Аҳмад Зоҳир Ҷаҳиш: Бо китоб насли худро парвариш бидиҳед!
Аз миёни гурӯҳи меҳмононе, ки аз Афғонистон ба Китобхонаи миллӣ рӯзи ҷумъа ташриф оварда буданд, бо Аҳмад Зоҳир Ҷаҳиш – хатмкардаи риштаи иқтисод ва масъули як маркази омӯзишу парвариш дар вилояти Кописои Афғонистон ҳамсуҳбат шудем. Ва чун суҳбат дар Китобхонаи миллӣ сурат гирифту аз ҷараёни диду боздидҳо ва таассуроташ аз ин боргоҳи маърифат сухан мекард, табиист, ки бахши азими суҳбати мо китобу китобхона буд. Ва нахустин суоли мо ҳам аз таассуроти аввалини ӯ аз Китобхонаи миллӣ буд.
– Аҳмад Зоҳир Ҷаҳиш ҳастам, намояндаи ҷавонони маркази вилояти Кописо ва масъули маркази омўзишии «Ҷаҳиш». Инсонҳо ба фазилати худ ба ҳар андозае, ки алоқаманд ба ҳар чӣ бошанд, бештар ба ҳамон чиз тамоюл мекунанд, то васл шаванд. Вақте ба кишвари дўсти Тоҷикистон сафар доштам, бештар тамоюл доштам бо афроди фарҳангӣ, илмдўст, китобдўст, ҳамсухану ҳамфикр шавам. Чаро, ки ин алоқаи деринаам буд. Ба ҳамин шакл худамро тарбия кардам. Бештар дар макони илму адабу дониш бузург шудам, худам ҳам чанд муддате маркази омўзишӣ доштам, атфоли мардумро тадрис мекардам, ба шогирдон дарс мегуфтам. Ба ҳамин хотир тамоюлам ба ин буд, ки Тоҷикистон биравам ва чун омадам, аз дўстон маълумот гирифтаму суроғаи Китобхонаи миллиро пайдо кардам.
Рўзе, ки дар Китобхона ҳузур пайдо кардам, бисёр аз фазояш, аз сохтмонаш, аз наққошияш ва аз гирду атрофаш, ки гулкорӣ буд, хоса афроде, ки бо шавқу алоқа тарафи Китобхона меомаданд, хурду ҷавону пир, ин бароям ҳаяҷонбахш буд, бисёр хурсанд шудам. Фахр кардам, ки ман ҳамчунон тоҷик ҳастам, ин миллати азизе, ки ман дар ин ҷо зиндагӣ мекунам, мардуми бофарҳанг, бо илм, бо дониш, тоҷикони худамон ҳастанд. Ба ин фахр мекунам, чунки ҳар ҷо миллати тоҷик аст, миллати тоҷдор аст, бо илм, бо фарҳанг бузург шудааст. Бо илму фарҳанг хуш дорад, ки зиндагӣ кунад.
Тавсия медиҳам, ки миллати тоҷик ва ҳамтаборони мо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бештар рў ба китоб биёранд, чун аз гузаштаҳо, аз таърих, аз ҷангҳо ва таҳаввулоти кишвари худ огоҳ шаванд. Баъдаш метавонанд тасмими хуб бигиранд. Ва ҳамеша боамал бошанд ва аз давлаташон ҳимояту пуштибонӣ кунанд. То қудрати тафаккур пайдо кунанд, то ба муваффақияту нақшаҳое, ки доранд, бирасанд.
Ҳар давлат ниёз ба ин дорад, ки миллаташ ӯро пуштибонӣ намояд. Аз ин қисмат бисёр хурсандам, ки миллати Тоҷикистон ҳамроҳ бо давлаташ пеш меравад ва миллат давлатрову давлат миллаташро кумак мекунад, яъне лаззатбахш аст.
Вақте ба фазои мутолиахонааш (толори хониш) ворид шудам, тамоми донишомўзону донишварон, аҳли фунун илму адаб, муҳассилини донишгоҳ нишаста буданд, дарс мехонданд. Бисёр фазои самимият буд, чӣ духтарҳо чӣ писарҳо он ҷо ҳузур доштанд. Орзу доштам, ки дар зиндагӣ ин қисматҳоро бубинам. Тамошо кардам ва лаззат бурдам. Тасмим гирифтам, ки ҳафтае 1-2 маротиба Китобхона бираваму мутолиа кунаму лаззат бибарам.
