Абдулҳай- мусаввири форсу тоҷик, ки дар Бағдод ба дунё омадааст
Соли 1393 Темур Ироқро истило мекунад ва Абдулҳайро дар қатори ғаниматҳо аз Бағдод ба Самарқанд оварда, сардори устохонаи сураткашии худ таъйин мекунад. Абдулҳай дар тасвири манзараҳо, қиёфаи одамон, сурати ҳайвонот, додани обуранг, истифодаи тазодҳо ва таносуби унсурҳои тасвир моҳир будааст.
*** *** ***
АБДУЛҲАЙ соли 1360 дар Бағдод ба дунё омадааст. Мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик буд. Устод Шамсуддини Самарқандӣ ўро ба тарбият гирифта, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулҳай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Ҷалоирӣ ном мебарорад ва шўҳраташ аз ҳудуди давлати Ҷалоирия, ки пойтахти он Бағдод буд, берун мебарояд.
Соли 1393 Темур Ироқро истило мекунад ва Абдулҳайро дар қатори ғаниматҳо аз Бағдод ба Самарқанд оварда, сардори устохонаи сураткашии худ таъйин мекунад.
Абдулҳай дар тасвири манзараҳо, қиёфаи одамон, сурати ҳайвонот, додани обуранг, истифодаи тазодҳо ва таносуби унсурҳои тасвир моҳир будааст.
Аз осори ў «Бат» («Мурғобӣ»), «Манзараи ҷанг», тасвири чанд манзараи ҳикоятҳои «Гулистон» то замони мо омада расидаанд. Дар асарҳои Абдулҳай тасвири ҳаракат ба мушоҳида мерасад.
Таъсири эҷодиёти Абдулҳай дар инкишофи минбаъдаи санъати рассомии Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрон калон аст.
Дар охири умр Абдулҳай бо таъсири доираҳои иртиҷоӣ аз рассомӣ даст кашида, аксари осори рассомии худро оташ зад.
Абдулҳай хаттоти моҳир низ буда, хати насхро дар китобат ва сулсу риқоъро дар ороиш бештар ба кор мебурдааст.
Абдулҳай соли 1420 дар Самарқанд вафот кардааст.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 42.
Муаллиф: А. Ҳабибов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.