Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ

 

Аз авохири қарни гузашта унверсалишавии фарҳанг бештар ҳамчун ҷаҳоншавии (глобализатсияи) он тавзеҳ мешавад. Дар ин мафҳум ду маънӣ нуҳуфтааст. Нахуст, ҷаҳоншавӣ ба маънои раванди тиббиӣ густаришу нуфузи беҳтарин дастовардҳои фарҳанги «олӣ» -и ҷаҳон, ба фарҳангҳои миллӣ пеш аз ҳама, ба фарҳангҳои  «поин» ба мақсади боло бурдани онҳо дар саҳти фарҳанги кишварҳои аз нигоҳи иқтисоду технология пешрафта ироа мегардад.

Дувум, ҷаҳоншавӣ ба ҳайси саъйу талоши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба хотири ҳукмрон будан бар халқҳову фарҳангҳои кишварҳои дигар, ба вижа, кишварҳои Шарқ ва ҳавзаи фарҳанги исломӣ ба манзури истисмори онҳо тавассути мутеъсозии фарҳангҳои миллӣ ба меъёрҳои фарҳанги ҷаҳонӣ (бо афзалияти фарҳанги амрикоӣ), яъне ҳамчун ғарибкунонии фарҳангҳо маънидод карда мешавад.

Дар асл, ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллиро аз байн мебарад, арзишҳои миллиро дигаргун ё беқадр месозад . Як мисоли одӣ. Маҳсулоти «Мак Доналдс (Mc Donalds)»-и америкоӣ ҷои ғизои суннатии бисёр халқҳоро танг кардааст ва ё забони ангилисӣ ба таври фаъол ба ҳаёти рўзмараи зубдагони бофарҳанги халқҳои ҷаҳон ворид шуда, тавассути онҳо истилоҳоту вожагон ва ҳатто наҳви забони ангилисӣ бар забонашон нуфуз пайдо мекунад .

Ҷои тазаккур аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ бештар ба фарҳанги омма ё муқаррарӣ ва ба забони қолабиву дар сатҳи одӣ қарор дошта майли дорад, на ба фаҳранги валову забони ғаниву салис. Аз ин рў, муҳимтарин ҷанбаи ҷаҳонишавӣ табдили фарҳангу шуури омма ба шакли тиҷорати фоидаовар ва маҳор кардани фазои иттилоотӣ ба маҷрои интегратсиониву ҳидоятшавандаи иқтисоди фаромиллӣ (трансмиллӣ )мебошад.

Ҷаҳоншавӣ аз ҳама анвои фарҳанг, бештар ба фарҳанги омма (массовая культура) таваҷҷуҳ дорад. (Фарҳанги омма  аз фарҳанги оммафаҳм ё сода (папулярная культура) ҷудост). Зеро ин фарҳанг бар пояи архетипҳо (кўҳанулгу ё нахстобразҳо) устувор аст, ки он аз дарки нохудогоҳи таркибҳои асосии ҳаёти рўзмараи инсонҳо, аз  қабили ишқ, хушунат, меҳнат, саодат ва амсоли он, таркиб ёфтааст. Воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) имрўз ин фарҳангро барои миллионҳо нафар дастрас мекунад. Маҳз ҳамин вижагиҳои ин фарҳанг ҷанбаи хатарноки он аст.  Дар даврони ҷоҳоншавӣ муҳим он аст, ки ВАО дар дасти кадом мафкура ва идеология қарор  мегирад. Зеро аз гардонандагони  ВАО мазмуну ҳадафи фарҳанги омма ва таъсири он ба афкору андешаи тўдаҳои мардум вобастагии калон дорад. Барои далели ин гуфтаҳо, татбиқи марҳила ба марҳила ва тадриҷии доктринаи зидди шўравие, ки аз забони сиёсатмадори вақти америкоӣ Ален Даллес (охири солҳои 40-уми қарни XX ) чунин  баён гардида буд, мисол беҳтарин аст:

«Лаҳза ба лаҳза фоҷиаи марги ин мардуми саркаши рўи замин бо хомўш сохтани худогоҳии ў ба роҳ монда мешавад. Адабиёт, театр ва кино ҳама дастаҷамъона пастарину зиштарин, эҳсосоттарин эҳсосоти шаҳвониву ваҳшонии инсонро тасвиру таблиғ мекунанд. Мо ҳамаҷониба он ҳунармандону адибонеро дастгирӣ мекунем, ки ба воситаи ҳунару осори хеш дар шуури одамон парастиши шаҳвату зўрӣ, садизму хиёнат, хулоса тамоми воситаҳои балоқиро талқин мекунад.

    Дар идороти давлатӣ мо бесарусомонӣ ва харҷу марҷро ба вуҷуд меорем. Поквиҷдониву шарофатмандӣ мавриди тамасхур қарор гирифта, ба мероси гузаштаи нолозим табдил меёбад. Бешармию густоҳӣ, дуруғу фиреб, бадмастиву нашаъмандӣ, тарси ҳайвонӣ аз якдигар, беҳаёӣ ва миллатгароии инфиротиву душмании байни халқҳо чун гулҳои пурбарг дар он ҷомеа мешукуфанд» (иқтибос аз китоби Б.И. Олейник. Шоҳи зулмот // Роман газета. М:1993).

Тавре ки таърих нишон дод, дар фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ яке аз омилҳои асосии он ҳамон барномаи фавқ буд, ки ба тадриҷ аз ҷониби ИМА ба воситаи интишору таблиғи фарҳанги омма амалӣ гардид.

Дар бораи нақши фарҳанги омма дар ҳаёти иҷтимоии ҷаҳони муосир донишмандони зиёди Ғарб изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, О.Шпенглер дар асараш “Ғуруби Аврупо», А. Швейтсер дар «Фарҳанг ва ахлоқ», Х. Ортеги –и Ҳассет дар «Қиёми тўдаҳо» ва Эрих Фром дар «Доштан ва будан» ҷанбаҳои фарҳангии оммаро ба таври ҷиддӣ таҷзияву таҳлил намудаанд. Дар пажўҳишҳои эшон фарҳанги оммаи муосир ба ҳайси ҳадди аксари намунаи маънавияти вобаста, ки василаи бегонагӣ ва афсурдахотирии шахс ва таҷассумгари муносибати худсарона ба арзишҳои ҳаёти инсон мебошад, арзёбӣ гардидас т…

Иқтибосе буд аз китоби донишманди тоҷик Олимҷон Хоҷамуродов, ки ахиран чоп ва ҳол ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст. Дар ин китоб мақолаҳои доктори илми филология, профессор Ҳоҷамуродов   Олимҷон  гирдоварӣ шудаанд, ки перомуни масоили гуногуни фарҳанги миллӣ ва рисолати он дар замони ҷаҳонишавӣ таълиф гардидаанд. Аз ин рў, онҳо на аз нигоҳи таърихи таълиф, балки аз лиҳози масъалаҳои мавриди баҳс гурўҳбандӣ шудаанд. Дар охири маҷмуа аз ду муҳаққиқи хориҷӣ ду мақолаи арзишманде, ки ба фарҳангии миллии мо робитаи бевоситаи дошта ва барои ҳаводорони фарҳангу таърихи миллӣ муфиданд, аз тарафи муаллиф бо андаке тавзеҳу тафсир ба алифбои имрўзии тоҷикӣ баргардон шудаанд, пешкаши хонандагон шудаанд.

Китоби “Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутоиа намоед.

Таҳияи Гулрӯ Исмоилова