Як қисмати барои ман бисёр хоси хос, ин буд, ки тамоми таърихи 5 ҳазорсолаи таҳаввулоташ, тарақиёташ, гузаштаҳояш рўи як тасвире, ки кашида шуда буд, дар ошёнаи 3 буд, ки аз диданаш бисёр хурсанд шудам. Ва инро ҳис кардам, ки воқеан мо тоҷикони Афғонистон дар дили мардуми тоҷик ҷо дорем ва онҳо дар қалби мо ҷо доранд. Муҳаббат, самимият, бародарӣ ва баробарӣ ҳис кардаму билохира инро бо охирин қатраи хуне, ки дорем, аз муҳаббату самимияташон дифоъ хоҳем кард. Роҳбалад моро ба тамошои тасвири бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шариф бурд. Дар он наққошӣ, ки «Аз давра ба давра, аз дида ба дида» ном дошт, қаҳрамони миллии кишвари мо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро бо мақоми олии Тоҷикистон дидам, ки бароям бисёр ғурурофарин буд. Вақеан мо тоҷикони Афғонистон бо Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дуриву фосилае надорем. Қалбан бо ҳам якҷо ҳастем. Билохира, аз як дину як аҷдод ҳастем. Ин бароям ифтихорофарин буд. Ва таҳавуллоте, ки дидем, муоҳидаи сулҳе, ки дидем таърихи гузаштагоне, ки вуҷуд дошт, файласуфону, овозхонону ҳунармандоне, ки дар тасвир акс ёфта буд, бисё олӣ буд. Як чизи умқан хушоянд буд. Ҳар нуқтаи он маро ғарқи андеша менамуд, фикр мекардам, ки Худоё чӣ вақт мешавад, ки кишвари мо ҳам оромӣ дошта бошад? Эй кош мо ҳам метавонистем таърихе, ки дорем, рўи чунин тасовир бикашем, аз тарзи тафаккури мардуми тоҷик, ки ҳамтабори мо ҳастанд, истифода кунем.
-Боз аз чӣ хушатон омад?
– Бахши дигари Китобхона, ки шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир буд, ки дар он ҷо китобҳо бо хати форсӣ вуҷуд дошт, рафтему дидем ва афроде, ки масъул буданд, чун фаҳмиданд мо аз Афғонистонем, хестанду эҳтиром карданду бисёр бо муҳаббат муносибат карданду барои мо ҳама ҷоро намоиш доданд. Китобҳое, ки он ҷо дидам, якеаш аз Мир Ғулом Муҳаммад Ғубор, ки яке аз донишварон ва таърихнигорони тоҷик аст, ки «Афғонистон дар масири таърих» навишта ва инро ҳам баён кардааст, ки тоҷикон чӣ фарҳанги олие доштанд, дар ҳар куҷое, ки зист карданд, дар ҳар нуқтаи дунё, ки ҳастанд, Афғонистон ҷузъе аз қаламрави дунёст, ки воқеан афроди фарҳангӣ ба дунё додааст: бо илм, бо дониш. Тақрибан 5 ҳазор сол таърих доштанд, таърихе, ки шукуфоӣ ба сари ду дунё овард, таърихе, ки Ҳиндустонро ба ларза оварда буд, Ҳатто Аврупову Амрико аз ў тақлид мекарданд, таърихи тоҷикони баландқомат, тоҷикони тоҷдор ба сар доранд. Китоби фалсафаҳои адабӣ, фарҳанги форсӣ, фарҳанги форсӣ ва дарӣ вуҷуд дошт. Хулоса, фазое, ки эҷод шуда буд, фазои академикии Афғонистон буд.
Қисмати баъдӣ бароям лаззатбахш буд, ки ҳар кӣ маро дар Китобхона медид, мегуфт ту чеҳраи тоҷикӣ дорӣ. Вақте роҳбалад ба кормандони шуъба моро муаррифӣ кард, як корманди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир аз ман пурсид шумо афғонистониед. Фикр кардам дарвозӣ ҳастед.
Чизе ҳаст, ки боварнакарданӣ. Мо ҳамчунин баданӣ тоҷик ҳастем, дар қавмияти худ, дар миллати худ тоҷик ҳастем, ба ҳамин хотир ифтихору фахру ғурур мекунем.
– Дар Афғонистон адабиёти китобхонаатонро аз кадом ҳисоб зиёд мекардед?
– Хурду калон ба китобхонаи мо китоб туҳфа медод. Масалан Аҳмад Зиё Шоён 5000 ҷилд китобҳои нав туҳфа дода буд ва дидгоҳи худро навишта кард, ки «Китоб василаи интиколи арзишҳои дину дониш миёни инсонҳо ва тамаддунҳои башар дорад ва ҷойгоҳи баланде дар ислом дорад…»
Касони дигаре ҳам барои мо зиёд китоб туҳфа доданд. Дар ин акс тифлакро бубинед ба китобхонаи мо китобе бо номи «Ман динамро дўст дорам» туҳфа дода буд.
