фарҳанги тафсирии истилоҳоти радиологияи тиббӣ шарҳу тафсири зиёда аз 2000 калима ва ибораҳои соҳаи радиология ва рентгенологияро, ки ҷузъи он мебошад, дар бар мегирад. Дар фарҳанг барои равшану возеҳ гардидани моҳияти истилоҳ расми воситаҳои техникӣ ва электронӣ, асбобу таҷҳизот ва технологияи тиббие, ки ҳангоми ташхис ва табобати бемориҳо истифода мешаванд, оварда шуда, моҳият ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо нишон дода шудааст.
Ин дастури таълими- методӣ дар ҷаласаи Шўрои таълими – методии « ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» баррасӣ ва тасдиқ карда шуда, бо дарназардошти хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли с. 2022 ба чоп тавсия шудааст.
Китоб зери назари Ходими хизматнишондодаи илм, муовини роҳбари Ассотсиатсияи директорони институтҳои саратоншиносӣ ва радиологияи ИДМ ва АвруОсиё оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Д. Зикирёхоҷаев таҳия шудааст.
Дар сарсухани китоб омадааст: Фарҳанги тафсирии истилоҳоти радиологӣ барои мутахассисони самти ташхис ва табобати радиатсионию саратоншиносӣ, физикаи тиббӣ ва ихтисосҳои дигари ба он алоқаманд пешбинӣ шудааст.
Дар фарҳанг тафсири зиёда аз 2000 истилоҳот, ки номҳои технологӣ, дозиметрӣ ва клиникиро аз рентгенология, ташхиси радиатсионию саратоншиносӣ,муолиҷаи шуоӣ, физикаи тиббӣ, рентгенҷарроҳӣ, ултрасадо, ҳолатҳои патологӣ, ки дар онҳо ташхиси радиатсионӣ ва табобати радиатсионию саратоншиносӣ гузаронида мешаванд, фаслҳои асосии физиология, маълумоти мухтасари морфологӣ, номҳои анатомии соҳаҳое, ки дар ташхиси радиатсионӣ мавриди истифода қарор доранд, таҷҳизоти тиббӣ, ки ҳангоми ташхис ва табобати бемориҳо, аз ҷумла саратонӣ истифода мешаванд, тавсиф карда шудаанд.
Фарҳанг қисмати асосии истилоҳот ва таърифҳоро, ки аз забонҳои русӣ ва англисӣ сарчашма гирифтаанд, инчунин бахши иловагии ихтисороти маъмултарини забонҳои тоҷикӣ ва русиро дар бар мегирад.
Нақши муҳимтарини фарҳанг на танҳо тарҷумаи истилоҳот ё гурўҳи калимаҳо ва тафсири онҳо, балки дар як фарҳанг муттаҳид гардидани ҳамаи номҳои махсусгардонидашуда мебошад, ки ин имкон медиҳад, истилоҳоти соҳавӣ ва ихтисосҳои ба он алоқаманди ташхис ва табобати радиатсионию саратоншиносӣ зуд дастрас гарданд.
Барои равшану возеҳ гардидани тафсири истилоҳот дар фарҳанг расми онҳо, хусусан, расми воситаҳои техникӣ ва электронӣ, асбобу таҷҳизот ва воситаҳои тиббӣ, ки барои ташхис ва табобати бемориҳо пешбинӣ шудаанд, инъикос ёфтаанд.
Нашрия барои мутахассисони самтҳои рентгенология, радиология саратоншиносӣ, физикаи тиббӣ, муҳассилини низоми таҳсилоти тиббӣ, аз ҷумла таҳсилоти баъдидипломӣ пешбинӣ шудааст.
Китоби Мунзифа Сайфутдинова. “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти радиологияи тиббӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна НАЗАРОВА.