Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода
Боқи Раҳимзода [Матн]: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳоли / Мураттибон З. Ғолибов, И. Ормонов; муҳаррирон Г. Маҳмудов, Н. Валиева; зери назари профессор Ҷ. Файзализода. – Душанбе: Эр-граф, 2020. – 132 с.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Боқӣ Раҳимзода аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти асри 20 аст, ки осораш дар радифи шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ба зумраи ашъори мондагор дохил шуда. Эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода ба туфайли арзишҳои пурқимати ғоявию ҳунарӣ аз сафҳаҳои дурахшони адабиёти навин, назми воқеъгарои қарни ХХ-и тоҷик ба шумор рафта, барои имрӯзиёну ояндагон низ замонавӣ садо хоҳад дод. Шеъри Боқӣ шеъри як рӯзу як сол набуд, бастаи замониву маконӣ нест. Он шеърест, ки барои ҳар замон хонандаи худро меёбад. Ин аст, ки шеъри ӯро мондагор гуфтем.
Боқӣ Раҳимзода фаъолияти эҷодии хешро аз солҳои сиюму чилуми асри ХХ оғоз намуда, аввалин осори ӯ дар солҳои донишҷӯиаш чоп шудаанд. Вай дар назмашъори ҷолиби хондани ва марҳилавии адабиётро офарида, дар инкишофи назми муосири тоҷик саҳми босазое гузоштааст.
Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбандӣ, омӯзишу тарғиби осори адабӣ ва адабиёт оид ба Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ Боқӣ Раҳимзода таҳия шудааст.
Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва кӯмакфеҳристҳо иборат мебошад.
Дар қисми аввал номгӯйи осори дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи осори дар нашрияҳои даврии чопӣ ва электронӣ интишорёфта, ҳамчунин тарҷумаҳои Боқӣ Раҳимзода гирдоварӣ шудаанд.
Қисми дуюми дастур адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Боқӣ Раҳимзода ва маводҳо дар бораи ӯро дар бар мегирад.
Номгӯйи ҳамаи асарҳо ба забони асл ва тибқи меъёрҳои стандартӣ оварда шудаанд. Мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шуда ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ комил гардида шудаанд.
Мавод дар қисмҳо ва дар зерқисмҳои дастур тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбоӣ ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Дастури мазкур маводи чопию электронии солҳои 1939-2020 нашршударо низ дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шудааст.
Барои осон дарёфт намудани мавод дар дастур нишондиҳандаҳои ёрирасони алифбоии асарҳо ва номӣ оварда шудааст.
Ба хотири ошноии комил пайдо кардан ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури мазкурро дар шакли нисбатан комил омода намуда, онро ба аҳли илму адаби кишвар ва доираи васеи хонандагон пешниҳод менамояд.
Боки Рахимзода [Текст]: Биобиблиография / Составители З. Голибов, И. Ормонов; редакторы Г. Махмудов, Н. Валиева; под общей редакции профессор Дж. Файзализода. – Душанбе: Эр-граф, 2020. – 132 с. (На таджикском языке)