Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 2

Дўсти шоирам зиндаёд Гулназар солҳои охир ҳангоми гуфтугў ва баҳсҳои сарипоӣ гирди лаъличаи ғулинги Фалғар перомуни осори бадеӣ, вижагӣ ва назокатҳои шеър, ҷойгоҳи ин ё он адиб дар назм ё насри муосир бо табассумаке малеҳ гузашт мекард:

– Абдулҳамид бояд дар бораи эҷодиёти ман мақола нависад…

Менависам,- ваъда медодам:- Бардошт, гапу мушоҳида фаровон аст…

Сад дареғ, ки ваъда ҳангоми барҳаёт будани Гулназар иҷро нашуд. Дар ғафлат мондам . Офати марговари «Ковид-19» моро пай дар пай аз по афтонд, бардавом асири бистарӣ ва шикастахотиру нотавон кард ва риштаи умри бисёр азизон, аз ҷумла Гулназарро ногаҳон гусасту доғи ҳасрат дар дилҳо гузошт: Вале ваъда ҳамеша чун қарз дар ёдам буд.

Субҳи Наврўз, ки осмон абрпўш буд дона-дона борон меборид, мазористони Лучоб рафта, турбати устодону дўстонро зиёрат карда, назди оромгоҳи Гулназари азиз даме истода, аз акси пурасрораш чашм наканда, ба рўҳи равоншод дар дил гуфтам: «Мақоларо менависам».

Инак он макола…

Айёми донишҷўӣ ва оғози фаъолияти рўзноманигории банда,- мобайни солҳои шастуми асри бист,- Гулназар чун шоири ҷавони ояндадор пас аз Ғоиб Сафарзода, Лоиқ Шералӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Баҳром Фирўз ва Ҳабибулло Файзулло ба ман ошно буд. Зимнан шоирони дар боло зикрёфта аз ҷиҳати синну сол ва оғози роҳи эҷодӣ нисбат ба Гулназар ва ёрони ҳамқалами ў: С. Маъмур, Гулрухсор, С, Шоҳзода, Ҳ, Ғоиб…пешгомтар буданд. Вале аз ин мусофирони пайроҳаи олами сухану назм пештар низ зумраи хуби дигар набераву меросбарони ўстод Рўдакӣ, соҳибкитобу мухлисдор, аз кабили А. Шукўҳӣ, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ, баъдтар Қ.Киром, М. Қаноат, М. Шералӣ, С. Ҳалимшо, А. Сафар, С. Ҳакимзода ва дигарон «бо қалам сари зулфи сухан шона зада», бо қадри тавон гулбоғи шеъри замонаашонро рангин ва бозорашро гарм нигоҳ доштан мехостанд. Қарз ё рисолати силсилаи нав ба нави суханварон: бо эҳсос, рангу бори тоза, мавзўъ ва таъбирҳои обнарасида, диду маъниҳои дилангез ҳусну ҷило бахшидан ба осори бадеӣ ва ҷавонадибонро бо шўру шақи бештар ба майдони офариниш ҳидоят кардан. Ба таъбири маъмул: Пешина барои пасина пули раҳкушост». Аз аҳди қадим то имрўз бузургони сухани мо ин анъана ва роҳу равишро бо шарафона идома дода, ҳар яке бо мавзўъ, дурахши мўъҷизаи ҳунар, дурри сухану маънӣ суфтан шоҳкорҳое офаридаанд, ки аҳли назари дунёро дар ҳайрат гузоштанд. Осори пурҳикмати устод Рўдакӣ,Шоҳнома-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, андешаҳои волои Носири Хисрав, достонҳои пургуҳари Ҳаким Низомӣ, Аттори Нишопурӣ, «Маснавии маънавӣ» ва « Девони кабир»-и Ҷалолуддини Балхӣ, андарзҳои гаронбаҳои Шайх Саъдӣ, ғазалҳои пуршаҳду афсункори Хоҷа Ҳофиз, лутфҳои дилангези Камоли Хуҷандӣ, андеша ибрози назари сеҳрангезу фалакпаймои Мирзо Бедил… нотакроранду бемисл. Ба назар мерасад, ки ҳар фарди дар дунёи адабу сухан мумтози мо ҳадафмандона гом, бо шуру шавқ, биниши заргарона, чунин эҳсосоти идао барои сабзиш, реша давондану қад афрохтани ниҳоли армонаш, барои дар дилҳо маъво ёфтани афкору суханаш тамоми умр талош варзидааст. Оре, тамоми умр, вале бо заҳмату ковишу покизанигорӣ. Ҳар шахсияти нотакрори майдони адабу сухан кушидааст, ки бо набзу эҳсосоти дили хеш, бинишу пазириши шодиву нишот, забона задани оташи ангезаи ишқ ва сўзу гудози кафшери муҳаббати расидан ба висол, гоҳе дар панҷаи шахшули дарду алам, хашму нафрат, ҳайрату норизоӣ аз савдои зиндагӣ ба тамасхуру истеҳзо низ бо изҳори андешаҳои рангин дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҳамзамонон, шинохти хешу Худои ягона, риояи адлу инсоф, ҳимояи марзу буми меҳанро чун модару пайвандон аз гўшаи эмон донистан иброзии назар бикунад. Бешак асрори ҷовидонагии осори пандомўзи классиконамон дар ҳамадару замонҳо ба муроди дили на танҳо ҳамкешу ҳамзабонон, балки башарият аст. Истеъдоди бузургу заҳмату ҷонфарсоӣ мебояд, ки ба ин ҳадафи воло бирасӣ. На ҳар осору сухани сатҳӣ ба дил, зеҳн ва магзи устухони инсонҳои маънирас кор мекунад… Падидаи шодиовар ин аст, ки шоҳсутунҳои адабиёти мо дар фосилаи асрҳо осори ҳамдигарро аз ҷихати шаклу ҳадаф нусхабардорӣ накардаанд. Аслан онҳо аз ин падидаи зишт канора ҷустаанд. Сирқатро (дуздӣ) бешарафӣ ҳисобида, бо дурахши рангҳои нави ҳунару эъҷози сухан ва густариши хирад нақши пойдор гузошта, тақлидро бешармӣ ва беҳунарӣ пиндоштаанд. Ин байти Мавлонои Балх беҳтарин намунаи тамасхур ба муқаллидон аст:

