Абдулҳамид Самад. Ёди Гулназар. Поёни матлаб

Дар гардиши роҳи ҷониби Панчрўд мизбонон бо савту рақсу суруд ва нону асал Гулназарро пешвоз гирифтанд. Истиқболи рамзӣ. Маҳфили пурсафое баргузор шуд.
Пас аз зиёфат ва ё насибаи нону намак гирифтан мо бо хоҳиши зиёд аз мизбонон рухсат гирифта, пас гаштем. Роҳ дарозу мушкил аст. То чойхонаи «Шамолак» расидану аз ағбаи морпечу дарози Анзоб гузаштан ва ба Душанбе сиҳату саломат бурдани соҳибҷашн бо ин автобуси фатароти сустсуръат эҳтиёти ронандаро металабаду сабру тоқати бисёрсоатаро…
Бо Гулназар ва дигар устону ҳамқаламони гиромӣ борҳо ба бисёр мамлакатҳои хориҷа ифтихори ҳамсафар шудан насибам шуд. Маскав, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ, Теҳрону остонҳои ҷумҳурии исломии Эрон ва Америка. Ўро дар ин сафарҳо чун инсони наҷибу боназокат, посдори нону намаки мардум шинохтам. Исботи ин андешаро хонанда метавонад аз ашъори зиёде, ки Гулназар бо меҳру самимият ба ҳусну зебоии табиат ҷойҳои таърихӣ, фарзандони далеру меҳанпарасти он қаламрав ва меҳмоннавозӣ, фазилати ғурури пиру барно бахшидааст, пайдо бикунад. Вале ду сафаре, ки бо ҳиммату ҷавонмардии дўстонамон Ҷумъабой Сангинов ва Раҷабмаҳмади Шариф дар фосилаи ҳафт-ҳашт сол то саргаҳи кўҳистони Масчоҳ доштем, афсонавӣ ва хотрмон буд. Банда аз ин сайру сайёхат, бардоште аз манзараҳои дилошўб, хулқу автор, меҳмондўстӣ, ҷавонмардиву гарданфарозӣ, зодбуми хешро то мағзи дилу ҷон дўст доштану дубора ободу зебо кардани Масчоҳиён бо номи «Достони нотамоми Масчоҳ» қисса – эссе навиштам. Лекин баъд зери унвони «Масчоҳ» ин шеъри зебои хеле барвақт навиштаи Гулназарро хондам.
Чун Зарафшони равона,
Ту саропои тарона.
Пиру барнои ту шоир,
Обу хокат шоирона.
Аз дубайтӣ ош дорӣ,
Аз рубоӣ ошёна…
Аз вафо хони чакома,
Дорӣ аз Юсуф нишона.
Ин навию кӯҳнагӣ чист?
Тозаррӯӣ ҷовидона.
Дар ҳамон эссеи «Достони нотамоми Масчоҳ» аз оғоз то анҷом дар радифи сифати дигар ёрони ҳамсафару меҳмоннавозони Масҷоҳ номи Гулназар зиёд зикр ёфта. Лекин дар мавриде пас аз шунидани байти дилангези Юсуф Вафо:
Аз ағба гузаштам ба рўйи гулу хас,
Як бўсаи додагит ҳафтпушма бас, ман ба Гулназар гуфам:
– Инаш ба муроди дили шумост. Вақтҳои охир чунон шоири бўсасаро шудаед, ки беҳисоб. Муҳаққиқони осоратон оянда бешубҳа ба шумо унвони «Шоири бўсаҳо» медиҳанд.
– Ёфтед! – гуфт Гулназар қоҳ- қоҳзанон ва афзуд: – Билло, ки мурдаро зинда мекунад бўса . Беҳтарин унвон!
Бўса чун хўрдани оби шўр аст,
Ҳар қадар бихўрӣ, ташнатар бишавӣ.
Баъдтар банда ин бозёфтро бо ҳазлияе қаламӣ ҳам кардам.
Шоирон дар хеш ҷуста тоҷи сар,
Дар радифи қофия, дар сатри тар.
Бўсаталабӣ, бўсадуздиҳо зи лаб,
Бошад аммо ҳусни шеъри Гулназар.
Ў ин ҳазли дўстонаро хуш пазируфт. Воқеан дар ашъори ду даҳсолаи охири Гулназар мисраву байтҳои афзун, пора-пора нигоштаҳои яклухтро дар ситоиши мўъҷизаи бўса метавон хонд. Ана як мисол:
Аз лабони ту паёми бўса омад,
Ё насиб!
Муждаи сад ҷон зи бўса омад,
Ё насиб!
