Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Бахши 5

Боре ҳангоми бо ҳам аз радио шунидани ин тарона Гулназар бо шодӣ гуфта буд, ки ин аз шеърҳои аввалини навқаламонааш ҳасту каму костиҳо дорад. Онро фаромўш ҳам карда будааст. Чӣ хуб, ки ин матнро Фатҳиддин ёфта, оҳанги дилнишине эҷод кардааст. Воқеан, оҳанг дилошўб, тарона саршори меҳри ҷавони дар ҳасрати чеҳраи модар асту шуниданаш касро ба сари андеша мекашад…
Гулназар зимни сухбате дар омади гап гуфта буд, ки модараш барои дидани писарон: Умедназар, Имомназар ва ў ба Душанбе меҳмонӣ омада, дар ин ҷо аз беморие баногоҳ вафот кард. Чӣ илоҷ хости Худо, вале дарду алами сўзон як умр дар қалби шоири ҷавон монд. Модарро дар мазори Сариосиё ба хок супориданд…
Наздики масҷиди Дардар Гулназар мошинро аз шоҳроҳ ба дасти рост баргардонда андаке ба фароз бароварда, ба тангкўчаи сарбаста дароварду боздошт.
– Ана ин як дари Дардар хонаи бобоҳову падари мост, – ҳазломез гуфт.
Мо аз дарвозаи урфии қадимасохт ба ҳавлии тозаву озодаи пурсоя ворид шудем. Пиразани хушсару либос, ҳушёру зирак аз овоз ва садои пойи Гулназар огоҳ шуда, аз хона ба ҳавлӣ баромад. Ва бо шодии беинтиҳову суханҳои пуршаҳд: Хуш омадед, пеши потун мураму фидои қадаматун шавам ҳаяҷонзада омада, худро ба гардани Гулназар овехт, ўро бўсаборон карду китфу бозуҳояшро навохт. Гулназар маро ба кампирак шиносонд. Пиразан ба пайкари меҳру навозиш табдил ёфта, мисли парвона гирди Гулназар чархида, халтаи савғотиҳоро гирифта, ба арўси хона ҳамсари писари Умедназари зиндаёд фармуд, ки зуд болои кати кунҷи ҳавлӣ кўрпачаҳо густурда, нишастгоҳ омода бикунад. Гулназар ноҳинҷор пешонӣ ва паси сарашро молишдиҳон бо табассум гўшзад кард, ки кампир дилбастаи бачаҳову ин хона шуда баъди вафоти падарам ин ҷо истод. Ҳай-да, нағз… ва маро ба боғ даровард, ки қомат рост бикунем ва шарҳ дод: Дидед, боми ҳамсояи поёнӣ ҳавлии мост, боми мо ҳавлии ҳамсояи болоист. Кўҳистони камзамин… Мардум ҳамин тарзи зиндагиро интихоб карда. Ҳеҷ гап не, дил кушод бошад…
Аз кадами аввал ба ҳавлӣ диққату нигоҳамро ибтидо дару тирезаҳои худсохти қадимӣ ҷалб кард. Пастаку одианду ба сармову гармои ин диёр мувофиқ. Ва боз нишонаи дасти чанд пушти ин хонадон. Пос медоранд, дардариҳо бому дар, тирезаву дарвозаҳои қадимиро. Лекин дарахтони куҳансоли боғ низ шабеҳи ёдгориҳои таърихӣ аҷиб менамоянд. Току зардолу, себу олуча, дулонаву нок, бурсу сафедорон аз ҷигари регу санг сабзида, ҷо-ҷо решаҳои муқтадири сиёҳтобашон аз заминболо баромида, печ дар печу пурғурм гирди харсангҳо тоб хўрда, боз ба регу хок фурў рафта, барои зистану сабз мондан ғизо мегиранд. Талоши чандасра. Албатта омили дигари нумуву сабзиши онҳо нури хуршед аст. Дар як боғак олам-олам рамзи ҳайратангези талоши олами набототи кўҳистон барои таъмини ҳастӣ ба чашм мерасад.
Болои кат ороиши дигар дорад. Курпачаҳои нав густурдаву болиштҳо ниҳода. Хонро раг-ранг мағзу мавиз, меваи тару хушк, қандинаву нону кулчаҳо оро дода. Гулназар нонеро шикаставу ҷо-ҷо порп-пора ниҳода, ба пиёлаҳо чой мерезад. Пиразан дар атрофи кат парвонавор чархида, моро ба хўрдану даҳон ширин кардан ҳидоят менамояд.
Ҳамааш аз меваҳои дарахтони боғамон, мегўяд ў :Ангуру себу нок… Муйсафед нағз нигоҳубинашон мекард, дасти пурбарак доштанд.
