Абдулҳамид Самад. “Гардиши девбод”. Порае аз романи адиби номвар
…Ин тавр сўҳбату баҳсу мунозираҳо дар шаҳру деҳот зуд-зуд ба миён меомаданду мардумро озурдаву хаста мекарданд. Вале бадбахти баътар, дар охири сарварии Хурушёв пеш омад. Якбора нону озуқа камчин шуд, анбору рафи магазинҳо холӣ гашт. Одамоне, ки нав аз балову офати Ҷанги Олмон андаке раҳида ба даҳонашон нон, ба рўзгорашон осудагӣ расида буд, боз ба таҳлука афтоданд.
Охир дар мамлакати паҳноваре, ки чун Россия, Украина ва Қазоқистон даштҳои беҳудуди ғаллакорӣ дорад, бе ягон хушксоливу офати дигар нарасидани ғаллаву орд ва пеш омадани гуруснагӣ ба ақли касе рост намеомад. Одамон шабу рўз арақи ҷабин резонда заҳмат мекашиданд, ки рўзгорашон беҳтар шавад. Маош ночиз, хоки сиёҳ буд, лекин аз магазин ба қадри тавон як халта орд ё каму беш равғану чизҳои дигарро ёфта метавонистанд. Ва ё ғаллаи захиракардаи худро дар осиёб орд карда, зиндагиро пеш мебурданд. Акнун ҳолати нохуш, барои оилаҳои серфарзанд даҳшатбор пеш омад. Ба ҳар узви оила аз рўйи меъёр ҳар моҳ Раҷабалии ордкашак, марди нармтабиат се ё севу ним кило орди гандум, – эҳе, ин бахт буд! – орди ҷав ё ҷуворӣ медод. Ин ҳақро осон гирифтан мушкилиҳо дошт. То аз ҷумҳуриҳои дур расидани ғалла ё орд мардуми нодор ҳафтаҳо шабу рўз навбат мепоиданд. Ин ҳолат барои занону мардони солхўрдае, ки бист-сӣ сол пеш ҷабру ҷафои қаҳтиро кашида буданд, бештар даҳшатангез шуд. Ба қавле, бачаи камбағал дар шаб нон хоб мебинад ва парвое надорад, ки нон бо чӣ роҳу азобе пайдо мегардад. Охир моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не, шаб аст ё рўз кўдак дасту почакзанон нон талаб мекунад. Замони фаровонӣ дар чунин маврид ҳамсоя ба имдод мерасид ва мушкилиро осон мекард. Аммо дар ин рўзҳои саргумӣ, ки дасти ҳама зери санг аст, ба хурду калон офати гурусначашмӣ сироят кард. Ҳар чизе болои хон пайдо шавад, одамон сер ҳам бошанд, ба он дармеафтанд ва бебаркаш мехўранд. Дар ин айём ҳоли оилаҳои серфарзанд табоҳтар шуд. Чуноне мегўянд: гўсола каҳдон холӣ кунаду бача нондон.
Ҳакими Афлотун дар авҷи шикваю шикояти одамон гўшзад мекард:
– Мегуфтам, ки дар осмон ситораи думдор пайдо шудааст. Ин нишонаи наҳсист. Бовар накардед…
– Аз дастамон чӣ меомад? – мепурсид Дилёб ва худ ба худ ғур-ғур мекард. – Кош ин кали касофат аз сари давлат зудтар мерафт…
– Ҷони гапа гуфтӣ. Хас кам, ҷахон пок. Рохбар агар аблаҳ бошад, рўзи мардум сиёҳ мешавад. Лекин мор аз сўрох ба осонӣ намебарояду роҳбари касофат бахубӣ аз курсии мансаб намеравад. Ҷон медиҳаду ҷо не….
– Дар деҳа ҳар оила барои рўзи мабодо каму беш захирае дорад. Ҳеҷ чиз наёбем, таги кулиро ё пасгарди осиёба мерўбему кулча ё ордобе мепазем, мегўяд Шамсиддин ва меафзояд: – Шаҳрии харидахўр куҷо равад? Заводҳои нонпазӣ аз кор монда. Орд нест! Бозор холӣ, нарх ба зар баробар, дари дуконҳо баста. Дар ин ваъзият каси ғалладор ҳам аз бими ҷон молашро бозор намеорад. Якбора аз замин роҳзану ҷинояткор рўйид. Алҳол ҳамин хел: дар худам нест, дар олам нест, гуфтаанд. То кай аз ҳамсоя, аз хешу табор талбида мехўрӣ?
Одамон сар аз андеша намебардоранд. Ба гапи ҳақ чӣ ҳам мегўйӣ?
– Мушкил, мушкил… Ба дари касе нонталабӣ рафтан ҳам осон нест. Мегўянд-ку: диҳанда не, гадо мард аст, – боз шарики сўҳбат мешавад Шамсиддин. – Бо чашми худам дидам. Бомдод хеши шаҳриямон намонд, ки чой нахўрда бароям. Болои дастархон чойнику пиёлаю як чизи сиёҳи нонмонанд гузошта хиҷолатманд гуфт: «Хеши азиз, шароит ҳамин хел… Худо аз ин бад накунад…» Эҳе, пеш болои дастархонаш нонҳои чаппотиву гирда, фатиру кулча, меваҳои хушку тар, ширу маска, пиёлаҳои пурасалу қандинаҳои рангобаранг намеғунҷиданд… Ҳм, аз дидани ин ҳолат магар нон аз гулўят мегузарад?…
Ин як пора аз романи машҳури Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад “Гардиши девбод” буд, ки ҳоло бо ҳам мутолиа кардем. Тавре дар бахши шиносоии китоб омадааст, ин ҷилд аз қисми нави китоби дуюми романи «Гардиши девбод»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад қиссаҳои шавқангези «Асрори Хоҷамуъмин», «Сарлашкар» ва «Майдони савдо» иборат аст. Бешак, мутолиаи ин асарҳо Шумо, хонандаи азизро ба рўзгори пурҳодиса, сарнавишту талош ва ишқу армони қаҳрамонҳои нав ошно месозад.
Романи нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад “Гардиши девбод”-ро шумо метавонед дар толори хониши хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Назира ТОЛИБОВА,
сардори шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.