А.Шабистарӣ: Мо якем андар ҷудоӣ, ҷудо андар якӣ
30 сол пеш, аниқтараш 9-уми сентябри соли 1994 рӯзномаи “Ҷумҳурият” бахшида ба солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби оқои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ мусоҳиба анҷом дода ва дидгоҳи ишонро ба вазъи онрӯзаи кишвар, равобити Тоҷикистону Эрон, музокароти сулҳ ва дурнамои сулҳу субот дар кишвари мо пурсидааст. Маврид ба таъкид аст, ки ин дипломати баландпояи ҶИЭ, ки аввалин сафири ин кишвар дар Тоҷикистон буд, дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон саҳми босазо дорад. Маҳз оғози фаъолияти дипломатии ӯ ба аввалин солҳои истиқлоли кишвари мо рост омад ва ӯ чун як фарди огоҳ аз таърихи ду кишвар тавонист дар барқарории равобити дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон талошҳои созанда анҷом диҳад.
Ҳамкорамон Манзураи Ҷомизода аз бахши матбуоти даврӣ ин суҳбатро рӯи коғаз овардааст, ки гумон мекунем хондани он барои ҳамагон муфид хоҳад буд.
Инак, он мусоҳиба:
– Муҳтарам ҷаноби сафир, саввумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон фаро мерасад. Дар ин муддат кишвари мо бо бисёр мамлакатҳои дунё, аз ҷумла ҷумҳурии ба мо дӯсту бародари Эрон низ робитаҳои ҳасана барқарор кардааст. Дар оғоз мехостем мухтасар пиромуни рушди муносибатҳои Эрону Тоҷикистон каме маълумот медодем.
– Ба номи Худо. Дар оғоз саввумин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро аз ҷониби мардум давлат ва сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамоми мардум ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва таҳният гуфта, беҳрӯзӣ ва саодат барои фард-фарди бародарон ва хоҳарон ва шукуфоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи ин кишвари азизро аз Худои бузург хостгорам. Истиқлоли Тоҷикистон барои мо куллияи форсизабонони дунё мавҳибати (эҳсони) бузурге аст. Баракати ҳамин истиқлол буд, ки даврони ҳиҷрон байни мо ва ҳамзабонон ва ҳамдилону ҳамдинонамон ба сар омад ва ду пораи тан яке шуд ҳарчанд, ки дар ҷудоӣ ҳам яке буд, ки МО ЯКЕМ АНДАР ҶУДОӢ, ҶУДО АНДАР ЯКӢ. Шумо медонед, ки Сафаорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе аз январи 1992 шурӯъ ба кор кард ва муддати 3,5 сол ба унвони пули иртиботӣ дар таҳкими ҳамаҷонибаи равобит ва пайванди робитаҳои гусаста байни мардумони ду кишвар тамоми ғайрат ва кӯшиши худро ба кор гирифт. Имрӯз ҷои басе хушвақтӣ аст, ки ба рағми тундбоди ҳаводиси солҳои охир дар Тоҷикистон равобити фимобайн рӯз ба рӯз густариш ёфта ва мардуми ду кишвар ба васли ҳам расида ва гумгаштаи худро боз меёбанд.
Беш аз 1500 нафар дар 120 ҳайати муташаккил аз мақомоти давлатии Тоҷикистон, устодон, академисиянҳо, шоирон, олимон, ҳунармандон ва варзишкорон ба Эрон рафта ва садҳо нафар турист низ аз аҳолии Тоҷикистон аз ватани дуввумашон дидан карданд. Ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвар ба наҳви матлубе густариш ёфта ҳунармандони Тоҷикистон ва Эрон ба муносибатҳои мухталиф ба кишварҳои якдигар сафар мекунанд. Ҳамкории байни асотиди донишгоҳҳо оғоз шуда, зарфи чанд ҳафтаи оянда 100 тан аз ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил ба Эрон хоҳанд рафт. Ба зудӣ ҳафтаҳои фарҳангии ду кишвар дар пойтахтҳои якдигар баргузор мешавад ва корҳои бисёр зиёде дар ин замина сурат гирифта. Охирин ҳайати фарҳангӣ, ки аз Эрон ба Тоҷикистон омада ҳайати 80-нафараи ширкаткунанда дар ҷашни ҳазораи “Шоҳнома” ва саввумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аст, ки ба сарпарастии муовини муҳтарами раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Дар ин ҳайат асотиди барҷаста ва муҳаққиқини шинохташудаи “Шоҳнома” ва ҳунармандон узвият доранд.