Гулдастаи суханҳои пиразан рангинтар мешаваду хотираҳои айёми кўдакиву наврасӣ ва ҷавонии Гулназарро меангезад. Вай гоҳе падари улфатии меҳмоннавозашро ба ёд меорад, ки ҳангоми бо ў ташриф овардани адибону шахсони номдор, агар бетоб ҳам бошад, сиҳат мешаваду аз шодӣ дар курта нағунҷида, дарҳол хони нуқлу кабоб мекушод, барояшон танбўр ҳам менавохт, ба шеъру байту ғазал ва базлагўияшон шарик мешуд. Падари хушбахт. Ду писараш олими шинохтаи таърихшинос, Гулназар шоири соҳибэҳтиром… Падар вақти гусели меҳмонон дар танҳои асроромез бех гўши писараш таъқид мекард:
- Шоир шуданӣ бошӣ, мисли Лоиқ шоир шав…
Модари меҳрубону нозпарвараш чӣ? Гоҳе аз беморие ҳарорат мебаровард, сари ўро силакунон мебўсид ва пичиррос мезад:
– Гули нозанинам, ширинакам, ту аз ҳама умри дароз мебинӣ…
Таърифи Дардар низ ба миён меояд. Деҳаи бузурги зиёипавар. Ҳар хонавода олиму мутахассис ва роҳбару соҳибҳунари муваффақе дар ҳар соҳа дорад…
Гулназар пиёла дар даст, аз ин гапҳо роҳи гурез ҷўста, баногоҳ ба ман чашм дўха мегўяд:
– Абдулҳамид ба хонаи падари ман хуш омадед. Фидотон шавам як сухан гуед…
Ин нўшбодро ман солҳо дар дил мепазондам:
Фарзандони кўҳистон мисли ана ҳамин дарахтони ҷонсахт аз ҷигари сангу рег мерўянд. Бо мушкиливу сахтиҳо тоб оварда ба воя мерасанду аз ана ҳамин дару дарвозаҳои бобоӣ чун чўҷаҳои навболи парастуҳо аз оғуши падару модару русто ҷудо шуда, сўйи шаҳрҳои бузург бол мекушоянд…
Дидам, ки чашмони меҳрбори Гулназар ҳавзи лабрези ашк шуданд.
– Эҳ, акаи Гулназар ба шумо чӣ шуд? – пурсидам ҳайратзада.
Ба чашмам хас афтод, овозаш пуризтироб, лабонаш пуртабассум гуфт ў ва бархеста сўйи боғ шитофта бо садои ларзон афзуд: – Гоҳ-гоҳ ҳамин хел ҳолат рўй медиҳад…
Нўшбод дар лаби ман ях баст. Гулназар дар кунҷи боғ дилу ҳаяҷон сабук мекарду пиразану арўси хона ҳайронмандона ба ў менигаристанд. Пас аз солҳо ман ин шеъри дарду ҳасратдори Гулназарро аз китобаш хондам.
Падару модарам зи ман рафтанд,
Соябони сарам зи ман рафтанд.
То дами вопасин бо ҳам буданд,
Чорасози нишоту ғам буданд.
Раҳ кушоданду хорҳо чиданд,
Сарнавиштам – хати шиёри падар.
Сўзани модарам ҳунар омўхт,
Бахяи пораи ҷигар омўхт.
Лолаҳое, ки буд ба боғи падар,
Ман нишондам ба дил чу доғи падар.
Равшание, ки гавҳарам омӯхт,
Чашми камбини модарам омӯхт.
Саркашие, ки аз ҳунар дорам,
Ман зи қадди дутои падар дорам.
Падару модарам зи ман рафтанд,
Бахтбони сарам зи ман рафтанд.
Аз ҷудоӣ набудашон зинҳор,
Маргашон дод ҷоми безинҳор.
Дар деҳа монд хоки поки падар,
Дар Душанбе дафинаи модар.
Падар он ҷо ту гӯӣ деҳбон аст,
Модар ин ҷо маро нигаҳбон аст.
Кай хоб ғалаба кардааст? Бомдод аз ғиреву ғулғулаи Зарафшон ва ҳангомаи хониши мурғон бедор шудам. Ёрон низ пайи ҳам бархеста, ба шукронаи Гулназару ҷашнаш, меҳрубониҳои беинтиҳои ҷавонмардони Дардарӣ хуморолуду гиҷу хаста ҳарфҳое гуфта, пас аз як пиёла чой дар андешаи идомаи роҳ афтоданд.