Агар тақлид мебуд пешаи хуб,

Муҳаммад аз пайи аҷдод мерафт.

Ба ҳар суратсабзиши фарди эҷодкор ба навниҳоле шабоҳат дорад, ки дар ҷангалаки майдони ҳунар рўида. Атрофашро дарахтони бузургсоли тануманд, шоху баргҳояшон пуршукуҳу сояафкан иҳота кардаанд.Ин дарахтон дар замин решаҳои зиёди бақувват доранду обу шираи онро меҷаббанд, аз нури хуршед фаровон баҳра мебаранду соя меафкананд. Навниҳол ва ҳамтоёни ҳамшафатро дар сояи дарахтони азим сабзидан осон нест. Талоши пайваста мебояд, ки дар замин решаҳо давонанду обу ғизо бигиранд ва қад афрозанду шоху навда афзоянд ва аз нурҳои офтоб баҳравар шаванд. Мубориза! Аз байни ин навниҳолон бо гузашти солҳо ба ягон-ягон бахт даст медиҳад, ки ба дарахтони бузургу тановар баробар шуда, балки аз онҳо болотар қад афрохта, бо сбзиши ҳайратангез бештар чашмрас бигарданд. Шабеҳи роҳи пуразияти роҳи эҷодӣ…

Ба андешаи банда дар паҳнои шеъри навини мо солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист бо ҳангомаву овоза қомат афрохтани шоироне чун Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозр Собир падидаи нодир буд. Ин насли нави шахсиятхои адабӣ бо талошҳои пайваста мавзуъ, хаёлҳои рангин, корбасти боҳунаронаи вожа, таркиб. истифодаи баҷои ғановати хазинаи забони классикӣ, шеваву гуфти мардум, савти дилпазири гуфторӣ, ифодаи гарму табиии эҳсос, андешаҳои нишонрас, бо диди борик тасвир кардани армону дард, нишоту сарфарозӣ инқилоби адабӣ оростанд. Ва батадриҷ он навниҳолон ба дарахтони ҳамешасабзи азиму пурбори адабиёт табдил ёфтанду соҳибмактаб шуданд, барои ифшои ҳунар кашфиёти рангомезии шеър бо забону андешаҳои дилпазир роҳ кушоданд. Хидмати бузургу пойдор !

Устод Муъмин Қаноат аслан дар роҳи эҷод ба резаофарӣ кам саргарм шуда, ба таълифи достонҳои аз ҷиҳати мавзуъ, таҳқики бадеии чаҳони ботинии қаҳрамон пурвусъату аз ҷиҳати шаклу гирумон аз чорчубаҳои мамулӣ берун, бо зарбу савтиёти мутантани нигориш камар баст ва ин жанри доманадори адабиётамонро бо сифат ва арзиши бештар дар паҳнои осори бадеии давлати шўравӣ муарифӣ карда тавонист. Дастовард!