-Шумо ба хонандагонатон китоб низ туҳфа мекардед?
– Бале. Барои хонандаҳои мактаб китобҳо туҳфа додем. Ба ҳар касе китоб медодем, ўро мехонду барояш китоби дигар медодем.
– Дар поёни суҳбат чӣ гуфтаниед?
– Сухани охир ҳамин аст, ки ман ҳамчунон дар кишвари худ, вилояти Кописо, шаҳри Маҳмудуроқӣ, ки маркази Кописост, дар вилояти Панҷшер ва Парвон бо пули худ, ки 5 сол дар марказҳои омўзишӣ дарс додаму маблағ ҷамъ кардам, ҳадар назадамаш, ҳамон маблағро гирифтам китобхона сохтам, ки тақрибан 2000 ҷилд китоб харидорӣ кардам. Аз бахши китобхонаи Донишгоҳи Кобул, Иттиҳодияи Аврупо китоб кумак гирифтам. Ба ҳамин хотир, ки атфоли мо биёянд дарс бихонанд, мусафедони мо биёянд бо муҳаббат қисса кунанд таърихи гузаштаро ва билохира иқтидори гузаштаи моро, ки битавонем бо илму фарҳанги гузаштагонамон, таърихи тоҷикон, ки иқтидори мо буд, бохабар шавем.
Мақсади китобхонаи мо ҳамин буд, ки бояд миллати бедор бошем, чун таърихи мо таърихи иқтидор буд, таърихи ғурур буд, таърихи фахр буд. Мо аз ў огоҳ шавем. Китобхонаро сохтем бародарони мо, ҷавононамонро бо китоб бузург кунем, ки мо таърих доштем, фарҳанг доштем, мо лаззат дорем, мо ифтихор дорем, мо ғурур дорем, мо миллати тоҷики боифтихор ҳастем. Аз ин хотир китобхонаро ташкил кардаму ба атфоли худ, ба атфоли бепарастор, атфоле, ки падарону модаронашон дар ҷангҳои Афғонистон буданд ё шаҳид шуданд (масалан дар як деҳа 120-150 нафар шаҳид шуданд), атфоли инҳо бесарпаноҳу ятиму бесарпараст буданд, фунуни дарсӣ доштем. Ҳатто дар давраи қарантин (маҳдудиятҳои куруноӣ) дарс додем, феълан ҳам дорем, ки худамон ройгон дарс медодему лаззат мебурдем. Мо дарди дил медоштем, ки инҳо бояд бесарнавишт намонанд, мо ҷавонҳо, ки илм омўхтем, бояд ба инҳо биёмўзонем, тавонем дар оянда Афғонистоне, ки мо тасаввур мекунем: бо пешрафту тараққӣ ва фановарӣ дошта бошем, ба ў бирасем. Аз ҳисоби худ барояшон китобча ва тахтача харидем.
– Ба миллати тоҷик шояд паёме доред?
– Паёми охир ба миллати ғайюри тоҷик ҳамин аст, ки ҳар миллате, ки китоб намехонад, таърих ба ў таҳмил мешавад, аз ин рў ба дўстони тоҷики худ, ба ҳамтаборони худ орзу дорам, ҳамеша бо китоб зиндагӣ кунанд, бо китоб насли худро парвариш бидиҳанд, бо китоб ошно шаванд, то бидонанд фановарӣ ба сад дунёст, бояд инҳо даст биёбанд шафоате, ки ба сад дунёст, бояд инҳо дахил бошанду бисозанд. Чӣ ман як тоҷики Афғонистон ба вуҷуд биёварам чӣ як тоҷике, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Чун ифтихори мову шумо куллаш як чиз аст. Аз барои ҳамин эҳсос тарғибу ташвиқ мекунам, ки мо бояд китоб бихонем, бояд иқтидори гузаштаи худро тоза кунем, фарҳангу адабиёту билохира ғурури худро дошта бошем, шафоате дар сад дунё дошта бошем. Агар китоб нахонем, гузаштаи торику сиёҳе, ки болои мо омада, ҷангҳое, ки болои мо таҳмил шуда буд, он як бори дигар болои мо таҳмил хоҳад шуд, чун бе китоб агар зиндагӣ кунем, таърихро агар нафаҳмем, ки гузаштаҳои мо, ки алайҳи низом, алайҳи ҳукумат ҷанг карда буданд, ба хотири бадбахтияшон, ба хотири камилмияшон, камсаводияшон ҷанг карданд ва кишварҳоро табоҳ карданд, ки ҷанг воқеан нобудкунанда аст.
Ягона чизе, ки дар зиндагӣ нафрат дорам ҷанг аст. Аз Худои худ мехоҳам, ки ҷанг дар кишвари ман тамом шавад.
Мусоҳиб Раҳима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.