Талхкомӣ чун гиёҳи талхаам карду нарафт,
Шаҳди дуё аз каломи бўса омад,
Ё насиб!
Аз ғурубу аз тулуи офтобам шиква нест,
Фурқатамро шому боми бӯса омад,
Ё насиб!
Аз хумори ношикаста мешикаст аъзои ман,
Ин саодат бин, ки ҷоми бӯса омад,
Ё насиб!…
Солҳо гуфтам салому посухе аз ту набуд,
Охири охир саломи бӯса омад,
Ё насиб!
Солҳои охир Гулназар аз ҳама шоирони ҳамсолаш бештар ба кори эҷод рустамона камар басту асарҳо офарид. Дарди бехобӣ ва тунд задани дилу набз озораш медод. Вавле чун даврони ҷавонӣ ў ба чашм айнаки дурбин намегузошт ва бо панҷаи дасти рост мудом қафаси синаву дил намемолиду аз нафаскашӣ шиква намекард. Даврони рўзгори пурташвиш, оғози солҳои навадуми асри XX, фасли зебои поиз бомдод дар пайраҳаҳои фароғатгоҳи Хоҷа Оби Гарм қадам мезадем. Гулназар аз сари шохҳо бодоми талхак чида ҳафт донаро бо санг шикаста, аз рўйи тавсияи табиби халқӣ мағзи онро чун даво бо чини ҷабин хоида-хоида фурў мебурд. Пас аз ду ҳафта аҳволаш беҳ ва то Арчамазор мебаромадагӣ шуд. Акнун вай гоҳ-гоҳ бо каф паси сар молида, бехобиро бо кори пайваста ё мутолиаву чойи талх нўшидан сипарӣ мекард. Кори мағзу қаламаш басо ҳайратовар фаъол буд: менавишту нашр мекард. Ва аз чопи ҳар китобу шеър, мақолаву тарҷума, навиштани қиссаву ривоятҳо аз рўйи осори адибони классик барои бачаҳо, интишори ҳикояҳо, эҷоди филмномаҳо, ба саҳна гузоштани либретто, пазириши матни сурудҳо мисли айёми навқаламӣ шодиву сарфарозӣ мекард. Ин хислат то дами вопасин ўро ёр ва чоп шудани ҳар асари хурду бузург барояш ид буд.
Боре Гулназар баъди нашри ҳикояҳояш «Гули афшони олуча» аз банда бо табассуми роздор пурсид:
– Хикояҳоро хондӣ?
– Бале.
– Чӣ хеланд?
– Мисли шеъргунаҳои ман, посух додам ва афзудам. Нони моро нағзакак нимта кардаед…
Дасташро фишурдам.
– Медонед, хушҳолона гуфт ў, дар як нишасту ҳолати сархушӣ фалон нависанда даъво кард, ки ҳикоянависӣ мисли шеър осон нест, ки раҳ браҳ дар мағзат пазониву баъд рўйи қоғаз биёрӣ. Одамро маҷақ, дабдалла мекунад. Лофзаниро аз ҳад гузаронд. Ба ў ваъда додам, ки як китоб ҳикоя менависам.
Худситоияш ба зарари мо шудааст…гуфтам бо ҳазл ва афзудам: Дар майдони наср боз як ҳарифи ҷиддӣ пайдо шуд: нозукбини хушбаён…
Зимнан ҳикояҳои Гулназарро ҷузъиёту қаҳрамонҳои нави дилнишин, ҳусни баёну тасвирҳои башираи шоирона онро медиҳанд, ки насри моро рангину дилпазир мекунанд.
