Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 3

Сипас дигарон ба ин маҳфил пайвастанд… Акнун ба навиштаҳои онҳо дар баробари хонанда устодони сахтгиру мўътабар Ш. Ҳусейнзода, С. Табаров ва адибони намоёни маънирасу суханшинос низ баҳо медоданд. Мебоист боэҳтиёту масъулият ҳарфу ҳиҷо, сатру байт ва шеър навишт. Муносибати ҷиддӣ ба сухан ва иншои шеър зимни омўзиши ҳадафманди ҳамвораи осори адибони классик ва муосир дар дилу зеҳнаш маҳкамтар реша давонд. Пас аз хатми Донишгоҳ ўро чун шоири ҷавони умедбахш ва муаллифи мақолаҳои нағзи баҳсангез аз рўзгору таҳсили донишҷўён дар рўзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор пазируфтанд. ФАЗОИ ПУРҶӮШИ ЭҶОДӢ!
Акнун шеърҳои нави ўро дунёи рангин ва такопўи ҷавонӣ, эҳсоси баланди ғояҳои меҳанпарастӣ, мақолаҳояшро мавзуъҳои доғу ҳалталаби зиндагӣ, кору талоши ҳамсолон дар роҳи мақсад ва паҳнои ҳаёт ёфтани ҷову макони хеш, хизмати шоиста кардан ба мардум оро медоданд. Вай чун рўзноманигори тозанафасу ҷасур бо ибрози андеша, фош кардани саҳлангорӣ ба сарнавишти ҷавонон то ба дарди онҳо дармоне биёбад, ба онҳо барои расидан ба орзуву мақсадҳои некашон боли парвозу неру бахшад. ИҚДОМИ ШОИСТА.
Гулназар хидмати аскарӣ – ин мактаби андўхтани ҷасорату ҷавонмардиро сарбаландона пушти сар кард. Адои қарзи фарзандӣ. Соли 1969 нахустин маҷмўаи ашъори ў зери унвони “Расми сарбозӣ” бо пешгуфтори собиқ омўзгораш дар мактаби деҳа, акнун шоири шинохта Қутби Киром аз чоп баромад. Хонанда ва муҳити адабӣ нахустин китоби навниҳоли боғи адабиётро хуш пазируфтанд.
Аммо давроне, ки банда бо Гулназар ҳамкору ҳамнишин шудам, аз шоирони пешсафи ҳалқаи худ буд: муаллифи маҷмўаҳои хуби ашъор, назару андешаи вижаи хешро оид ба шеъру шоирӣ дошт ва аз каму костиҳои ашъори шоирони муосир нигоштаҳои баҳсангезаш ба нашр расидаву ҳамовозӣ пайдо карда, адиби аз мутолиаи фаровон ва мактаби рўзноманигорӣ, зиндагӣ ва фаҳмишу дониш, таҷрибаи зиёд андўхта, нав аз хидмати тарҷумонӣ аз Афғонистони ҷангзада баргашта.
Охири соли 1977 бандаро барои кор ба маҷаллаи адабии “Садои шарк” даъват карданд. Ходими адаби. Ғайр аз сармуҳаррир Убайд Раҷаб дигар: Аскар Ҳаким – муовини сармуҳаррир, Юсуфҷон Акобиров – китоби масъул, Бозор Собир, Сатор Турсун, Фотеҳ Абдулло, Гулназар, Камол Насрулло дар як ҳуҷраи васеъ менишастанд. Ҳар кас мизу курсии куҳнаву ликонаке дошт.
Инсонҳои гуногунсол, гуногунхислат, гуногунақида, муаллифи чанд китоб, соҳибшўҳрат ва дар ибрози андеша озод. Ҳуҷраву фазои аҷиб. Аз муҳити ҷиддӣ, сиёсатзада, рўзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (Ҷумҳурият), ки банда даҳ сол фаъолият доштам, ин ҷо аз замин то осмон фарқ мекард. Шоҳбайтхонӣ аз осори шоирони классику ҳамзабонони муосир, ситоиши офаридаҳои нави суханварони номвари шуравӣ ё дунё, баҳсҳое перомуни ҳунари адабӣ, тасвири дарду аламҳои инсону ҷомеа, базлагўӣ, танзу нешзанӣ … Мактабу дарсҳои хуби адабӣ, ҳам иҷрои кори мачалла, ҳам чошние гирифтан аз фазилату андеша, заковату зарофати ҳамкорони боистеъдод, хушмуомилаву пурдон. Лекин ҳампои ин адибони бедордил, орзупарвар, зираку дар роҳи мақсад устувор пеш рафтан талоши омўзиши бештар, фаҳмиши дурусти ҳадафи эҷоди асари бадеӣ, дарки маъниву суханро мехост. Ва аён буд, ки дар майдони адабиёт аз рўйи ҳавову ҳавасҳои содалавҳона ҷон коҳондану асарҳои хасакӣ ё арзонбаҳо офаридан кўшиш беҳуда аст.
Гулназар мудири шўъбаи очерк ва публисистика буду ман ходимаш. Вазифаи мо ба маҷалла ҷалб кардани адибони хушқалами очерку публисистиканавис ва барои ҳар шумора ба чоп омода намудани маводи хонданбоб аз сохтмонҳои бузурги диёр, кору пайкори қаҳрамонҳои арсаи заҳмат, масъалаҳои доғи рўз, ахлоқу маънавиёт, рўзгори инсонҳои наҷибу ибратбахш…Мо мебоист дар саҳифаҳои маҷалла чопи беҳтарин намунаҳои жанри ҷанговар очерку публисистикаро пурзўр ва ба талаботи замон созгор бикунем. Муҳарррири девкору сахтгирамон устод Убайд Раҷаб пайваста инро аз мо талаб мекард.