Дар мавриди равобити иқтисодӣ ҳам шумо медонед, ки мушкилоти дохилии Тоҷикистон ба робитаҳои иқтисодии шумо бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла равобити иқтисодӣ бо Эрон халал ворид кард, ки бо беҳбуди шароит ва омода шудани заминаи мусоид ин гуна корҳо низ тавсеа меёбад. Бояд бигӯям тавофуқномаҳои имзо шуда, байни ду давлат имкони ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, саноъеи мухталиф ва тиҷоратиро медиҳад. Ин нуқтаро бояд ёдоварӣ кунам, тиҷорати бахши хусусии Ҷумҳурии Исломӣ бо Тоҷикистон дар соли 1993 нисбат ба соли 1992 рушди қобили мулоҳиза дошта ва тақрибан 10 баробар шудааст. Ахиран шуъбаи бонки “Тиҷорат” – яке аз бонкҳои муҳими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ифтитоҳ шуд, ки мусалламан дар густариши муносиботи тиҷории байни ду кишвар муассир хоҳад буд. Омӯзиши коромӯзони бонкӣ ва диплумотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз корҳое аст, ки анҷом шуда ва идома хоҳад ёфт. Мулоқотҳои байни мақомоти ду кишвар ҳам аз аҳамияти хосе бархӯрдор буда, ки аз ҷумлаи онҳо ба дидори ҷаноби оқои Раҳмонов ва ҷаноби оқои Рафсанҷонӣ дар Истанбул ва дидорҳои вузарои хориҷии ду кишвар дар Истанбул, Карочӣ ва Теҳрон мнбошпд, ки мусалламан ин гуна дидорҳо барои равшантар шудани мавозеъи кишварҳо, барои якдигар ва таҳкиму густариши равобит метавонад бисёр муассир воқеъ гардад. Дар ироъаи кӯмакҳои бародарона аз сӯи Ҳилоли Аҳмар ва сафорат низ аз наврӯзи 1371 (1992) то кунун ба таври мустамир идома дошта ва мо ба унвони вазифаи динӣ ва инсонӣ ин гуна кӯмакҳоро идома хоҳем дод. Зимнан, бояд изофа кунам, ки рафту омади ҳайатҳо ва кӯшишҳои сафорат сабаб гардида, ки мардуми ду кишвар иттилоъоти бештаре нисбат ба ҳамдигар пайдо карда ва алоқаҳои гусаста пайванд ёбанд.
– Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки ба тариқи зӯрӣ ҳал намудани моҷарои атрофи Тоҷикистон аз имкон берун аст. Роҳи ягона ба сӯи ваҳдат ва сулҳу оромиш музокироти тарафайни даргир мебошад. Кишвари шумо баҳри ба роҳи осоишта аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта ва пешрафти музокирот байни тоҷикҳо саҳми арзанда дорад. Лутфан бигӯед, ки феълан тарафи Эрон баҳри муваффақияти ин музокирот ҳамчун як кишвари дӯст чӣ иқдом мекунад?
