Абдусалом Деҳотӣ дар бораи “Рӯзи назми тоҷик”. Оё ин анъана то кунун боқист?
Ин хабари муфассал 66 сол пеш дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) чоп шуда ва ҳикоят аз як рӯзе мекунанд, ки Рӯзи назми тоҷик номида шудааст. Муаллифи хабар адиби маъруф Абдусчалом Деҳотист.
Нависандаи советӣ фарзанди вафодори халқи худ ва Ватани социалистии худ аст, бинобар ин эҷодиёти ў бо ҳаёти халқ, бо талабот ва манфиатҳои он алоқаи зиёд ва мустаҳкам дорад.
Алоқаи нависанда бо оммаҳои халқ шаклҳои гуногун дорад. Ҳар сари чанд вақт ба таври ташкилӣ гузаронда шудани конференсияҳои хонандагон, дар назди хонандагон аз кори эҷодии худ ҳисобот додани нависанда, дар ҷамъомади колективҳои китобхонон, чунончи коргарон, колхозчиён, студентон ва ғайра хондан ва муҳокима кунондани баъзе асарҳои адабӣ, инчунин дар маҳалҳо дар байни халқ гашта, бо рафти кору меҳнат ва муборизаҳои одамони бунёдкори советӣ бевосита шиносо шудани нависанда аз ҷумлаи шаклҳои алоқаи адабиётӣ бадеӣ бо омма мебошад.
Дар ин бобат дар солҳои охир боз як анъанаи хуб ҷорӣ шуд, ки он ҳам бошад, соле як бор гузаронида шудани рўзи назм аст. Ин анъана дар соли 1955 бо ташаббуси шоирони Москва сар шуда буд. Пас аз он, то имрўз ба ғайр аз Москва дар пойтахтҳо ва шаҳрҳои калони республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ низ гузаронида мешавад.
Дар рўзи назм одатан шоирон дар магазинҳои китобфурўшӣ ҷамъ омада, бо хонандагон вомехўранд, шеърҳо мехонанд, мувофиқи хоҳиши харидорон ба рўи китоби худ автограф менависанд, ба саволҳои онҳо ҷавоб медиҳанд, қайдҳо ва таклифҳояшонро мешунаванд.
Мо аввалин рўзи назми тоҷикро дар охири соли 1955 дар шаҳри Ленинобод гузаронда будем. Таҷриба нишон дод, ки дар рӯзи назм, қатъи назар аз номаш, на танҳо шоирон, балки ҳамаи гурўҳҳои дигари аҳли адабиёт, чунончи, насрнависон, адабиётшиносон, тарҷумонҳои адабӣ ва фолклоршиносонро ҳам иштирок кунондан лозим будааст.Чунки харидорон на танҳо ба китобҳои назм, ба романҳо, повестҳо, китобҳои тадқиқоти адабӣ, фолклор, инчунин ба асарҳои тарҷумашуда низ харидорӣ мекунад ва автограф металабанд. Дар он рўзи назм дар Ленинобод ба шоирон лозим омада буд, ки ба бисёр китобҳои муаллифони дигар ҳам автограф навишта диҳанд.
Имрўз 5-уми июни соли 1958, соати 5 бегоҳӣ дар Сталинобод (кўчаи Ленин, рў ба рўи театри драмавии ба номи В.Маяковский) магазини нави марказии китобфурўшӣ кушода мешавад. Расми кушоди ин маркази калони савдои китоб барои пойтахти республикаамон як ҳодисаи муҳимми маданӣ мебошад. Зеро, ки ривоҷ ёфтани савдои китоб торафт баланд шудани савияи мадании халқи моро нишон медиҳад.
Ба ин муносибат имрўз дар ҳамон ҷо рўзи назми тоҷик барпо мегардад.
Президиуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор дод, ки таҷрибаи аввалин рўзи назм ба назар гирифта шуд, ин дафъа ҳайати иштироккунандагон васеъ карда шавад.
Ба ҳамин тариқ дар ин мулоқоти аҳли адабиёт бо хонандагон инҳо иштирок мекунанд: аз шоирони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Боқӣ Раҳимзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Аминҷон Шукўҳӣ, Аширмат Назаров, Ғаффор Мирзо, Муҳиддн Фарҳат, Абдулмалик Баҳорӣ, Файзулло Ансорӣ, Василий Кириллов, Мариана Фофанова, Бобо Ҳоҷӣ, Аъзама Сидиқӣ; аз насрнависон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Минел, Левин, Толис, Пўлодов, Лукян Горленский, Арнол Одинцов; аз адабиётшиносон Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода,Носирҷон Маъсумӣ, Камол Айнӣ, Юрий Бобоев, Муҳаммадҷон Шукуров, Расул Ҳодизода, Раҷаб Амонов; аз тарҷумонҳо Ҳабиб Аҳрорӣ, Раҳим Ҳошим, Эммануэл Муллоқандов, Юрий Смирнов ва дигарон.
Дар рафти вохўрӣ чанде аз шоирон аз шеърҳои худ ва шеърҳои классикони адабиёт намунаҳо мехонанд.
Умедворем, ки оммаи хонандагони мо дар кори хуб ва муташаккилона гузаронида шудани ин рўзи анъанавии адабиётӣ советӣ ба мо ёрӣ мерасонанд.
Чуноне гуфтем, ин хабар 66 сол пеш, аниқтараш 5 июни соли 1958 дар рӯзномаи “Тоҷикистони Саветӣ” аз номи шоир ва муҳаққиқи маъруф Абдусалом Деҳотӣ навшта шудааст. Сипос ба ҳамкорамон Нуримеҳан Маҳмадбекова, ки онро рӯнавис кардааст.
Чӣ анъанае буда, ки соле як рӯз бо ширкати адибони меҳан Рӯзи назм таҷлил мешудааст. Оё мо ҳоло ин гуна рӯз дорем?