Гулназар, аз рўйи мушоҳидаҳои ман беҳтарин асарҳои овозадори назму наср, танқиду адабиётшиносӣ ва таърихиро чун манбаи омўзиш пайваста мутолиа мекард. Ин доираи донишу фаҳмиши ўро ғанӣ гардонда, барои ибрози назар ба каму костаҳои осори бадеӣ, масалан раванди шеъри муосир, наср ё эҷодиёти ҳамқаламон, муҳити адабӣ мадад мерасонд. Бегумон дар ин комёбӣ хазинаи таҷрибаи фаровони рўзноманигорӣ, омўзиши адабиёти классикӣ, назокатҳои забон, андўхтани таҷрибаи рўзгор, шинохти ҷаҳони ботини инсонҳо, дарки дарду армони ҳамзамонон созгор меафтод. Аслан адиби соҳибистеъдоде, ки ҳамқаламони якатозу номвари аз худ пешро пайгирӣ мекунад ё ҳадафи бо навҷӯиву тозаофарӣ аз онҳо фаротар рафтан дорад чунин талошу заҳматаш бо мурури солҳо ӯро донишманду дақиқназар мардумшиносу сиёсатмадор низ мекунад. Ҳамин падидаи нек дар фаъолияти адабии Гулназар басо равшан ба назар мерасад. Далели ин гуфтаҳо мақолаҳои зиёди баҳсангези ӯ перумони шебу фарози назми муосир вижагии осори устод “Лоиқе чун Лоиқе” “Қутбии қутби сухан”- бигузор боиси баҳс ҳам шуда бошанд. Ҳақиқат дар баҳс аён мегардад. Ин китобҳо самари ковишу пажӯҳиш ва андешаву заҳмати бардавоми шоиранд. Аммо гулчини мақола ва сӯҳбатҳои Гулназар дар китоби “Растохези Сухан” (Хуҷанд, “Нури маърифат-2015”) оид ба хидматҳои бузурги чеҳраи адабии устодони сухану ҳамқаламон дастоварду саҳлангории эшон дар роҳи эҷод воқеан арзишманданд. Гулназар мунсифона бо тозакориҳо дар эҷодиёти ҳар як адиб баҳо медиҳад аз куҷо сарчашма гирифтани сабку услуб ҳатто образу ташбеҳҳои эшонро чун сирқот нарм ишора менамояд. “Ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт бояд муносибат кард”-таъкиди ӯ ҷавонмардона буд зеро ба қавли ӯ…… танҳо Лоиқ тавонист, ки ҳамаи он бозёфту ҳамаи он тозакориҳоро, – вай ин сифатҳои фаъолияти адабиро шурӯъ аз осори устодони Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноату Қутбӣ Киром дар назар дорад, – дар эҷодиёти худ фароҳам оварад ва ҷамъбаст кунад. Вай аз ҳама хубтару пурсамартар таҷрибаи адабиёти классикӣ, сурудаҳои мардумӣ, адабиёти ҳамзабонон ва ҷаҳониро истифода кард ва комёб шуд. Оре “Шоири воқеӣ забони ғаму шодии мардум аст…. Хурду калон аз ҳиҷои шоир (Лоиқ А.С) ба шӯришу инқилоби ботинии худ ҳарфи таскин меёбад ба саволҳои бешумори рӯзгори худ ҷавоб пайдо мекунад. Ҳамин ҷиҳати эҷодиёти ӯ эътиқоди хонандагонро ба шахси шоир афзудааст”
Дар омади гап бояд иқрор бикунам: китоби “Растохези Сухан”-и Гулназар, ки аз мақолаҳои пурмӯҳтаво перумони эҷодиёти адибон, сӯҳбат бо ҳамсарони шоиру нависандагони мутавафо, аз рӯзгори печида ва роҳи эҷодии суханварон фароҳам омадааст, арзишманд асту мақолаҳои “Вожаҳоро бояд шуст”, “Шеъри Муҳоҷир”, “Забони шеъри ҷавонон”, “Ҳеҷ ягон вақт ту дил бастаӣ?” “Ойинаи беғубори ман”, “Сухани миллатсози Айнӣ” бо таҳлили жарф, андешаҳои тару тоза, ибрози назари дилсофона чун намунаҳои беҳтарини шеъри Гулназар арзиш доранд. Боиси таасуф аст, ки ин маҷмӯаи мақолаҳои аз ҳар ҷиҳат омӯзандаву ибратбахш бо теъдоди хеле кам (200) дар шаҳри Хуҷанд нашр шуда, ягон-ягон то Душанбе расида. Ин китобро бояд дар пойтахт бо адади зиёд чоп кард, то устодону донишҷӯён ва адибони ҷавон аз он баҳравар гарданд. Гулназар дар баҳо додан ба шахсияти маъруфи адабӣ, ҳатто ҷавоншоирони боистеъдод ва арзиши осори онҳо ҷавонмардӣ нишон медиҳад. Вай мегӯяд: “Ба шеър баргаштани забони ноби шеър