– Мо аз ибтидои даргириҳои дохилии Тоҷикистон мӯътақид будем ва эълом ҳам карда будем, ки танҳо роҳи ҳалли ихтилофот аз роҳи музокирот аст. Раиси ҷумҳури кишвари мо аввалин Раиси ҷумҳури як кишвари хориҷӣ буданд, ки дар моҳи майи соли 1992 эъломи омодагӣ барои кӯмак ба ҳалли мусолиматомези ихтилофот намуданд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе низ ҳамвора тарафҳои даргирро ба якдигарфаҳмӣ ва ваҳдат ва болотар гирифтани манофеъи миллӣ бар манофеъи фардӣ ва гурӯҳи даъват намудааст. Даргириҳои Тоҷикистон ҷуз талафоти ҷонӣ ва хисорати иқтисодӣ чизи дигаре насиби ин кишвар накарда ва ҳеҷ фарди тоҷикистонӣ баҳра набурда ва фақат ба нафъи душманону бадхоҳони ин мулку миллат аст. Аввалин кишваре, ки аз даргириҳо ва нооромиҳои минтақа ба вижа Тоҷикистон зарар мебинад Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Мо ҳама гуна кӯшишу ғайрати худро дар ҷиҳати ҳалли мусолиматомези мушкилоту ихтилофоти кишварҳо дар минтақа ба кор мегирем. Аз ҷумла дар бӯҳрони Қарабоғ ва ҷанги дохилии Афғонистон дар хатарноктарин шароит намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳаллу фасли онҳо миёнҷигарӣ кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳам ҳамин тавр буда, мо кӯшиши фаровоне ба кор бурдаем то мавозеъи тарафайн барои якдигар равшан шавад. Мутаасифона, яке аз иллатҳои адами боварии тарафҳо нисбат ба якдигар иттилоъи саҳеҳ надоштан аз назариёти якдигар аст ва бархе воситаҳои хабарии хориҷӣ ҳам дар бештар шудани шикоф кӯмак мекунанд. Мо ҳар ду тарафро ташвиқ мекунем ба овозаҳо таваҷҷуҳ накунанд ва саъй дошта бошанд, ки хабарҳоро аз тариқи манобеъи мувассақ ба даст оваранд. Мо итминон дорем тамоми онҳое, ки ба сарнавишти ин кишвар ва мардуми он фикр мекунад, нигарони он ҳастанд новобаста аз он, ки ба кадом гурўҳ тааллуқ дошта бошанд аз кушта шудани бародарони худ ва оворагии занҳову кӯдакону мӯйсафедон ва бадтар шудани вазъи иқтисодии кишвар дар ранҷу азоб ҳастанд ва мехоҳанд ҳар чӣ зудтар ин вазъ поён ёбад.
Дар мавриди музокироти байни тоҷикон ҳам бояд бигӯям ки дуввумин даври музокироти сулҳи Тоҷикистон таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон заминаҳои лозим барои истиқрори оташбасро фароҳам намуд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои барқарории сулҳ ва оштии миллӣ куллияи имконоти худро ба кор гирифт, аммо ихтилофот бар сари таърихи иҷрои оташбас монеъ аз имзои санад гардид. Баъд аз музокироти Теҳрон, мутаассифона шароит рӯ ба вахомат гузошта ва мо шоҳиди даргириҳои бештар ҳастем. Мо аз вазъи иҷодшуда хеле нигарон ҳастем ва лозим медонем кишварҳои минтақа ва Созмони Милал барои одисозии авзоъ дар ҷиҳати манофеъи акшори мухталифи мардум беш аз ҳар замони дигар фаъолият кунанд. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафарҳои худашон дар моҳи августи 1992 ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ бӯҳрони Тоҷикистонро бо руасои ҷумҳур ва руасои порламон ва вузарои хориҷаи ин кишварҳо ба таври муфассал дар миён гузошт. Мо бар ин ақида ҳастем, ки талошҳои Созмони Милал беш аз ҳар замони дигар барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон мавриди ниёз аст. Дар мулоқотҳои вазири хориҷаи мо бо мақомоти ин кишварҳо таъкид шуд, ки иқдомоти якҷониба аз сӯи тарафҳо ва нирӯҳои даргири буҳрони Тоҷикистон омили вахомати авзоъ хоҳад буд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ҳасосияти шароити кунунии Тоҷикистон дар ояндаи ин кишвар ва кулли минтақаи Осиёи Марказӣ, Созмони Милал ва кишварҳои минтақа бояд барои аз саргирӣ ва баргузории даври саввуми музокирот ва пешбурди он базли таваҷҷӯҳ кунанд. Мо хушҳол ҳастем, ахиран давлати Тоҷикистон тасмим гирифта интихоботро ақиб биандозад ва дар мавриди авфи умумӣ иқдомоте анҷом диҳад ва сатҳи ҳайати музокираро боло бибарад. Умедворем ин гуна иқдомот ва иқдомоти мусбати дигар аз сӯи ҳар ду тараф барои пайдо шудани як роҳи ҳалли одилона ва дарбаргирандаи манофеъи тамоми мардуми азизи Тоҷикистон муаассир воқеъ шуда ва ҳар чӣ зудтар сулҳу амнияти комил дар ин кишвар мустақар шавад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба навбати худ монанди гузашта омодагӣ дорад, дар роҳи хотимаи даргириҳо, истиқрори оташбас ва сулҳу пойдор ва оғози созандагӣ дар кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон мусоидат намояд.
