Абдухолиқ  Абдураҳимов:  Нигаронкунанда аст, ки дар дасти кӯдаки гаҳвора ҳам телефони мобилисту волидон бепарво

Абдухолиқ  АбдураҳимовАбдухолиқ  Абдураҳимови  80- сола иштирокчии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” – аз рӯи номинатсияи хондан ва аз бар намудани осори адибони муосири тоҷик аст. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт, ки беш аз 50-ҳазор мисраъ шеъру достонҳо азёд медонад ва соли сеюм аст, ки  дар ин озмун ширкат карда истодааст.Собиқаи беш аз 40-солаи фаъолияти омӯзгори дорам ва ҳамаи умрамро сарфи шеъру шоири кардаам. Мехоҳам, ғолиб гардам ва ба мардум нишон диҳам, ки барои омӯзиш ягон вақт дер нест ва синну сол аҳамият надорад – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Дар робита ба фаъолияти кори ва омадан то даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- бо ин довталаб суҳбате  анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

– То пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз кадом минтақа қадам ранҷа кардед ва зинаҳои озмунро чӣ гуна гузаштед?

– Дар ноҳияи Ховалинги Вилояти Хатлон ба дунё омадаам. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 и ноҳияи Ховалинг. Падару модар, ки омӯзгор буданд, мо низ касби эшонро ба мерос гирифтем(бо ифтихор ҳарф мезанад).

Вақте, ки озмун эълон гардид, ман бо низомномаи он шинос шудам, вале мақсади иштирок надоштам. Баъди он ки дар низомнома тағйирот ворид гардид ва иштирокчиён аз рӯи синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо гардидан, таваҷҷуҳи маро ҷалб кард. Пеши худ азм кардам, ки барои чи бояд ширкат накунам, дар ҳоле ки бе шеър нафас кашидан бароям мушкил аст.

– То ҷое медонем, соли сеюм аст, ки дар озмун ширкат мекунед. Имсол бо чӣ дастовези  нав омадед?

– Бале, давоми се соли охир иштирок мекунам ва соли гузашта, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидам. Достонҳои “Ҷони ширин”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Садои Осиё”, “Қишлоқи тиллоӣ” ва даҳҳои дигарро ба пуррагӣ аз худ кардаам. Миқдори абёти азхуднамудаи ман беш аз 50 –ҳазор мисраъ мебошад.

– Ҳадафи Шумо аз иштирок

– Мехоҳам ҷойи аввалро соҳиб гардам.(механдад) Чун набераҳову дигар наздикон мепурсанд, ки бобоҷон чӣ шуд ҷойи чандум гирифтед. Ба онҳо бояд гӯям, ки ҷойи аввал вагарна онҳо рӯҳафтода мешаванд ва бовариашон ба озмунҳо ва рақобатҳои баланд коста мегардад.

– Ба озмун ягон набера ва ё шогирдонатонро омода накардед?

– Не махсус барои ин озмун омода накардаам. Вале то имрӯз садҳо шогирдон тайёр кардаам, ки аз онҳо ифтихор мекунам. Тамоми хонандагоне, ки дарс додаам, ҳар яке дар роҳи худ муваффақ гардидаанд. Касбамро хеле зиёд дӯст медорам ва хурсандам, ки умрамро сарфи пешаи пуршарафи омӯзгорӣ кардаам.

– Мехоҳед, ҷоизаи озмунро сарфи чӣ коре карда бошед?

– Аз замони хурди шеър мехондаму шеър менавиштам, вале онҳоро дар маҷмӯае чоп накардаам. Ман бо шеър зиндаам ва чизе, ки бо шеърхонӣ ба даст оварам, боз ҳам сарфи адабиёту фарҳанг хоҳам кард. Дар бораи маблағ кам фикр кардаам, аммо дар андешаам фақат як чиз мегузарад, ки бо ифтихор гӯям ман тавонистам. Ҳикмати инро ба шогирдон фаҳмондам мехоҳам.

– Аз зиндагии оилавиатон бигӯед.

– Худоро беандоза шукргузорам, ки бароям 8-духтар ато кардааст (бо ифтихор ҳарф мезанад). Ҳар якеро соҳибмаълумот кардаам, шукр. Яке табиб, дигаре омӯзгор, дигари ҳунарманд асту касби рӯзноманигориро таҳсил кардааст. Имрӯз ҳамроҳи ман духтарам ба озмун омадааст. Фикр кардааст, ки падараш зиёд нотавон шуда ва ҳамчун асо маро ҳамроҳӣ мекунад(механдад).

– Доварон ба баромади Шумо чи гуна баҳогузорӣ карданд?

