Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 4

Боре муаллифи нисбатан калонсол ва моҷародўст ба шуъба сар зад ва тақдири очеркашро пурсид. Гулназар нарм ба ў фаҳмонд, ки навишта ҳануз хом аст. Мавзўи нағз, вале сабки нигориш, масъалагузорӣ, бадеият, офаридани характатери қаҳрамон ҳанўз ланҷ буда, ба талаби маҷаллаи адабӣ ҷавоб намегўяд.
Муаллиф ранҷид, сафеду сурх шуд, оташинона ғавғо бардошт ва бо ангуштони андаке ларзон аз кисаи сари сина қоғазе бароварда, таҳдид кард:
– Шумо ба ман ин хел дурушт муносибат накунед, ки дар бало мемонед! Ман аз табобатхонаи касалиҳои рўҳӣ гувоҳнома дорам! Ана!
Гулназар бо табассум аз киса қоғазе баровард ва нарм гуфт:
– Ман ҳам ин хел ҳуҷҷат дорам.
– Бовар намекунам. Кай гирифтӣ?
– Ҳафтаи гузашта. Аз ҳамон шифохона доданд. Муаллим, ҳамдардем…
Муаллифи хашмгин даме ҳайрон истод. Сипас хандон-хандон даст афшонда аз дар баромад…
XXX
Як шарофати олами сухан ин аст, ки кас ба воситаи устодон, ҳамқаламони боҳунару некном ва ҷавонмардпеша ба водӣ ва зодгоҳи онҳо рафта, ба мардум, фарҳанги рўзгор, муошират, хулқу атвор ва ҷойҳои таърихии он мавзеъ аз наздик ошно мешавад. Гулназар маро борҳо бо « Москвич»- и сабзаш бо баҳонаи ширкат дар базми шодии дўстону пайвандон ба ноҳияи Айнӣ ва зодгоҳаш рустои Дардар, зиёрати оромгоҳи Туғрали шаҳид дар Зосун ва ба сайри Искандаркӯли овозадор бурда, обшорону рудхонаҳои хурӯшонро нишон дода буд. Ин меҳрубонии Гулназар ва нишасту маҳфилҳои пурсафо бо инсонҳои хушзавқу фозил дар Фалғарзамин ҳалқаи ёрону дўстони сухану адабиётпарасти моро афзуд. Сипозгузорам. Вале ин сафари мо ба диёри Гулназар расмӣ буд. Панҷоҳсола шудааст. Шахсияти баркамоли адабӣ, муаллифи китобҳои зиёд ва матни суруди миллӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.
Ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва мардум барои таҷлили ҷашни нимасраи фарзанди соҳибном ва суханвари мумтоз ўро бо ҷамъе адибон ба зодгоҳаш даъват карданд. Ва дар бузургтарин рўзи таърихии сарнавиштсози давлату миллатамон – Истиқлоли Тоҷикистони азиз 9.9.1995 мо дар автобусе Гулназар «ёр-ёр» гўён ҷониби ноҳияи Айнӣ равон шудем. Солу рўзҳо ҳанўз пурташвишанд. Вале мардум мехоҳад ба воситаи қадршиносии шоир ва дидору сўҳбатҳои адибону аҳли фарҳанг ҷангу ғубори воқеаҳои нохуш, биму ноумедиро аз дилҳо зудоянд ва бо нуре дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ки Президенти мамалакат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳидоят мекунад, саҳме гузоранд.
