Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 1

ДАРЕҒУ ДАРЕҒ

Занги нобаҳангом. Соати 1:25дақиқа. Чӣ гап бошад? Шоир Давлат Сафар хабар расонд, ки устод Гулназар фавтидааст. Боварам наомад. Интернет ин шумхабарро паҳн карда. Аҳволам бад шуд. Ду рўз пеш бо вай суҳбати телефонӣ доштам. Овозаш хаста буд. «Чӣ хизмат бирасонам?», пурсидам. «Худатонро эҳтиёт бикунед,- посух дод: – Гоҳе ҳамин хел занг бизанед…»

Хобам гурехт. Медонистам, ки чор ё панҷ рўз боз дар шифохона бистарист. «Китоби растахези сухан» – ашро ёфтам ва пешгуфтори зиндаёд Атахон Сайфуллоевро хондам. Бо меҳр, мунсифона сифатҳои шахсияти адабӣ, «шоири забардаст ва носири муъҷазбаён» будани ўро олимона таъқид карда. Чеҳраи гарми Гулназар пеши чашм ёдам омад, ки ман аввал ўро бо маҷмўаҳо ашъораш -«Расми сарбозӣ», «Нардбон» ва «Дастархон» мешинохтам. Он замон ин сатраш вирди забони ҷавонҳои ватанхоҳ буд:

Дар Самангон тахти Рустам интизори Рустам аст.

Вале охири соли 1977 чун маро ба маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор пазируфтанд, бо Гулназар ҳамкору ҳамнишин шудам. Ў мудири шуъбаи очерку публисистика буду ман ходим. Инсони нарму хайрхоҳ. Каму беш шаш-ҳафт моҳ ба қавле, бори ин шуъбаро кашидем. Сипас бандаро ба шуъбаи наср гузаронданд. Вале ҳусни дўстии мо аз имтиҳони сахттарин рўзу воқеаҳои бар сари давлату миллатамон омада гузашту устувор монд. Ҳампаҳлу будем. Ман акнун иқрор мекунам, ки дар муҳити он вақт пурмоҷарои «Садои Шарқ» агар ҳамкори Гулназари нармдилу ҷавонмардпеша намешудам, шояд зуд роҳ дигарро пеш мегирифтам. Гап сари бо нармӣ омўхтани роҳу равиши кор ва тарзи муносибат ба устодон меравад. Бори ғаму андуҳи гарон аз марги шоири тавонои миллат ва дўст бар дўш мақолаҳои пурмағзашро варақ мезадам: «Сухани миллатсози Айнӣ», «Вожаро бояд шуст», «Оинаи беғубори ман» ва гуфтаҳояш ба гушам садо медоданд: «Ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт муносибат бояд кард», «Шеърро шоир кунед, то қадри Лоиқро бидонад».

Боз телефон занг зад. Ин бор овози Давлат нарм буд. Хабар дурўғ будааст. Харият!

Соат ба ду наздик мешуд. Магар бо мағзу авзои ошуфта мехобӣ? Чошт бо умед ба Гулназар занг задам. Ҷавоб надод. Маълум, ки ҳоли нохуб дорад. Аз Худо ба дардаш дармон талабидам.

Бегоҳ Давлат хабар расонд, ки устод Гулназар ба раҳматиХудо пайваст. Дареғу дареғ! Карахт шудам. 20 сентябр 75 сола мешуд.

Устод Гулназар шоири баистеъдод, заҳматписанду пурмаҳсул, ба гуфти худаш «…забони ғаму шодии мардум буд».

Солҳои зиёд дар айёми ҳассосу сарнавиштсоз – роҳгумиву харобкорӣ, сипас сулҳу ваҳдатҷўӣ вай бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати адабӣ ҳамеша бо шеъру мақолаву суҳбатҳои дилрас мардумро ба ҳамбастагӣ, ҳифзи истиқлолияту марзу буми Тоҷикистони азиз ва созандагӣ даъват мекард; дастовтардҳои сиёсати Ҳукумати навтаъсис, ҳидояту фаъолияти дурандешонаи Президенти ҳанӯз ҷавон Эмомалӣ Раҳмонро сидқан тарғиб менамуд. Оре, Гулназар рисолати адабиашро чун сарбози зираку ҳушманд ва фидоии адабиёт ва ҷигарбанди содиқи миллат бо саҳми сазовор гузоштан дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва давлатамон медонист. Ў дар ин сангар чун шахсияти тавонои адабӣ ба камол расид ва хизматҳои шоиста кард.

Ёдам омад, ки чанде пеш нишасте дар ҳуҷраи кориаш бо ҳаячон пурсид:

Як мисраи нағз бихонам?

– Сад мисраву байт бихонед,-чавоб додам .

Не, якто.

Ва хонд: «Интиҳои умри ман як хабар аст». Дилам ларзид. Норозиёна гуфтам:

Чи лозим инхел сатр? Васфи ҷавониву бусаҳо беҳтар…

– Омад гуфтам – дия,- бо ханда посух дод ва чун ҳамеша таъқид кард:

Ҳамин дамро ғанимат дон.

Фалак шўре наангезад.

Инак, хабари нохуши дилхарошу ҷонгудоз ва интиҳои умри ҷисмонии устод Гулназар – шоири номвар паҳн шуд.

Вақти ғуруби хуршед 14.08.2020 мазори Лучоб – хоки муқаддаси пойтахт ҷисми Гулназарро дар сафи дигар азизони миллати тоҷик чун модар ба канор гирифт. Аммо ҳадиси баррасии осори пурбаракату арзишманд, хизматҳои бедареғаш дар рушди адабиёти муосир, тарбияи адибони ҷавон чун идомаи умри маънавияш бардавом хоҳад монд. Ёдат гиромӣ бод!

Абдулҳамид Самад, 14.08.2020

МАНБАЪ: Абдулҳамд Самад: “Ёди Гулназар”. Душанбе, 2024.

Ин ёдномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад дар бораи дӯст, ҳамқалам ва ҳамкораш Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Чамила Гирдакова,

сармутахасси маркази забони тоҷикӣ

ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.