аз устод Муъмин Қаноат шуруъ гардид. Тароват, зебоӣ, ҷаззобӣ ва маҳкамии шеъри Қаноат, бешубҳа, дар забони ӯст”. Ва боз иброз медорад: “Ман бисёр таркибу ибораҳои Лоиқу Бозор Собирро дар шеъри шоирони дигар дидаам”. Ин ишораи эродомези Гулназар як таъбири нешу киноядори кӯҳистониёнро ба ёдам овард. “Ҷовандози сари бора”. Ин таъбири мардум аз мушоҳида баромада. Гап сари он аст, ки аёми сардӣ дар кӯҳистони бузкашӣ зиёд барпо мегардаду аз дуру наздик човандозҳои машҳур бо аспҳои ҷавмасту бодпо ва тамошогарони ҷазмӣ ба ин ҳамоишҳо меоянд. Бузкашӣ талошу муборизаи тезу тунд ва бемуросост. Дар ин гирудори кандану афкандан хотирбинӣ ё гузашт фаромӯш мешавад. Ҷонкоҳонӣ, панҷаву бозуи бақуввати човандоз, нерӯ ва пойдорӣ, дави афсонавии асп омили пирӯзӣ мешавад. Саҳнаи назаррабо ва пуршиддат тамошобинони пурҳаёҳуро сеҳр мекунад. Баногоҳ човандозе таҳамтану моҳир бо ҷонкоҳонии беандоза бузро аз паҷаи рақибон канда, бо илоҷе аспи дар обу арақ тарашро аз байни анбӯҳи ҷонварони девзод мебарорад ва сӯйи ҳалолҷо тетозонад. Ана дар ҳамин лаҳза “човандози сари бора” аспи дамҳоташро маҳмез задаву чорнаъл тозонда, ба аспи човандози бо азобу азият аз байни анбуҳи аспҳои бузкашҳо раҳида мерасад ва бузро осонакак мисли роҳзан ё ғоратгари беимон аз дасти ӯ рабуда, осонакак бурда ба ҳалолҷо мепартояд. Ва аз ин ғалаба шоду мамнун, дасти тозёнадор болои сар алвонҷдиҳон аспашро маҳмеззанон дар майдон худнамоёна метозонад.Тамошогарони баимон аз ин ҳолат асабиву ҳайрон, норозиёна “боз ҳаромӣ, номардӣ кард!” “Офарин! Ҳалол, Ҳалол!” Даврони муросокор чашм ба куриву гӯш ба карӣ мезаданд. Ана ҳамин манзара ва муносибати ғосибона, мутаассифона, дар майдони адабиёт низ ҳукм меронад. Барои аз худ кардани як байт, бозёфти дилангези шоире баъзан “човандозҳои сари бора” пайваста талош варзида, онро забонзад, обшуста ва бетарват мекунанд. Ин амал низ шабеҳи дуздӣ ва роҳзанист. Банда дар ашъори Гулназар ин тарзи ғасбу дуздиро мушоҳида накардам.
Гулназар тасвиру хаёлпардозиҳои Бозор Собирро меписандид ва ҳангоми шунидани матни суруде мегуфт: “Аз вожаву тасвир ва оҳанги сатри аввал кас пай мебарад, ки моли Бозор аст”.
Муҳаққиқи пуркору заҳматписанд зиндаёд Атахон Сайфуллоев дуруст таъқид кардааст: Онҳо (мақола, публисистика ва мусоҳибаҳои Гулназар А.С.) моли адабиётанд ва баробари осори нависанда зиндагӣ хоҳанд кард, зеро ба шахсият, эҷодиёти бадеӣ ва тақдири шоир ва ҳунарманд ҳамоҳанганд, хонанда ва муҳаққиқи адабиётаз онҳо маълумоти тоза ва муҳим ба даст меорад”.
Бешак шеър дар эҷодиёти Гулназар ҷойгоҳи воло дорад. Доираи мавзӯи ашъораш басо густурда буда, ковишу бозёфт дар онҳо фаровону пурҷилоанду ба инкишофи назмамон файзбахш. Дарунмоя, драматизм, ангезаи ботинии таконбахши андеша, ифтихори милливу ватандорӣ, васфи ҷавонӣ, ҷунуни ишқ, орзуву ҳавас, дарду алам, талхии нокомӣ, хиёнату бебарорӣ дар шебу фарози зиндагӣ, тасвири зиндагӣ, тасвири хушбахтии қаҳрамони лирикӣ аз лаззати дидору бӯсу канор дар сурудаҳои Гулназар нисбат ба нозимоне, ки кӯшидаанд пероияи офаридаҳояшон бештар қофияву радифбозӣ бирешимвор ҷилодору нарм бошад, ба маънои некаш дурушту қавист, аммо дилрабову хотирмон. Ин навъи ашъор ҳусни маънӣ меафзояд. Ду намуна:
Ин аспи сафеди ту насиби кӣ шавад?
Ин ёри писанди ту ҳабиби кӣ шавад?
ё
Ишқрро ошиқ кунед то қадри ошиқро бидонад,
Шеърро шоир кунед то қадри Лоиқро бидонад.