Авзои ҷомеа ҳанўз нохуб асту худсарии силоҳдорон кам не. Роҳ низ ноҳамвор, хатарноку азобовар мебошад. Аз гардани ағбаи Анзоб то Дардари Гулназар мошин дар роҳи пурпечи байни кўҳҳо ва лаблаби Фондарёву Зарафшон гўё руйи дандонҳои саг паридаву ҷаҳида бо ҳарос мераваду пайкари одамро метакаду мебезад. Ин ҳамон роҳи мошинравакест, ки шоир Юсуф Вафо замоне бо шодӣ ситоишаш карда буд: «Як роҳи нави мошинравак бикшоем». Акнун оламу одам дигар шудааст. Натанҳо мардуми водии Зарафшон, балки пиру баронои Тоҷикистон орзу доранд, ки кандани нақби Уштур оғоз ёбаду зуд ба итмом расад ва аз ин азоби роҳи пурдахшат бираҳанд. Ин армонро аз байн рафтани ҷангу моҷароҳҳои дохилӣ, таҳкими сулҳу суботу ваҳдати миллӣ таъмин мекунад…
Шабро бо пениҳодҳои мизбонон дар меҳмонсарои шаҳраки маъданканони Ҷиҷикрўд – Сарвода, ки дар синаи кўҳҳои осмобўс ва соҳили Фондарё ҷойгир аст, гузаронидем. Шароиташ хуб, ҳатто оби гарми дасту рўшўӣ дорад, яъне тартибу низоми пешинааш беосеб ҳифз шудааст. Шаб пеши назарам Сайфи Рахимзод омад: хаставу пурандеша, мўйи фатилааш дар панҷаи бод сари шона парешон. Вай тобистони соли 1991 чанд моҳ бо ҳунармандон дар ин меҳмонсаро зиста, филми зебои «Ситораҳои сари танӯр»- ро дар рустои қадимасохти Пете ба навор бардошт. Сайф ҳунармандон офарандагони нақшхоро аксаран аз байни одамони одӣ якачин ва макони филмбардориро эҳтимол хеле барвақт дар манзараи табии, то ҷое афсонавии биноҳои пасту баланди қадимаи чанд аср пеш бо меъмории аҷиб сохта, деворҳои аз сангпораҳо бардошта, бомҳои гилпўш, тарзи зиндагии аҷиби мардуми Петеро таги чашм ва интихоб карда буд. Он замон дар зеҳни коргардонҳои мо ин тарз ва роҳу равиши филмбардории аз чорчўба берун намеғунҷид. Қолабшиканӣ.
- АБДУЛҲАМИД САМАД. ЁДИ ГУЛНАЗАР. БАХШИ 1
- Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 2
- Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 3
Сайф бо наворбардори хушназар Георгий Дзалаев, рассом Сабзалӣ Шариф, ҳунармандон Сафари Ҳақдод, Раҳмондўст, Манзура Улҷабоева, Мусаввар Минакови ромишгару овозхон, Мусаввар Абдуллоева ва ширкати пиру барнои Пете як ҳайати ачиб ороста, филми тамошобоби соф миллӣ офариданд, ки дар фестивали умумичаҳонии Кан ҳам ширкат варзид. Нўшинаки ҳафтсолаи мо нақши асосии ин филмро бозид. Росташ, ки ин сабки нави филмофарии Сайф ба ҳунаршиносони ҷумҳурӣ ва берун аз он писанд афтоду пайравон пайдо кард.
Банда он вақт борҳо барои дидани Нўшин ва ҳолпурсии Сайфу дигарон ба Сарвода омада будам. Яъне обу ҳавою манзараҳои ин мавзеъ ба ман ошност. Вале гирди хони зиёфат зимни нўшбодгўии ҳамроҳон ба ифтихори Гулназар мушоҳида кардам, ки ў дар ботин ҳаяҷону изтироби афзун дорад. Ин ҳолаташ табиӣ буд, зеро чун соҳибдиёр ва соҳибҷашн масъулияти гарон бар дўш дошт. Чӣ хел мегузарад ҷашн? Шаб ба рағми бехобӣ барояш ин шеървора эҷод шуд:
Дар лаби чашмаи ҷўшандаи шеър,
Дили софе чу булўр,
Балки як қуббаи нур,
Ёфтам аз Фалғар.
Гар мушаххас гўям:
Бачаест аз Дардар.
Шуру исёни Зарафшон,
Чаҳ-чаҳи мурғи саҳархон,
Боди сармасти вазон
Кабки ҳар кўҳу камар
Номаш орад ба гўш:
Гулназар, Гулназар, Гулназар!
Субҳи босафои Сарвода. Ҳавои дилкашу боғҳои сасабзу пурмева. Фондарё суруди азалияшро бо шӯру исёни мавҷҳо ба кўҳсорони пурсукут мехонад ва мо боз бо «ёр-ёр»-у хушгўиҳо дар рикоби Гулназар ба маркази ноҳияи Айнӣ Варзӣ манор раҳсипор мешавем. Дар остонаи ҳар деҳа хонандагони озодапўш бо гулдаставу дастафшонӣ шоири номвари ҳамдиёрашон ва меҳмононро пешвоз мегиранд. Воқеан имрўз ҷашни бузурги миллиамон – Истиқлоли Тоҷикистони азиз аст. Ин санаи таърихиву сарнавиштсоз бо ҷашни нимсараи Гулназар дар зодгоҳаш якҷоя мегузарад. Барномаро ҳукумати ноҳияи Айнӣ ҳадафмандона таҳрезӣ кардааст, зеро як муқаддасоти давлати сохибистиқлол суруди миллӣ мебошаду Гулназар муаллифи матни ин суруд. Самимияти ҳукумати ноҳияи Айнӣ бо ширкати раисаш Усмонқул Шокиров ва зиёиёну ҳамдиёрон аз истиқболи гарму пурмеҳри онҳо ҳувайдост. Мардум пазмони дидори Гулназару шеърхонияш, суҳбатҳои намояндагони адабиёту илм ва аҳли фарҳанг ва ташнаи андешаҳои пурмағзи сулҳу вахдатсозанд. Маҷлису вохўриҳо хотирмон.
