Абдурауф Муродӣ: Ҳамосаи китоб

Калиди кохи дониш дар китоб аст,
Ҳар он к-ӯ бекитоб аст, дар азоб аст.

***

Гар бихоҳӣ, бошӣ доим комёб,
Ҳамдамӣ мекун ҳамеша бо китоб.

***

Ҳар гаҳ ки дур аз китоб монӣ,
Гар шоҳи ҷаҳонӣ, нотавонӣ!

***

Ҳама ганҷи саодат дар китоб аст,
Сафои ҳар ибодат дар китоб аст.

***

Бошадо ҳар сафҳае андар китоб
Бар ҳазорон пурсиши одам ҷавоб.

***

Ҳар китобе ифтихори миллат аст,
Бо китоб ҳар миллате беиллат аст.

***

Аз китоб ҳар уқдае во мешавад,
Роҳи сӯи бахт пайдо мешавад.

***

Ҳар халқ, ки беш бо китоб аст,
Сар пеши аду намекунад паст.

***

Дӯстам, рӯ бар китоб орӣ агар,
Зиндагониат бигардад пурсамар.

***

Китоб аз даст додан нотавонист,
Ба даст овардани он қаҳрамоист.

***

Ҳар он гаҳ бо китобам, комёбам,
Агар дур аз китобам, дар азобам.

***

Беҳтарин устоди мо бошад китоб,

Роҳи моро нур мепошад китоб.

***

Беҳ аз ту, китоб, ёри дилсӯз мебод,

“Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!”

***

Бо китоб, эй дӯст, чун афсонамард

Метавонӣ сайри сад сайёра кард!

***

Тифли ту гардад каси олиҷаноб,

Зери болинаш агар монӣ китоб.

***

Ҳар китоби хуб – як дунёи нав,

Ёри нав, ҳамроҳи нав, маъвои нав.

***

Гар бихоҳӣ дур бошӣ аз хатар,

Бе китоб ҳаргиз макун азми сафар.

***

Арши миллатро китоб аст офтоб,

Шод бодо миллати соҳибкитоб!

***

Сафои зиндагонӣ дар китоб аст,

Бақои зиндагонӣ дар китоб аст.

***

То китобе ҳаст, дорад зиндагӣ ҳусни тамом,

То китобе ҳаст, мо – хушрӯзгору шодком.

***

Аз китоб олам гулистон мешавад,

Рӯз – хуррам, шаб чароғон мешавад.

***

Калиди ганҷҳо андар китоб аст,

Ҳама дунёи мо андар китоб аст.

***

Дилбастагӣ бар китоб мебояд дошт,
Аз ҳикмати он хитоб мебояд дошт.

***

Китоб афтода аз чархи барин аст,
Беҳин ганҷина баҳри одамин аст.

***

Китоб аз мо рубояд ғуссаю ғам,
Мабодо аз китобе сафҳае кам!

МАНБАЪ: Алимуҳаммад МУРОДӢ: “Ҳамосаи китоб”, Душанбе, “Маориф”, 2022

Таҳияи Шарофати ҶАМОЛИДДИН,
мутахассиси шуъбаи
адабиёти кӯдакон ва наврасон