Шуру исёни эҳсосоти шоиронаи устод Лоиқ аз оғози эҷод аз ворастагии шахсияти адабии ў башорат дод. Дар шахси Лоиқ шоири оташнафасе ба арсаи адабиёти навини тоҷик қадам ниҳод, ки далерона панҷа ба гиребони таърихи качрафтор зад ва бо нафрату исён алайҳи ҳуҷуму харобкорӣ ва хунрезиҳои миёншикани ғосибон, буздиливу меҳанфурўшии нохалафон, фишор ба расму оин чакомаҳои адлу додхоҳӣ офарид. ШЕЪРИ НИШОНРАСИ МУҚОВИМАТ!

Тимсоли модари ғамхор низ бо ҷузиётҳои нави дилнишини табиӣ, мавзўъҳои посдори расму таомул, ҷўшу хурўши ҷавонӣ, ишқу армон, ҷавонмардиву хиёнат, номуродиву ғафлат бо диду тасвирҳои нави Лоиқона завқу маърифати шеър ва хонандаро афзуданд. ПАДИДАИ НАВ!.

Лоиқ таҳқиқи дарду армонҳои миллӣ, рўзгор, хулқу атвор, меҳру вафо, сустиву каҷравӣ, хиёнату разолати гузаштагону ҳамзамононоро ба хотири худогоҳӣ, бедордилӣ, худшишносӣ, миллатдўстӣ, додхоҳиву ҳақталошӣ ва аз ғафлати ҳазорсола раҳидан гоҳе нозук, гоҳе бо дарду истеҳзо, гоҳе бо хашму алам фошофош баён кард.Оҳангҳои додхоҳии ашъори устод Лоиқ ва шахсиятҳои меҳанпарвари таърихиро ситоиш карданаш дар замони карахтӣ ва сиёсатзадагӣ, ба гумонам, барои бедорделиву ҳушёрӣ ва зиракиву дурандешии насли ҷавон созгор буд. Лекин туғёни эҳсоси даврони шубоб, шуру исёни бебоконаи ишқи ҷовидонаи ҷавонӣ, комрониву нокомӣ бо ангезаҳои саршори ширину нозук дар таронаҳои устод Лоиқ олами зебову аҷиби тоза, ки доштанд, дар дили пиру барно маскан ёфтанд ва ўрочун шоири воқеан миллӣ воломақом карданд.

Устод Бозор Собир бафурсату бедағдаға, собирона пас аз омўзиши густурдаи забону адабиёти классикӣ, осори шоирони пешсафи ҳамзабону дунё ва андўхтани таҷрибаи фаровони роҳу равиши баён бо дил ва тасвирпардозиҳои обнарисидаи нафису хушранг, хаёлҳои марғубу дилангез ва ибрози андешаҳои озоди шоиронаи хоси хеш дар мавзуҳои дардноки таърихи дуру наздикамон, арзишҳои марбути бақои миллат, ки ба фишору коҳиши замон гирифтор буданд, шинохту арҷгузории шахсиятҳои оламшумули давлатдорӣ, номварони илму адаб дар марҳилаҳои пургирудор, хунрезу доғ, пуршикасту рехт ҷонпайванди халқу диёр буданду акнун дар замони Шуравӣ паси пардаи фаромўшӣ ва беэътиборӣ монда буданд, ба майдони сухан афтодаву хеста ворид шуд. Ба қавле, дер омаду шер омад. Ва ашё, олами наботот: гулу гиёҳ, сангу пайроҳа, хору хас, буттаву дарахт, боду борону чашма…бо ҳусн, рангу ҷилое дилкаш зевари шеъри Бозор шуда, ҳаводорону пайравон пайдо кард.

Хулоса зуҳури хамосаҳои арзишманду пурмуҳтавою нотакрори М. Каноат, ашъори пурмағз, тару тоза, тафсону пурэҳсос, серпаҳлуву дарднавоз, шодангези посухгўйи завқу ормони миллии Лоиқ Шералӣ, сурудаҳои бо мавзуъ, таъбиру образҳои бикру ҳунармандонаи Бозор Собир набарди бафурсати ин суханварони нодиракор дар самти рангин кардани фазо, баланд бардоштани маърифати шеъри нав буд. Ва агар имрўз Худоро пеши рў оварда, аз ибрози ҳақиқат рў натобем, бо дили пур тан медиҳем: ҳар шоири ин сегона ба андозаи зарфияти ҳунари Худодод, заҳмати ковишу офариниш дар сангари ҳадафҳои бадеии шеър пирўз шуда, барои ҷавонадибони пасоянд бори гаронтари масъулияти суханвариро афзудаанд. Мебоист ҷавоншоирони оянда бо тозакориҳояшон чамани адабиётро боз ҳам таровати бештар бахшанд. ОСОН НЕ.

