Абдулҳамиди Котиб-нависандаи арабизабони эронинажод

Абдулҳамиди КотибАз осори Абдулҳамиди Котиб бармеояд, ки ӯ аз осори адабиёти тоисломии эронӣ вуқуфи комил доштааст ва аз он дар таълифи рисолаҳояш истифода бурдааст. Дар баъзе рисолаҳои ӯ таъсири андарзномаҳои адабиёти паҳлавӣ эҳсос мешавад. Ба воситаи эҷодиёти Абдулҳамиди Котиб анъанаҳои адабиёти мардуми эронинажод ба насри араб гузаштаанд.

****   ****   ****

АБДУЛҲАМИДИ КОТИБ – Абдуғолиб Абдулҳамид ибни Яҳё ибни Саъд (680-750), нависанда, котиб (дабир)-и арабизабони эронинажод. Дар оғози фаъолият дар шаҳрҳои гуногуни Ироқ ба таълими кӯдакон машғул шудааст. Баъдан дар девони халифаҳо Язид ибни Абдулмалик (ҳукмронӣ 720-724), Ҳишом ибни Абдулмалик (ҳукмронӣ 744-743) ва охирин халифаи умавӣ Марвон ибни Муҳаммад (ҳукмронӣ 744-750) хидмат кардааст.

Дар замони Марвон Абдулҳамиди Котиб сарварии девони расоилро ба ӯҳда дошт ва яке аз муқаррабону мушовирони халифа гардид. Абдулҳамиди Котиб шахси бомаърифат, донандаи таъриху адабиёт ва забони арабиву форсӣ буд.

Абдулҳамиди Котиб чун нависанда, поягузори навъи адабии тарассул дар насри арабӣ маъруф гардидааст. Расоили навиштаи ӯ шӯҳрати тамом доштанд ва аксар ашхоси ба ин касб машғулбуда ба ӯ пайравӣ мекарданд. Мувофиқи ахбори Ибни Надим маҷмӯи расоили тадвиншудаи Абдулҳамиди Котиб беш аз ҳазор саҳифаро дар бар мегирифтааст. То замони мо миқдори ками расоили Абдулҳамиди Котиб тавассути осори таърихиву адабӣ расидаанд.

Расоили бозмонда аз Абдулҳамиди Котиб дар мавзуъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ навишта шудаанд. Яке аз рисолаҳо аз ҷониби халифа Марвон ба писараш (валиаҳдаш) иншо гардидааст.

Номаи дигар – «Рисола илал-куттоб» дастурест ба котибон (дабирон) оид ба нозукиҳои ин касб ва таъкиди донишандӯзӣ дар соҳаҳои таърих, адабиёт ва дигар илмҳо.

Ҳашт номаи дигар аз Абдулҳамиди Котиб расидааст, ки дар мавзуъҳои наҳйи шатранҷ, дар васфи бародарӣ, оид ба шикор, оид ба хонаводаи хеш, зикри фатҳ, дар таваллуди фарзанд, дар бурузи як фитна ва оид ба яке аз ёғиёни ҳукумат навишта шудаанд.

Аз осори Абдулҳамиди Котиб бармеояд, ки ӯ аз осори адабиёти тоисломии эронӣ вуқуфи комил доштааст ва аз он дар таълифи рисолаҳояш истифода бурдааст. Дар баъзе рисолаҳои ӯ таъсири андарзномаҳои адабиёти паҳлавӣ эҳсос мешавад.

Ба воситаи эҷодиёти Абдулҳамиди Котиб анъанаҳои адабиёти мардуми эронинажод ба насри араб гузаштаанд.

МАНБАЪ: Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 43.

Муаллиф: Н. Зоҳидов.

Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