– Бисёр олӣ, ҳатто аҳли толор дар ҳар шеър хонданам кафкӯбӣ мекардан аз ин бисёр шод гаштам. Бахши назмро баҳои аъло гузоштанд, вале ман асарҳои насрие, ки ҳазорҳо персонаж доранд, дар хотир гирифта, наметавонам. Ин чизро каме эрод гирифтанд. Новобаста, аз ин ман боварӣ дорам, ки доварон бароям ҷойи намоёнеро сазовор медонанд.

– Кадом китобҳоро бештар дӯст медоред ва пайваста мутолиа мекунед?

– Ман шоҳасарҳои назми тоҷику форс “Шоҳнома”-и безавол аз Фирдавии бузургвор, “Ҷони ширин”, “Қиссаи Ҳиндустон”- аз Мирзо Турсунзода зиёд дӯст медорам ва аз хонданашон ҳаловат мебарам. Барои тамоми насли ҷавону калонсол тавсия медиҳам, хонанд ва аз ин дурдонаҳо нуши ҷон кунанд.

– Ба ҷавонони имрӯз чӣ гуфтан мехоҳед?

– Ба хонандагон дарс мегӯям. Зиёд мушоҳида мешавад, ки духтарон дар нисбат ба писарҳо завқу шавқи бештар ба омӯзиш доранд. Писарҳо ба ҳар кори дигар банд мешаванд. Маҳфили “Адибони ҷавон” дар муассисаамон амал мекунад, ки роҳбарии онро банда бар ӯҳда дорам. Навқаламон  зиёд меоянд, аммо аз рӯи ҳавас. Аз болои худ кор карданро дӯст намедоранд. Мехоҳанд якбора ба ҳама чиз ноил гарданд. Мехоҳам, ба таъкид гӯям, ки ҳар ҷавоне, ки аз китоб дур аст, бешак тафаккураш рушд нахоҳад кард. Ман дар ҳамин синну сол агар шабе китоб нахонам ва ё ҳафтае шеъре аз бар накунам, бисёр зиқ мешавам. Ин ҳама имконоту шароити ҳукумати кишваррро истифода набурдан гуноҳ аст. Айб аст ҷавоне дар пойтахт зиндагӣ кунад, вале аъзои Китобхонаи миллӣ набошад. Ҳафтае ҳадақал як бор ба ин даргоҳи илму ганҷинаи маърифат сар назадан нобахшиданист.

– Ба фикри Шумо чӣ омили аслии дур гаштани ҷомеа аз китоб мегардад?

– Аввал аз ҳама муҳити оилавӣ.Агар дар оила падар ё модар кӯдакро ба хондан ташвиқ накард, боғча ва макти миёна то муассисаҳои таҳсилоти олӣ дуюмдараҷа мегарданд. Албатта, агар аз овони кӯдакӣ кам ҳам бошад, ба китобхонӣ рӯ оварем, дар мактабу донишгоҳ инро идома медиҳем, бешубҳа. Вале имрӯзҳо хеле нигаронкунанда, аст ки дар дасти кӯдаки гаҳвора ҳам телефони мобилист ва модар аслан ташвиш надорад. Бояд пеши роҳи ин зуҳуротро гирифт. Шояд дар шакли дигар омӯзишро ба роҳ монем, монанд ба кишварҳои мутараққӣ ва ё то бедор мешавем, ки чандин насли мо аз китоб дур мондааст. Яъне метавон гуфт, асли китоб нахондани мо  ин вақти худро дуруст танзим накардан аст. Вагарна ҳам олим ва ҳам кӯчагард рӯзаш аз бистучаҳор соат иборат аст.

– Ташаккур, аз шоирони замони муосир киро бештар мехонед?

– Ошиқи шеърҳои Лоиқу Турсунзода ва Лоҳутии бузургворам. Шеъри эшон бароям ҳамсадову ҳамнаво ва ҳамрози зиндагист. Бо устод Лоиқ дӯсти наздик будем. Ба якдигар устод мегуфтем. Ёдашон гироми бод.

– Насри киҳо бароятон бештар писанд аст?

– Бешак Айнӣ, Улуғзода, Ҷалол Икромиро мехонаму оромиш меёбам.

–  Дар зиндагӣ чӣ шуморо хушҳол мекунад?

– Дидани лаҳзае, ки ҷамъияти китобхонон бар ҷоҳилият ғалаба мекунанд.

Умед мебандем, бо баргузории чунин озмунҳои сатҳи баланд сафи китобхонҳо даҳҳо маротиб боло меравад ва ҳамагӣ дар ҷомеа китобдӯсту китобхон зиндагӣ мекунем.

  • Саломат бошед, бароятон муваффақият хоҳонем.
  • Ташаккур!!!

Наргис НАЗАРЗОДА