Абдуғаффори Абдуҷаббор унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон”-ро гирифт

Абдуғаффори АбдуҷабборНависанда, намоишноманавис, филмноманавис ва тарҷумони маъруф Абдуғаффори Абдуҷаббор ба унвони олии “Нависандаи халқии Тоҷикистон” шарафёб шуд. Адиби маъруфро барои дарёфти унвон муборакбод мекунем.

Соли 1956 дар шаҳри Конибодом рӯзноманигор, нависанда, намоишноманавис, тарҷумони тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор таваллуд шуд. Бештар аз 15 сол муҳаррир ва сармуҳаррири идораҳои эҷодии Телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1989-95 директори шӯъбаи Тоҷикистонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Союзтеатр», директори генералии Иттифоқи арбобони театри ҷумҳурӣ буд. Аз соли 2004 муддати бештар аз даҳ сол роҳбари дастгоҳ ва аз соли 2015 сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст.

Муаллифи бештар аз 20 маҷмӯаи очерк, ҳикоя, повест, драма ва тарҷумаҳои бадеӣ мебошад. Асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Пйесаҳояш: «Сӯҳони қазо», «Масал бигӯ, Эзоп!», «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк», «Суруди вопасин» дар театрҳои гуногуни мамлакат таҳия гардидаанд.

Муаллифи силсилаи китобҳо: «Каприччио» оид ба ҳаёт ва фаъолияти композитори барҷаста Толиб Шаҳидӣ, «Дарсҳои Вафо Назаров» бахшида ба қисмати рассоми машҳури тоҷик ва «Фарзанди сарзамини қазоқ» – Ҳунарпешаи халқии СССР Асаналӣ Ашимов мебошад.

Романи нависандаи Миср, барандаи ҷоизаи Нобел Наҷиб Маҳфуз «Роҳ», повест ва романи Габриэл Гарсиа Маркес «Ба полковник касе наменависад», «Сад соли танҳоӣ», романи «Моҳ ва фулус»-и Соммерсет Моэм, «Дарсҳои франсузӣ»-и Валентин Распутин, як силсила ҳикояҳои адибони шинохтаи ҷаҳон,  асари публитсистии Сун Сзячжен «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин», ҳафт пйесаи драматургони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Иштирокчии Форуми байналхалқии нависандагон «Чингиз Айтматов ва замони муосир» (2009, Бишкек), семинарҳои байналхалқии тарҷумонҳои адабии кишварҳои ИДМ ва Балтия (2010, Москва, Ереван) мебошад.

Барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон мебошад.

Бо Ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дили Данко» (Русия), медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, медали тиллои Донишгоҳи байналхалқии таълими фундаменталӣ (2014, Санкт-Петербург) сарфароз шудааст.

Узви Иттифоқҳои рӯзноманигорон (1988), арбобони театр (1990), нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007) ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Русия (2013) мебошад.