Абдулмуъмини Урмавӣ кӣ буд?
Абдулмуъмини Урмавӣ (Абдулмуъмин Ибни Фохир, машҳур ба Сафиуддини Урмавӣ, тав.1220, Урмия, ваф.1924 Бағдод), мусиқшинос, хаттот, навозанда, оҳангсоз, китобдор. Донишҳои ибтидоии замонаашро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ба Бағдод рафта, таҳсилро дар мадрасаи Бағдод идома дода, дар мусиқӣ, китобат, шеъру шоирӣ табъи болида дошт.
Фаъолияти эҷодияш дар замони салтанати халифаи Абосӣ Муътасим (1242-1258), хонҳои муғул Мангуқоон (1251-1259), Ҳалокуҳон (1256-1265), Абоқахон (1264-1281) Абуқаҳон (1251-1281), Арғунхон (1264-1291) сурат гирифтааст.
Муддати зиёд сарварии китобхонаи хонҳои муғулнасаби Бағдодро ба уҳда дошта, ҳамзамон ба сифати навозанда, хаттот низ хидматгузорӣ кардааст. Дар сознавозӣ (уд), донишҳои назарии мусиқӣ беназири замонаш буда, мусиқишиноси аврупоӣ Р. Кизиветтер (1778-1850 Абдулмуъмини Урмавриро Ҷозеффо Сарлинои (1517-1590) Шарқ номида, рисолаҳояш «Китоббу-л-адвор», « Рисолату-ш-Шарафия»-ро муътамадтарин таълифоти мусиқӣ мешуморад.
Ихтироъи ду сози мусиқӣ: «нузҳат» ва «муғинӣ»-ро ба ў нисбат медиҳанд. Абдулмуъмини Урмавӣ муаллифи асарҳои «Китоббу–л–адвор», « Рисолату-ш-Шарафия» (1264 мутобиқ ба 666 ҳ.қ.) «Ал-иқоъ», «Фоида фи ал- илм-ал мусиқӣ», « Китобу-л-кофӣ мин ал-шофӣ фи улум-ал-арўз ва ал-қавофӣ» аст.
Ўро асосгузори мактаби систематикҳо дар мусиқии мврдумони Шарқ дониста, дар соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг шогирдони зиёдро тарбия намудааст.
Осори назарии мусиқии Абдулмуъмини Урмавӣ дар асрҳои баъдӣ чун сарчашмаи муҳими назариявӣ мавриди омўзиш ва баҳраандўзии мусиқдонони Мавароунаҳру Хуросон, Эрон ва Араб шуда, нусахи хаттии рисолаҳояш дар зохоири хаттии Туркия, Британия, Бағдод, Миср, Русия ва дигар кишварҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба мероси мусиқии Абдулмуъмини Урмавӣ мусиқдонони тоҷик –форс шаҳру тафсирҳо (Абдулқодири Мароғӣ, Мавлоно Муборакшоҳ, Асъадии Самарқандӣ ва диг.) навишта, дар барасии масоили назарии мусиқӣ (мақомҳо, маҷмўи даврии мусиқӣ ва ғ.) аз хулосаҳои таҳлилиаш баҳраандўзӣ намудаанд. Рисолаҳои Абдулмуъмини Урмавӣ ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва форсӣ, туркӣ тарҷумаю нашр шудаанд.
Аз китоби “Донишномаи Шашмақом”, Душанбе, соли 2009.
Таҳияи мутахасиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг
Дилафрўз Расулова