Ана дар ҳамин фазову манзараи авҷи ҷўшу хурўши шеъру шоирӣ Гулназар айёми мактабхонӣ дар рустои Дардари ноҳияи Айнӣ бо орзуҳои ширин аз пайи “Сухане ба сухане зам кардан…”афтод. Навиштаҳои ибтидо норавон, шояд сактадорашро ба рўзномаҳо фиристод. Ва аз нашри нахустин чакидаи навқаламӣ, албатта бо таҳриру тасҳеҳ, олам олам шодиву нишот дар дил, сазовори табрику ситоиши омўзгорону пайвандон шуд ва боз аз истеҳзои нешдори ҳамсолони бахилу ҳасуд низ раҳо наёфт.

Шоирон мурданду ту шоир шудӣ,

Аз кадом гўру лаҳад пайдо шудӣ?

Вале ирода ва шавқу ҳаваси зиёд ба сари орзуҳои Гулназар оби сард нарехт, балки дилбардориву таърифҳои омўзгораш Қутбӣ Киром ўро ба омўзиши бештар ва сатру пораҳое дар чорчўбаи назм офаридан ҳидоят намуд. Омўзгоре, ки худ шоир буд… ОҒОЗИ РОҲИ ЭҶОД.

Ин такопў, талош ва азму ҷазм пас аз хатми мактаби деҳа ўро ба даргоҳи Донишгоҳи овозадори давлатӣ овард. Сарбаландона донишҷўи факултаи филология шуду сабақомўзи устодони номвари донишманд, ҳамсуҳбати донишҷўёни шеърнавису адибшванда, баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ перомуни ноҷо ё норавон будани ҳар вожа, таъбиру ибора ё сатру байт дар маҳфилҳо бо ширкати адибони маъруф асрору нозукиҳои нав ба нави шеъру суханофариро барои ў ва ҳамсафонаш ифшо мекарданд. Аввал имрўз ва таносуби суханро бояд донист, пасон дар мавзуъҳои тоза шеъру маъниҳои нав гуфт. Яъне шиори хушки қофиядор навиштан ҳанўз шеър нест. Ба қавле ҷон бикоҳон, дониш андўз, дилу ҷигар бисўз ва шеъру шоирӣ омўз. Дар маҳфили Донишгоҳ навқаламони шоиру нависанда ва олимшав зиёд буданд. Солманду ҷавон. Муродӣ мисли устодон босалобат буду як пояш чўбӣ. Донишҷўён боэҳтиром ўро устод меномиданду вай ҳамаро “ҷигарам мегуфт”. Абдулфаттоҳ Кулолӣ базлагўву хушзарофат буд. Сайдулло Амини Қубодиёнӣ сархушона лабчанг менавохту рубоиву дубайтӣ мехонд. Лекин Саидалӣ Маъмур ҳамкурсу ҳамнишини доимияш шуд. Пеш бо номи ў аз рўйи шеърҳояш ошно буд. Акнун ҳамдарсанд. Дамдузд менамуд. Баъд Гулназар фаҳмид, ки дардаш афзун будааст. Озурдадил, дастпарвари хонаи ятимон …

Сипас дигарон ба ин маҳфил пайвастанд… Акнун ба навиштаҳои онҳо дар баробари хонанда устодони сахтгиру мўътабар Ш. Ҳусейнзода, С. Табаров ва адибони намоёни маънирасу суханшинос низ баҳо медоданд. Мебоист боэҳтиёту масъулият ҳарфу ҳиҷо, сатру байт ва шеър навишт. Муносибати ҷиддӣ ба сухан ва иншои шеър зимни омўзиши ҳадафманди ҳамвораи осори адибони классик ва муосир дар дилу зеҳнаш маҳкамтар реша давонд. Пас аз хатми Донишгоҳ ўро чун шоири ҷавони умедбахш ва муаллифи мақолаҳои нағзи баҳсангез аз рўзгору таҳсили донишҷўён дар рўзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор пазируфтанд. ФАЗОИ ПУРҶӮШИ ЭҶОДӢ!

МАНБАЪ: Абдулҳамд Самад: “Ёди Гулназар”. Душанбе, 2024.

Ин ёдномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад дар бораи дӯст, ҳамқалам ва ҳамкораш Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Чамила Гирдакова,

сармутахасси маркази забони тоҷикӣ

ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.

Теги: маркази забон