Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мир Ҷамолиддин Муҳаммади Ваҳшат
Аз содоти таботабоии Ардистон аст. Ба сабаби каробати Мирмуҳаммаад Ҷумлаи Шаҳристонӣ ба Ҳиндустон омада буда.
Ӯрост:
Ба рӯйи нолаи мо то дари қафас боз аст,
Ба хотир он чи наёяд, хаёли парвоз аст.
Ҳаёро мониъи гулчинии дидор месозад,
Ба даври хештан ба бӯйи гул девор месозад.
Дар базми ёр дил ба хамӯшӣ нафас кашид,
Манзил забони нола зи коми ҷарас кашид.
Оқозамони Возеҳ
Аслаш аз навоҳии Исфаҳон асту дар замони шоҳ Сулаймон мағфур буда.
Ӯрост:
Машқи таҳаммулам зи лагадкӯби ғам расид,
Чун сатри ҷода аз қалами по шудам тамом.
Обро бар оташи марҷон бувад таъсири бод,
Ҷоми май бар оташи ҳусни ту тарфи доман аст.
Мулло Муҳаммадамини Восил
Аслаш Лоҳиҷӣ буда.
Ӯрост:
Беҷавҳарон ба тарбият одам намешаванд,
Шабнам ба бӯйи гул натавонад гулоб шуд.
Ҷоҳил ба хамӯшӣ магар аз айб барояд,
Ҷуз бастани лаб нест даво бӯйи даҳанро.
Дар ҳақиқат, айнаке беҳтар зи пушти чашм нест,
Дида чун бастӣ, ду оламро тамошо мекунӣ.
Ба шикваат чу шавад боз чашми гирёнам,
Фитад зи ашк гираҳ бар забони мижгонам,
Баъди мурдан мешавад охир раҳи кӯтоҳи мо,
Шамъсон андозаи умр аст тӯли роҳи мо.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Малика Абдуллоева.