Гулназар барои маҷмуаи шеърҳои бачагонааш “Се кулчаи танўрӣ” сазовори Ҷозиаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (1995) гардид, лекин аз рўйи инсоф иқрор бикунем, ў китоб-китоб шеърҳои баландғояву баландпоя ба нашр расонидааст, ки ин Ҷоизаи олии адабиро ҳалолтар бикунад. Ин бегумон нишонаи масъулияти дар назди хонандава адабиёти муқаддас мебошад. Ва ҳамин ҷиддии шоир ҳамин талошу заҳмати ҷонкоҳонаи бардавом шахсият ва осори Гулназарро ба дарахти пурсамари тановар табдил дода.
Саволе пеш меояд, ки Гулназар то охири умр бо ковишу пажӯҳиши бадеӣ ба ҳадафи хеш расид ё не? Ба андешаи банда басо зебову бурдброна расид. Яъне ба эҷодиёти доманадору рангин ва шахсияти адабии Гулназар имрўзу фардо наметавон ба чашми кам нигарист. Ў дар радифи шоирони тавоно маскан дорад. Вай фидоӣ ва таранумгари содиқи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.
Забони ман фақат як вожа дорад,
Ки бе номи Ватан ман безабонам.
Ин рубоӣ низ нидои дили софу зебои Гулназар ба хонандаву аҳли назари имрўзу фардост.
Ғофил магузор ту аз китоби дили ман,
Аз розу ниёзу аз хитоби дили ман.
Аз шоири шӯридаи хомўш пур аст,
Ин теппаи маҳзуни Лучоби дили ман.
20.05.2023
Ин рубоӣ чун ҳусни хотима ба ёди нуронии Гулназари гиромӣ ва эҳтироми шоириву ашъораш ишо шуд:
Бо ҳилаи кимё мис зар нашавад,
Бо таърифи пўч санг гавҳар нашавад.
Сад қофиясози булҳавас гирд ояд,
Сад нури ҳунар Гулназар нашавад.
МЕҲРНОМАҲОИ ГУЛНАЗАР
«Баъд аз сари падар»,
«Парончак»-е дигар.
Баҳри ту хоҳонем,
Парвози бехатар.
Рўзномаи девории «Сухан», 1978
Тақдим ба Абдулҳамид, ки дўстиро чун чашми нигин поку беолоиш ҳифз мекунад.
“Чашми нигин”15.01.1988
Абдулҳамиди азиз!
Бо “Ойнаи ташна”-и ман бинишинед,
То ташнагии ҷони маро дарк кунед.
“Ойинаи ташна” 20.08.2005
Ба додари нависанда ва шоирам Абдулҳамиди ҷун бо ихлосу сипос тақдим шуд.
“Фасли оғоз” 21.10.2005
Эй шефҳо!
Абдулҳамидро ба дилам ошно кунед!
Камбудии маро ба дили ӯ расо кунед.
“Тӯлуи бедорӣ” 30.12.2010
Ба дӯст ва бародари гиромӣ, ки ҳам ҳузураш ва ҳам ғайбаш бароям бисёр азиз аст, ба Абдулҳамиди Самад тақдим шуд.
“Растохези сухан” 21.12.2015
Дар маҷлиси муҳокимаи шумораҳои порсолаи маҷаллаи “Садои Шарқ” аз ситоишҳои баланд меандешидам “Шунидам, ки таърифу ситоишҳои баланд ҳанӯз ҳам вазнин аст, ки ин барга даст ба даст аз устод Гулназар ба ман расид.
Барои Абдулҳаммид. Иттифоқи нависандагон, маҷлиси “Садои Шарқ” 28.02.2019 (рӯзи охири зимистон)
Тозаи насри қадими мо шудӣ,
Ёри ҳамдарду самими мо шудӣ.
Зиндагиро ҳикмате бишнохтӣ,
Охири охир ҳакими мо шудӣ.
ПОЁНИ МАТЛАБ
ҲАМАИ БАХШҲОИ КИТОБИ УСТОД АБДУЛҲАМИД САМАД “ЁДИ ГУЛНАЗАР”:
https://kmt.tj/abdulhamid-samad-jodi-gulnazar-bahshi-1/
https://kmt.tj/abdulhamid-samad-jodi-gulnazar-bahshi-2/
https://kmt.tj/abdulhamid-samad-jodi-gulnazar-bahshi-3/
https://kmt.tj/abdulhamid-samad-jodi-gulnazar-bahshi-4/
https://kmt.tj/abdulhamid-samad-jodi-gulnazar-bahshi-5/
МАНБАЪ: Абдулҳамд Самад: “Ёди Гулназар”. Душанбе, 2024.
Ин ёдномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад дар бораи дӯст, ҳамқалам ва ҳамкораш Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Чамила Гирдакова,
сармутахасси маркази забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.