Ҳамдиёрон, аҳли зиёи водии Зарафшон ба Гулназару эҷодиёташ бо ифтихор баҳо доданд, мактаббачагон булбулвор шеърҳояшро хонданд. Гулназар бешак аз ин меҳру эҳтиром меболид, вале дар дил ҳаяҷон мепарварид. Шом дар боғи рустои Дардар бо ширкати мухлисон, аҳли зиёву фарҳангиёни водии Зарафшон ва меҳмонон маҳфили озод баргузор мегардад. Ва писараки як замон мактабхони Дардарӣ, акнун шоири машҳуру унвондор назди пиру барно, марду зан дар ҳузури ёрон бо суҳбат ва қироати шеърҳо имтиҳон месупорад.
Истиқбол бо савту суруд ва рақсу шеърхонӣ. Мизбонон дар байни зардолубоғи хушманзараи соҳили Зарафшони пуршуру туғён барои нишасти меҳмонон болои катҳо ҷо ва хони зиёфат оростаанд. Беҳтарин ҳофизону ромишгарон аз дуру наздик омада, ба матни таронаҳои Гулназар сурудҳои дилнишин хонданд, ёди устодони сухан, васфи ашъори Гулназар, балазагўии ёрону мухлисон то қуллаҳои осмонбўс расид. Гулназари ҳаяҷонзада шеър мехонад ва ман ба ҳоли ноҳинҷол ташвиш мекашам, ў мисраҳоро мабодо фаромуш бикунад. Не, хотираи маҳкам ёру мададгори Гулназар мешаваду кафкўбиҳо рўҳбахшош.
Манзараи афсонвӣ дар байни кўҳсорони осмонбўс ва тантанаи шеъру сухан дар соҳили Зарафшони хурўшон. Моҳи навтулуи шўълапош мафтуни тамошои ин ҳамоишу базм. Ниҳоят маҳфил нисфи шаб анҷом пазируфт. Ва мо бо Гулназар шоду сархуш аз боғ пиёда ҷониби Дардар, ки наздик аст, равон шудем. Ба деҳа надаромада вай бо ҳасрат гўшзад кард, ки падари раҳматияш шафати дасти рости шоҳроҳ дар мазори подомани кўҳ хуфтааст. Гўристоне, ки саросар сангистон аст…
Ба таъбири мизбонон дар «қушхона»-е маскан гирифтем. Роҳи мушкилгузари дурўзаи тўлонӣ, маҳфилу зиёфаҳои пай дар пай хаставу лакотамон карда буд, вале хоб аз чашм гурехт. «Қўшхона» дар лаби вартае гўё рўйи як санг сохта шуда буду ба назари ман дар сари мў овезон меистод. Ҳамзамон аз қаъри дара шўру исён, ғиреву валвавлаи ваҳмангези руди Зарафшон ифтихор ва зинатбахши шеъру нигоштаҳои адибони ин водӣ дар хомўшии мармузи шаб бештар бар гўш мерасид. Зимнан асрҳои аср тифлони деҳоти соҳилҳои рўди Зарафшон дар баробари аллаи гўшнавозу пурҳикмати бибиву модар бо навои мавҷҳои Зарафшон ба воя расида, чун парвардаи хеш онро гиромӣ медоранду васф мекунанд. Ин табиист. Устод Рўдакӣ ба Ҷуи Мулиён, Хоҷаи Шероз ба Оби Рукнобод бо сатрҳое умри ҷовидон бахшидаанд… Варзобрўдниз чун мамбаи сарсабзии Боғу чаман ва хиёбонҳои гулпўши пойтахтамон Душанбе дар осори беҳтарин суханварон тараннум гардида, овозадор шуда. Ман ноҳӣнҷор сар ба болишт совидаву аз паҳлў ба паҳлўе ёзида меандешидам: рўдҳое чун Вахшу Панҷ, Сиру Зарафшон сарвати ҷовидонии миллианд. Ва онҳое гузаштагонашон дар соҳили ин рўдхонаҳои бузурги ба сарзамин ҳаётбахш ба дунё омадаанд ва худашон парвандаи ин водиву обанд, бегумон ҳаққи Зарафшонситоӣ доранд. Адибонашон пайваста орзуеро эълон медоранд: Кош нигоштаҳои онҳо мисли ин рўдҳо умри абад ёбанаду дили ҳассоси хонандаро бо ғизои маънавӣ шодоб намояд. Ашъори Гулназарро низ ин армону васфи Зарафшон зиёд ҳусн бахшида.
