Абдусаттори Раҳмон меҳмони шуъбаи кӯдакон ва наврасон
Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо иштироки шоир ва нависандаи бачагон Абдусаттори Раҳмон ва хонандагони навраси ин шуъба баргузор гардид.
Ровии маҳфил ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ту қалби Тоҷикистонӣ Душанбе” ва ҳамчунин барандаи ҷоизаи озмуни Тоҷикистон -Русия Нозанини Шӯҳрат ба иштирокдорони маҳфил шоир Абдусаттори Раҳмонро муаррифӣ намуд.
Абдусаттори Раҳмон «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Шеърҳои шоири ширинкалом бештар мусаввири ҳаёти бачагонанд.
Хонандагони фаъоли шуъба-иштирокчиёни маҳфил аз ҳаёту эҷодиёти шоир пурсон шуданд. Шоир бо камоли майл аз давраи бачагии худ, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти хеш нақл кард. Зимни суҳбат шоир махсусан таъкид кард, ки мутолиаи китоб сарчашмаи васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон аст ва бачагон бояд аз хурдсолӣ бо шавқу завқ ба мутолиаи китоб пардозанд.
Абдусаттори Раҳмон бачаҳоро аз шеъру қисса, ҳикояву чистонҳои тозаэҷоди худ баҳраманд гардонид.
Дар фарҷом бо таманнои барору комёбиҳо ба меҳмон ва иштирокдорони маҳфил Нозанини Шӯҳрат маҳфилро ҳусни анҷом бахшид.
Хотиррасон менамоем, ки маҳфили эҷодии “Дар суҳбати адиб” дар бахши адабиёти кӯдакону наврасони Китобхона моҳе ду маротиба бо иштироки адибони маъруфи бачагонаи кишвар баргузор гашта, метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китоб таъсири мусбат гузорад.
Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.