Аҳмади Шомлу – шоири тозагӯи эронӣ
Ҳам шоир буд ва ҳам рӯзноманигор, ҳам нависанда ва ҳам фарҳангнавис, ҳам пажӯҳишгар ва ҳам мутарҷим. Ҳунари ровигӣ дошт, ғазалиёти классиконро хеле хубу ҷолиб мехонд. Садои ҷаззоб дошт, шеърро ба маъно мехонд, аз қироаташ кас ба маънии шеър мерасид.
Аҳмади Шомлу ( тахаллусҳояш «А» (Алиф), «Бомдод» ва «Субҳ»; 12 декабри соли 1925 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Шоири эронӣ. Таҳасилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро ба таври номураттаб дар шаҳристонҳои Эрон идома дода, дар 19-солагӣ (1944) барои таблиғоти зиддианглисӣ зиндонӣ шуд. Соли 1945 озод гардид.
Аз таҳсил даст кашид ва ба рўзноманигорӣ, тарҷума, нависандагӣ машғул шуд. Сардабири маҷаллаҳои «Китоби ҳафта», «Хўша», «Китоби ҷумъа» ва ғайра буд.
Мачмўаи нахустини ашъораш «Оҳангҳои фаромўшуда» (1947) шеърҳоеро дар бар мегирифт, ки зери таъсири андешаҳои романтикҳои Фаронса Ламартин, В. Ҳуго ва нависандаи эронӣ Содиқ Ҳидоят навишта шудаанд.
Аз солҳои 50 асри 20 сар карда 17 маҷмуаи ашъори Шомлу ба табъ расидааст, ки дар миёни онҳо маҷмуаи «Ҳавои тоза» қобили таваҷчуҳ аст. Аз ҳамин маҷмўа таъсирпазирии амиқи ў аз шеъру ақидаҳои адабӣ- зебоипарастии Нимо Юшиҷ оғоз ёфтааст. Дар шеъри Шомлу инчунин таъсири се шоири дигар – Пол Элюар, Федирико Гарсиа Лорка ва В. Маяковский ба назар мерасад. Аз В. Маяковский А.Шомлу дар шеъри «Ҳарфи охир» (14 апр. 1952) ёд мекунад, ки аён аст, он дар таъсири шеъри «Абри шалворпўш»-и В. Маяковский навишта шудааст.
Шеъри Аҳмади Шомлу дорои якчанд хусусият аст: вай мавзўъи шеърро ба муҳити шаҳр наздик кардааст, ба суннатгароён мухолиф аст, ба ақидаи вай шеъри имрўз бояд дар қолаби имрўз суруда шавад; шоир бояд дар умури иҷтимоӣ дахолат кунад; Шомлу аз забони мардум, калимаҳои лаҳҷавӣ ва омиёна истифода кардааст. Ў дар таҳқиқ низ қувваозмоӣ кардааст: рисолаҳо дорад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ, рубоиёти Умари Хаём, дубайтиҳои Абусаиди Абулхайр ва Бобо Тоҳир. Ба гирдоварӣ ва нашри адабиёти шифоҳӣ низ машғ «Адабиёти кўча» чандин ҷилд китоб ба табъ расонд. Умуман Аҳмади Шомлу чун поягузори шеъри сафед ё озоди нимоӣ шинохта шуда, аз байни шоирони ҳамзабон пайравон дорад.
23 июли сол 2002 дар Караҷ аз дунё даргузашт.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С.162.
Муаллиф О.Хоҷамуродов
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Аҳмади Шомлу ин матолиб дастрас аст:
Шарифзода Муд Мигро. Ҷанбаҳое аз навпардозиҳо дар ашъори Доро Наҷот ва Аҳмади Шомлу.– Душанбе. – 2013. – 124 с.
Сӯгсуруд дар марги Фурӯғи Фаррухзод // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 15 июл.
Марги Носирӣ: Шеър дар бораи Исои Масеҳ / Таҳияи А. Ҳамроҳ // Паёми Душанбе. – 1993. – 27 феврал.
Шарифзода, М. Бо дафтаре аз шеъри нав: Ҳошияи баҳс дар атрофи шеърҳои кутоҳе аз Шомлу ва Доро Наҷот // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 10 март.
Ёднома аз шоири ишқу озодӣ: Бахшида ба солгарди шоири номдори Эрон Амади Шомлу // Имруз news. – 2016. – 29 июл.
Шуъбаи библиографияи миллӣ.