Сад доғи парон гузарад аз дили ман,
Сад боғи гулафшон гузарад аз дили ман.
Мешӯраду месарояду менолад
Дарёи Зарафшон гузарад аз дили ман.
Ба ростӣ ман ҳар гоҳе бо ҷамъи ёрон аз байни кўхсорони Зарафшон, сипас аз водиву дараҳои Бадахшон мегузаштам, аз ҷонсахтии одамон, ки болои тахтасанг ё дар бағали шаху синаи кўҳҳо бо сангпораву регу гил кулбаву хона бунёд карда, дар хоки аз ҷое кашонда, боғҳои шаҳдбор сабзондаанд, ҳайратзада аҳсан мехондам. Дар назарам мардум ин ҷо асрҳо якпоя рўйи харсанге мезиянд, аммо ҳаргиз дилу нияти ба водиҳо кўчидан надоранд. Аҷиб. Муҳаббату садоқат ба решаву зодгоҳ…
Силсилаи кўҳҳо беҳисобанду обшорон фаровон, вале хоку замини зироаткорӣ ё дарахтсабзонӣ кам. Ноадолатӣ дар тақсими кўҳ, сангу рег ва обуз амин. Ба ҷойи як кўҳи азим дашти доманафаррохи киштбоб мебуд, олам гулистон мешуд.
Наъраи пурхашми дарёи Зарафшон ба гўш, бархеста аз тирезаи даҳлези «қушхона» ба поин, ба дили торикӣ нигаристам. Даҳшат. Чашмам сиёхӣ зад. Магар ба иродаи мардум қоил намешавед? Дар чунин шароит фалғариҳо зина ба зина санг рўйи санг часпонда, майдонаке фароҳам сохта, манзилу ошхона, то соҳили Зарафшон зинабоғҳо бунёд карда, асрҳо мезиянд. Ишқу пайванди хуниву ҷонӣ ба диёр…
Зимни як сафар бо Москвичи сабз Гулназар маро ба хонаи падарияш даровард.
Модарандарамро зиёрат мекунем. Шунавад, ки аз Дардар гузаштаму надидемаш меранҷад, – гуфт ў шўхиомез ва афзуд: Кампир ба падарам меҳрубон буд… Лекин пургап аст. Шумо аҳамият надиҳед-дия..
Ёдам омад, ки боре баъди аз сафари водии Кўлоб баргаштан Гулназар саҳар табассумаки азалӣ дар лаб, наздам омад ва муждаи ғайричашмдошт расонд.
– Абдулҳамид, дар Кадучӣ сари қадам модаратро зиёрат кардем. Салом гуфт. Кампираки аҷиб… мисли модари биҳиштии ман, резаустухон будааст.
Ба ташвиш афтодам. Меҳмонҳои гиромиро чӣ хел пазируфта бошанд? Пурсидам.
Ягон пиёла чой доданд?
– Аз зиёфат бархеста будем… Дидору фотиҳаи модар аз ҳама боло буд…
Бениҳоят шод шудам. Хотираи беҳтарин.
Як таронаи басо дилангезу пурҳиссиёт ба матни Гулназар дар ҳасрати дидори модар, ки Ҳанифаи овозхон бо оҳанги Фатҳиддини равоншод ширину ҳаяҷонангез месарояд, ёдам омад:
Ист як дам, сер бинам рўи ту,
Қомати хамгаштаи дилҷуи ту…
Ин қадар ҳастӣ маро дилбанд ту,
Ин қадар ба модарам монанд ту.
Пазмонӣ, дилтангӣ. талхии ҳасрати орзуи дидани дидори модари зиндаёд дар мисраи охири шоири ҷавон бештар равшан мешавад.
Ин қадар ба модарам монанд ту.
(ИДОМА ДОРАД)
МАНБАЪ: Абдулҳамд Самад: “Ёди Гулназар”. Душанбе, 2024.
Ин ёдномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад дар бораи дӯст, ҳамқалам ва ҳамкораш Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Чамила Гирдакова,
сармутахасси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.