Абдусаттори Раҳмон: Дустдори китоб ва ҳофизони сулҳ бошед

Маҳфили «Дар суҳбати адиб», ки пайваста дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ин навбат бо иштироки шоир ва нависандаи бачагон Абдусаттори Раҳмон ва хонандагони навраси шуъбаи мазкур баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки барномаи мазкур бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳия карда мешавад.
Барандаи маҳфил, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ва барандаи ҷоизаи озмуни Тоҷикистону Русия Нозанини Шӯҳрат иштирокдорони маҳфилро бо шоир Абдусаттори Раҳмон шинос намуда, гуфт, ки устод чанд соли охир узви ҳайати доварони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.
Абдусаттори Раҳмон барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Шеърҳои шоири ширинкалом асосан тасвиргари ҳаёти кӯдакон буда, равон, шево, мазмуннок, ҳаҷвӣ ва осонҳифзшавандаанд, ҳикояҳояш низ ҳаётӣ ва тарбиявӣ мебошанд.

Дар бахши дигари маҳфил ширкаткунандагон — хонандагони фаъолу навраси шуъба — ба шоир дар мавзуъҳои розӣ буданаш аз интихоби касб, эҷоди шеъру ҳикояҳо, китоби беҳтарин, дарки хушбахтӣ, пайрави кӣ буданаш дар роҳи эҷод, писандидатарин шеъри эҷодкардааш, манбаи ғояҳо барои эҷод ва нақшаҳои оянда саволҳо пешниҳод намуда, инчунин шеърҳои писандидаи худро аз ашъори ӯ, ки асосан хусусияти ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ доранд, қироат намуданд.
Абдусаттори Раҳмон бачаҳоро аз шеъру қисса, ҳикояву чистонҳои тозаэҷоди худ, ки дар маҷмуаи наваш бо номи «Хонаи мо – гулхона» гирд омадаанд, баҳраманд гардонид. Адиб иттилоъ дод, ки китоби тозанашраш маҷмуае аз шеърҳои тарҷумашудаи адибони хориҷӣ мебошад. Ҳамчунин, ин китоб барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод гардидааст ва ӯ умедвор аст, ки сазовори ин ҷоиза мегардад. Зимнан, ӯ як нусхаи ин ганҷи донишро ба китобхона ва хонандагони навраси шуъбаи адабиёти бачагон ҳадя намуд.
Дар идомаи маҳфил адиби шинохта оид ба иқдомҳои маорифпарварона, сулҳҷӯёна ва инсондӯстонаи Пешвои миллат ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки боз як иқдоми Сарвари давлат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид — «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» — қабул гардид. Ин санад ҳамаи моро, бахусус наврасонро, водор месозад, ки рӯ ба илму фарҳанг оварда, насли оқилу созандаи миллат ва давлати куҳанбунёди тоҷик бошем ва сулҳу амнияти бо ранҷи зиёд бадастомадаро ҳифз намоем. Барои ин шоири маҳбуб ба наврасон самаранок истифода бурдан аз шароити хуби фароҳамшуда, мутолиаи бештари китоб ва илмомӯзиро ҷиддан тавсия дод.

Маҳфил бо таманнои барору комёбиҳо ба меҳмон ва иштирокдорони он аз ҷониби гӯянда Нозанини Шӯҳрат ба поён расид.
Хотиррасон менамоем, ки маҳфили эҷодии «Дар суҳбати адиб» дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ моҳе ду маротиба бо иштироки адибони маҳбубу шинохтаи адабиёти кӯдаконаи кишвар баргузор гардида, метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб таъсири мусбат гузорад.
Шумо метавонед тафсилоти маҳфилро рӯзҳои наздик аз тариқи Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» тамошо кунед.
Инобат Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.