– Назари шумо дар мавриди интихоботи Раиси ҷумҳур, ҳамапурсӣ ва интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон чист, иштироки мухолифинро дар ин маъракаҳо дар чӣ шакл мебинед?
– Ҳамапурсӣ ва интихоботи оянда мусалламан вақоеъи муҳиме дар Тоҷикистон хоҳад буд. Имрӯз кишвари азизи шумо яке аз ҳассостарин мақотеъи таърихии худро мегузаронад. Зарфи чанд моҳи оянда мардуми ин кишвар ба пешнависи Қонуни Асосӣ, ки назми ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъии мулку миллат аст – раъй хоҳанд дод, қонуне, ки бояд манофеъи ҳамаи миллатҳоро таъмин кунад ва нигаҳбони фарҳанги асили кишвар бошад, интихоботи Маҷлиси Олӣ ва интихоботи Раиси ҷумҳур ҳам анҷом хоҳад шуд, ки ҳар кадом бо навбати худ дар шаклдиҳии сиёсатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишвар ва равобиташ бо кишварҳои хориҷӣ нақши асосӣ доранд. Ҳар қадар мардуми як кишвар дар таъйини сарнавишти худашон нақши фаъолтар дошта ва Қонуни Асосӣ ва қонунгузорону муҷриёни қонун аз пуштибонии васеътари мардум бархӯрдор бошанд, мусалламан он кишвар метавонад гомҳои асоситаре дар роҳи пешрафт ва созандагӣ бардорад ва ҷойгоҳи беҳтаре дар ҷомеаи байналмилалӣ дошта бошад. Ман умедворам бо қадамҳои муассире, ки дар роҳи одисозии авзоъ дар Тоҷикистон бардошта мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба фурсате, ки бо ба таъвиқ афтодани интихобот пеш омада, якдигарфаҳмӣ ва ҳамёрии тарафайн сабаби сулҳу оромиш ва ваҳдат гардида ва вақоеъи муҳими таърихӣ, ки номбар кардед, бо ширкати ҳамаи онҳое, ки қалбан барои ин миллат ва мулк метапанд сурат хоҳад гирифт.
Ҳамон тавре, ки медонед Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси асли 152 Қонуни Асосиаш мабнӣ бар нафйи (инкори) ҳар гуна султаҷӯӣ ва султапазирӣ дар умури дохилии ҳеҷ кишваре дахолат накарда ва ба ҳеҷ кишваре иҷозаи дахолат дар умури дохилиаш намедиҳад.
Мо борҳо таъкид кардаем, ки сарнавишти Тоҷикистон бояд ба дасти мардуми ин кишвар таъйин шавад. Умедворам бо тасмимоте, ки аз тарафи Шӯрои Олӣ ва давлат гирифта мешавад, ҳамаи атбоъи Тоҷикистон, ки алоқаманд ба ширкат дар интихобот мебошанд, имкон пайдо хоҳанд кард, ки озодона ва тибқи мавозини байналмилилӣ дар ҳамапурсӣ ва интихобот ширкат кунанд ва дар созандагӣ ва пешрафти кишварашон ҳиссаи худро гузоранд.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 9 – уми сентябри соли 1994.
Таҳияи Манзура Ҷомизода,
мутахассис пешбари
шуъбаи матбуоти даврӣ.