Ситораи банда бо Гулназар, ки муҳити эҷоди, роҳу равиши кор дар маҷалларо хубтар медонист, мувофиқ афтод. Инсони нармтабиату хайрхоҳ. Сари вақт таҳрир ва ба чоп омода кардани мавод, борҳо хондану ғалатгирии хомчопи мақолаҳои шўъба нарм пеш мерафт. Лекин ў бо айнаки шишағафси зарабин (-5) мехонду менавишт. Наздикбинияш заиф буд. Хайрият, ки масофаи дурро медид ва мошин ҳам меронд. Пас аз кӯчиданамон аз бинои куҳнаи Иттифоқи нависандагон – охири соли 1977 ба иморати нави муҳташаму аз ҷиҳати меъморӣ ҳуснбахши пойтахт, ба маҷаллаи “Садои шарқ” дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳи зиёд доданд. Ҳар роҳбар, ҳар шуъба соҳиби ҳуҷраи алоҳида шуд. Озодӣ! Акнун Гулназару банда дар як хона менишастему аз рўи барнома оромона ба таҳриру омода кардани мақолаҳо ё сўҳбат бо муаллифон саргарм мешудем. Вале пас аз шаш – ҳафт моҳ даъвое пеш омад, ки саҳифаҳои шуъбаи очерк ва публисистика дар маҷалла кам асту ду корманд дорад, лекин шўъбаи наср бо як корманд аз нисф зиёди маҷалларо пур мекунад. Бори вазнин, ин аз рўйи адолат не. Таҳрири роман, қисса, ҳикояҳо, муҳокимаи асарҳо пас аз мошиннавис ё хомчоп хондану ғалатгирии мавод ба як кас гарон аст. Ва бандаро ба шуъбаи наср гузаронданд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки кору кору фаъолияти чандмоҳа бо Гулназар пойдевори мустаҳками омўзишу муҳиту фазои адабии маҷаллаи “Садои шарқ”, нозукиҳои муошират бо роҳбарони Иттифоқи нависандагон ва адибонро гузошт, байни Гулназар ва банда аҳдномаи нонавиштаи холисонаи дўстиву бародарӣ пайдо шуд. Ҳарду беғаразона ба якдигар такя мекардему бовар доштем.
Номи мачмўаи нахустини ҳикояҳоямро ба пешниҳоди Гулназар “Шохи чанор” мондам. Ҳар навиштаи хурду бузургамро дар сафи чанд ҳамқалами дилпур аввал Гулназар хонда маслихат медод. Ҳатто дар муҳокимаи нахустқиссаам “Баъд аз сари падар”, ки бо сарварии раиси шурои наср муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев баргузор шуд, банда аз Гулназар хоҳиш кардам, чун вакил ба ҷои камина ширкат варзад ва эроду андешаҳои устодону ҳамқаламонро сабт намояд. Рад накард. Росташ, ки мани зардина ба хотири баногоҳ аз эроде ранҷидаву оташ гирифта ба устоде густохӣ ё тундӣ кардан аз ширкат дар ин муҳокима дурӣ чустаборро ба души Гулназар партофтам. Вай аз маҷлис хурсанд баргашт. Ва шодбошгўён се сахифаи дастнависи маслиҳату эородҳои устод Фазлиддин ва андешаҳои дигаронро ба ман супорида гуфт:
Муҳокима нарм гузашт. Кошкӣ иштирок мекардӣ.
Тарсидам…Чанде пеш дар чунин муҳокима байни муаллиф ва устодон моҷарое барпо шуда буд…
Ба қисса баҳои нағз доданд…
Он замон дар маҷаллаи адабии “Садои шарқ” нашр шудани навиштае эътибори баланд дошт ва роҳкушо ё шиносномаи муаллиф ҳисоб мешуд. Аз ин хотир бисёриҳо мекушиданд, ки ягон навиштаашон дар ин маҷалла чоп шаваду аз ҷониби адибони маъруф пазироӣ ёбад.
Боре муаллифи нисбатан калонсол ва моҷародўст ба шуъба сар зад ва тақдири очеркашро пурсид. Гулназар нарм ба ў фаҳмонд, ки навишта ҳануз хом аст. Мавзўи нағз, вале сабки нигориш, масъалагузорӣ, бадеият, офаридани характатери қаҳрамон ҳанўз ланҷ буда, ба талаби маҷаллаи адабӣ ҷавоб намегўяд. Муаллиф ранҷид, сафеду сурх шуд, оташинона ғавғо бардошт ва бо ангуштони андаке ларзон аз кисаи сари сина қоғазе бароварда, таҳдид кард:
– Шумо ба ман ин хел дурушт муносибат накунед, ки дар бало мемонед! Ман аз табобатхонаи касалиҳои рўҳӣ гувоҳнома дорам! Ана!
Гулназар бо табассум аз киса қоғазе баровард ва нарм гуфт:
– Ман ҳам ин хел ҳуҷҷат дорам.
– Бовар намекунам. Кай гирифтӣ?
– Ҳафтаи гузашта. Аз ҳамон шифохона доданд. Муаллим, ҳамдардем…
Муаллифи хашмгин даме ҳайрон истод. Сипас хандон-хандон даст афшонда аз дар баромад…
МАНБАЪ: Абдулҳамд Самад: “Ёди Гулназар”. Душанбе, 2024.
Ин ёдномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад дар бораи дӯст, ҳамқалам ва ҳамкораш Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Чамила Гирдакова,
сармутахасси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.