Матои бахту иқбол аст парчам…
Табрикоти директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол ба муносибати Иди Парчам
Инак аз он рӯзе, ки халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватанпарастӣ, дар рӯзҳои басо мушкил ва барои миллати тоҷик тақдирсоз, ки “Парчами миллӣ”-ро тасдиқ намуданд, 30 сол сипарӣ гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон дар рӯзҳое қабул гардид, ки кишвар дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва давлату миллатро хатари нобудӣ таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамон айём зарурати қабули рамзҳои давлатӣ ба миён омад, ки тибқи Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фарзандони бедор ва огоҳи миллат барои қабули рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами миллӣ камари ҳиммат бастанд.
Агарчи дар ибтидо дар мавриди чигунагии рангу шакли парчами қабулшаванда миёни аъзои комиссияи таъсисгардида ихтилофоти назарӣ вуҷуд дошт, аммо дар охир бо иродаи якҷояи намояндагон Парчами давлатии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситораи дигар дар маркази матоъ қабул гардид, ки ҳар ранги он дорои хусусият ва фалсафаи хоси марбут ба таъриху фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.
Бешак, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Чунончи, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Бинобар ин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иртиқои ҳувияти меҳандӯстии сокинони сарзамини куҳанбунёду навободамон – Тоҷикистони азиз шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола рўзи 24-уми ноябр ҳамчун рўзи «Иди Парчам» дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои таълимиву фарҳангии кишвар ҳамасола ин санаи таърихиро бо баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ-фарҳангӣ истиқбол менамоянд.
Воқеан, боиси ифтихори миллати шарафманди тоҷик аст, ки дар фазои орому осудаи меҳан ва истиқлоли сиёсии кишвар, аз саодату иқболи миллат ва дастовардҳои бузурги миллӣ ҳарф зада мешавад ва санаҳои муҳимми таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешаванд.
Бо истифода аз фурсат куллӣ ҳамватанони азизамонро ба муносибати “Иди парчам” шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки истиқлолу озодии меҳан абадӣ ва парчами миллӣ асрҳои аср парафшон бошад.
Иди Парчами миллӣ муборак!
Директори Китобхонаи миллӣ
Файзализода Ҷумахон Хол