Абдусаттори Раҳмон: Мактаб сарчашмаи рушду камоли ҳар яки мост

Абдусаттори-РаҳмонМаҳфили навбатии  “Дар суҳбати адиб”  бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи  миллӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон  “Баҳористон”  баргузор гардид. Меҳмони маҳфил  Абдусаттори Раҳмон шоир, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ҳамчунин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон суҳбати пурмуҳтавое баргузор намуд.

Дар оғози маҳфил Абдусаттори Раҳмон аз замони кӯдакӣ ва аввалин шеърнависии худ ба хонандагон қисса намуда, ҳикояҳои ҷолиби замони кӯдакӣ ва наврасии худро ба онҳо нақл кард.

Вай аз ҷумла гуфт, ки замони наврасии мо дар кӯҳистон гузашт ва бешубҳа ҳавои кӯҳистон дигар аст. Мактабу дарс ва шароити хондани мо кулллан фарқ дошт. Мо аз китоб ва дафтар аз мизу курси низ танқисӣ доштем, аммо завқ ва меҳру муҳаббати мо ба хондан ин монеаҳоро  пушти сар кард ва имрӯз мо бо шумо рӯбарӯ суҳбат дорем. Мактаб ва аввалин қадамҳои мо ба сӯи дониш ин асоси рушду пешрафти мо дар зиндагист.

Абдусаттори Раҳмон ҳамчунин ба хонандагони хурдсол таъкид кард, ки бояд ба дарс, ба мактаб бо меҳру муҳаббат рафт ва ҳар як фанни таълимиро бо завқ хонд, то ки аз он баҳрае бардорӣ. Шоир дар идома ҳамчунин гуфт, ки пештар аз ҳама ба фанни риёзӣ шавқ доштам, аммо забон ва адабиётро аз онҳо поён намемондам.

Дар бахши дигари маҳфил дӯстдорони ашъори ӯ хонандагони хушзавқ ба шоир суолҳо пешниҳод намуда, инчунин шеърҳои писандидаашонро аз ашъори ӯ, ки асосан хислати ҳаҷвӣ  ва тарбиявӣ дорад, қироат намуданд.

Аксари хонандагон ки довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошанд, ба навиштани ҳикоя ва шеърҳои бачагона низ машғуланд. Онҳо аз фурсат истифода намуда ба шоир шеърҳои навқаламонаи худро қироат намуда, инчунин тавсияҳои хуб дар мавриди шинохти шеър гирифтанд.

Бояд гуфт, ки Абдусаттори Раҳмон  бештар аз ҳаёти бачаҳо ва ҳаҷв шеърҳо менависанд, ки аксари онҳо тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдакона ва инчуни маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” дастраси хонандагон мегарданд. Аввалин маҷмуаи шеърии ӯ бо номи “Амак шудам” дар нашриёти “Маориф” (соли 1984) ба табъ расидааст. Баъдан маҷмуаҳои дигараш бо номҳои “ Тағо ҷиян шуд”, “Бибию бобои ман”, “Шакаррез”, “Балои ҷон”, “Чорбоғ”, Обрӯямро марез”, “Меҳрпайванд”, Ман аз кӣ калон?”, “Тавба”, “Резу чош”, “Чанори пур аз лона”, ва нахустмаҷмуаи насриаш бо номи “Пайки шодию алам” ба нашр расидааст.

Ёдовар мешавем, маҳфили “Дар суҳбати адиб” моҳе як маротиба бо иштироки адибони шинохта ва кӯдакнависи кишвар баргузор гардида, метавонад дар рушд ва инкишофи ҷаҳонбинии хонандагон таъсири мусбат гузорад. Инчунин барои ҷалби бештари онҳо ба китобу китобхони бетаъсир намемонад.

Наргис НАЗАРЗОДА