Дишаб дар ҳамоиши бузург, ба қавли фалғариҳо хешои Панҷакентӣ, яъне намояндаҳои ваколатдори Панҷакент Гулназарро бо ҳайати меҳмонон ба онҷо хонданд. Гуфтанд, ки мухлисони шеъру адаб омодагӣ дидаанд, интизоранд, ки соҳибҷашнро дар диёри устод Рўдакӣ пешвоз бигиранд, аз дидору сўҳбатҳо баҳраманд шаванд. Баҳона ва узри роҳи дури бозгаштро напазируфта, ҳушдор ҳам доданд, ки аз нарафтанатон на танҳо мардуму хонандагон, балки рўҳи устод Рўдакӣ озурда мешавад. Магар меросбарони шеъри устод Рудакӣ ба водии Зарафшон биоянду аз нисфи роҳ баргарданд, айб нест? Аслан ин ишора ҷон дорад. Вале роҳ беҳад ноҳамвор асту солҳо бетаъмир монда. Ба болои ин аз чанги хешону дўстони Дардарии Гулназар зуд ва осон раҳидан ҳам осон не. Ҳар яке мехоҳад боғ пайки сабўҳи меҳрашро ба ў ва адибони ҳамсафар нишон диҳад.
Бо узру ваъдаҳое ба автобус нишастему равон шудем. Аммо пас аз се-чор гардиши қадқади Зарафшон дар рости обшори овозадори Оби туғма, ҷавонмардоне пеши роҳи автобусро бастанд ва Гулназари хушҳолро оғўш ба огўш кашон-кашон ҷониби кату мизҳои ороставу пурнеъмат бурданд. Бўйи хуши гўштбирёну сихкабоб ва дидани шишаҳои гардандароз ҳамаро асири худ мекунад. Аз меҳри ёрон рў тофтан амри муҳол. Мурам шумоба. Бо баҳонаи ҷашни Гулназар потун ба инҷо расид. Гиред-гиред… Медонед, Оби туғма тилореза дорад… Ҳар сол аз ин об кўза-кўза барои амири Бухоро мебурданд. Гулназар ҳам ҳамин хел обро хўрда, хавои тозаи Флғарро нафас кашида, шоири зур шуд-дия. Фидотун шавем, гиред.
Болои харсанги шафати обшор бачамарде рост истода, лаъличаро пеши даҳон алвонҷ дода мехонад:
Эй Зарафшон!
Дар ҳама давру замон
Будаи ту қиблаи ҷўяндагон.
Ганҷхоҳон аз ту давлат ёфтанд,
Шоирон шеъру суруду достон.
Эй Зарафшон!
Рўдакиву шеъри чун барфобро
То Самарқанду Бухоро бурдаӣ…
Ин сатрҳои шеъри Гулназаранд, ки бо овози ширадори сароянда ва нағмаи обшору садои мавчҳои Зарафшон печидаву ҳамнаво шуда, дар васати кўҳсорон паҳн мегарданд. Гулназар гўё болу пар баровардааст. Магар ин зайл пазироӣ шоистаи ифтихор нест? Мизбонон бо дили нохоҳам Гулназар ва ёронашро мегуселонанд…Дар диёри Одамушуаро ва зодгоҳи Лоиқи шўҳратёр пазироӣ чӣ хел мешуда бошад? Лекин манзара дар қаламрави Панҷакен чун аз Дашти козӣ ва пули болои Зарафшон мегузарем, боз ҳам ҷаззобу шоиронатар мешавад. Хонандагони гуногунсол бо ҳангомаи кафкўбиву дастафшонӣ ва дурудгўӣ Гулназару ҳамроҳонашропешвоз мегиранд. Ин ҳеҷ гап не. Онҳо ва байтҳои хушобу пурмаънои шорири соҳибҷашнро дар қоғазҳо борангҳои ҳархела навишта дар танаи деворҳо, шиғу сари шохи дарахтон меовехтанд:
Дар Самангон тахти Рустам интизори Рустам аст.
****** ******
Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро,
Зинда гардад мардуми пурдард, ҳам бедардро.
****** ******
Он қадар гули рухсораҳо кардам назар,
К-аз ду чашмам бўи гул мисли нигаҳ ояд бадар.
****** ******
Ман наандозам агар бар гули рўи ту назар,
Аз куҷо Гулназарам?
****** ******
Забони ман фақат як вожа дорад,
Ки бе номи Ватан ман безабонам.
****** ******
Шоирӣ чист? Ошиқии мост!
Ошиқӣ чист? Шоирии мост!
Чунин манзараи дилкушо дар ҳар рустои канори шоҳроҳ, гаврдишу боғҳо аз пеш мебарояду моро мафтун мекунад. Вале ҳолати ваҷду ҳаяҷони ботинии Гулназар бешак дучанд аст. Дар ин замони бесару сомониҳо нишонаи меҳри мардум, омўзгорону хонандагон ба сухану шоир магар ҳаяҷоновар нест? Ҳар лаҳза ба чашми Гулназари соҳибҷашн боз хас меафтад, ки ў ноаён бо дастмол сиришкашро пок мекунад.
(ИДОМА ДОРАД)
МАНБАЪ: Абдулҳамд Самад: “Ёди Гулназар”. Душанбе, 2024.
Ин ёдномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад дар бораи дӯст, ҳамқалам ва ҳамкораш Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Чамила Гирдакова,
сармутахасси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.