Абдуқодири Раҳим: “Панд. Оё ҳанӯз ҳам дар рӯзгори мо мавқеъ дорад”?
Бархе, воқеан, бар ин назаранд, ки панд дар рӯзгори мо дигар ба кор намеояд. Бадтар он аст, ки мегӯянд: “Он монеаи пешрафти инсон дар ҷомеа аст”. Ба андешаи ин гурӯҳ, мо дар ин ҳазор сол панд гуфтем ва он боиси таназзуламон гардид. Гӯиё бо баёни ин андешаҳо шахсони мутамаддини давронанду на танҳо имрӯзро дарк кардаанд, балки ояндаро низ мебинанд. Ба пиндорашон донишу фаҳмиши пирони рӯзгордида асри миёнагӣ мебошанд, яъне онҳо қафо мондаанд ва тараққиёти техникаву технологияро эҳсос намекунанду намебинанд.
Агар ҳам ба ҳар тарз ин гурӯҳе аз ҷавонон меандешанду беибо, беэҳтиромона сухан мегӯянд, барои мардуми бомаърифат, худ як панд, балки сад панди дигар аст. Яъне, аз панд ҳеҷ ҷойи гурез нест.
Агар ҳам ба гузашта, ба адабиёти пурғановатамон рӯ биёранд, ба некуӣ дармеёбанд, ки то ба онҳо ҳам макону замон чунин буд ва минбаъд низ илома меёбад.
Фарзандон падаронро инкор менамуданд, бар панду андарзу насиҳаташон гӯш фаро намедоданд. Аммо чун худ падар мешуданд, ҳақиқатро дармеёфтанд ва эътироф мекарданд, ки беҳтарин раҳнамоён дар зиндагиашон буданд.
Аз суханони Унсурулмаолӣ ба фарзанди гиромиаш аст: “… то пеш аз он, ки дасти замона туро нарм кунад, ту худ ба чашми ақл дар сухани ман нигарӣ, фузунӣ ёбӣ ва некномӣ дар ду ҷаҳон. Ва мабодо, ки дили ту аз кор бастан боз монад, ки он гоҳ аз ман шарти падарӣ омада бошад. Агар ту аз гуфтори ман баҳраи неке наҷӯӣ, ҷӯяндагони дигар бошанд, ки шунидан ва кор бастани некӣ ғанимат доранд. Ва агарчи сиришти рӯзгор бар он аст, ки ҳеҷ писар панди падари хешро корбанд набошад, чи оташ дар дили ҷавонон аст аз рӯи ғафлат, пиндошти хеш эшонро бар он ниҳад, ки дониши хеш бартар аз дониши пирон бошанд. Ва агарчи ин сухан маро маълум буд, меҳри падарӣ ва дилсӯзии падарон моро нагзошт, ки хомӯш бошам”.
Панд аз пири доно шунидан накӯтар аст ва миллати мо аз чунин пирон бисёр дорад. Аммо агар ҳол ва муносибат ин гуна, ки ҳаст, идома биёбад, минбаъд дигар замон ё пирони доноро ё намедиҳад ва ё онҳо аз тарс хомӯширо ихтиёр мекунанду ба қавли Шайх Саъдӣ, муаллими ахлоқ, дар шӯрабум дон намепошанд. Чаро ҳам бипошанд, ки медонанд, ҳосил намедиҳад?
Вуҷуд, ё ҳастии инсонҳо ниёз ба панду раҳнамоӣ дорад. Бе раҳнамоии комилу раҳнамоёни асил кас ба манзили мақсуд намерасад. Дар ин роҳ раҳзанон зиёданд ва ноогоҳу танҳоро маҳв низ месозанд.
Ба асрҳои рафта ва шахсиятҳои маъруфи даврону суханашон чун бодиққат таваҷҷуҳ мекунем, бо тааҷуб бояд аз худ бипурсем: “Бо чӣ роҳ, кадом усул тавонистаанд ҷавононро дӯстдори панди пирони доно гардонанд?”. Барои мисол ин мисраи Хоҷа Ҳофиз кофист: “Ҷавонон дӯсттар доранд панди пири доноро”.
Пири доно сухан ба андеша, санҷида мегӯяд ва муродаш ҳидояти ҷавонон ба роҳи рост аст.
Панд гуфтан, яъне тарбияи дурусти ахлоқӣ мебошад. Аммо нахуст дар ин фикр бошем, ки то ба куҷо панди мо муассир хоҳад буд. Дар ин маврид боз овози Хоҷа Ҳофиз ба гӯши ҷон мерасад: “Ҳон , эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ”.
Мебинем, мушоҳида мекунем, мешунавем, ки ин гуна кӯшишҳо рӯз ба рӯз камтар мешаванд. Ва ҳам хавф мебарем, ки рӯзе он ба куллӣ аз байн меравад. Он гоҳ наслҳо ба адабиёти пурғановати ҳазорсолаамон рӯ намеоранд, аз он дур мешаванду ифтихор намекунанд. Дар ин сурат миллат ба ону ин шукӯҳу тамаддунаш, агар ҳам нест намегардад, эътиборашро дар арсаи олам аз даст медиҳад.
Кадом шоире ба пушаймонӣ худро барои панд додани дигарон ва ибратомӯзӣ сарзаниш мекунад?
Ҳофиз, нагаштӣ шайдои гетӣ,
Гар мешуниди панди адибон.
Ҳирс, тамаъ, ҳасад, чоҳ, сарват, шаҳват чашмҳои дилҳоро кӯр кардааст.
Дар ҳеҷ дорухонае барои онҳо даво нест. Агар ҳам ҳама сарвати бузургро дар ин роҳ сарф бинамоянд, муваффақ нахоҳанд шуд. Барҳақ пирони мо таъкид доштанд, ки агар хишти аввалро каҷ бигузоранд, то ба охир ё худ Сурайё девор каҷ меравад.
Аз бунёд, аз бунёди неки худ оё андешидаем? Агар андешидаем, барои он истеҳкоми вуҷуд чӣ тадбиреро ба фарҷом расонидаем .
Дуруст фармудаанд, ки вуҷудро ботинро бояд пок сохт. Агар аз панд дур мешавем, ба он нафрат пайдо мекунем, дар ин мубориза ҳаргиз дастболо намешавем.
Озмуну сабқатҳои кохҳои баланду боҳашаматсозӣ дар мо нишонаи дур аз маърифат, дур аз панд, дур аз тарбияи ахлоқӣ шудан аст. Бунёди ин гуна кохҳо замоне хуб мебошанду пурманфиат, ки агар пеш аз онҳо кохҳои хирадро дар вуҷуду ботини худ бисозем.
Аз тақлид ногузир бояд бипарҳезем, хосса аз тақлиди бегонагон. Ва гурезон бошем аз пандҳову афкори бегона, ки бар мо таҳмил кардан мехоҳанд. Бечора зоғ равиши кабкро наомӯхт, аммо равиши худро бар асари тақлид аз ёд бурд.
Ин суханон аз рӯи масъулиятшиносӣ ва дилсӯзӣ аст ва ба қавли Саноӣ, ту хоҳ аз он малол бигиру хоҳ панд. Дар ҳар ду сурат барои оқилон, дурандешон панд аст. Охир, адабро аз беадаб ҳам омӯхтаанд.
Соли 2020
МАНБАЪ: Абдулқодири Раҳим: “Падар”. Душанбе, соли 2024.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ бихоннад.
Таҳияи Баргигул НАБОТОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд