Абиби шинохтаи тоҷик Темур Зулфиқоров 90-сола шуд!


Шоир нависанда ва намошноманависи маъруфи тоҷик Темур  Зулфиқоров ба сини мубораки 90
қадам гузошт. Ў 17-уми августи соли 1936 дар  шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров замоне раиси Кумитаи мардуми (Народный комитет)-и Ҷумҳурии Бухоро таъин гардида, баъдан, дар соли 1937 ғарқи гирдоби шахспарастии Сталинӣ шуд.

Модараш Людмила Владимировна  Успенская забоншиноси маъруфи тоҷик, яке аз муаллифони «Луғати тафсирии русӣ- тоҷикӣ»,профессори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (он айём Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе) умри азизи худро ба поси хотири шавҳараш сарфи таълиму тарбияи насли ҷавони тоҷику тоҷикистонӣ намуд ва дар замони шўравӣ аксари китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳои миёнаву олӣ ба қалами ў мутааллиқ буданд.

Темур Зулфиқоров пас аз хатми мактаби миёна дар Душанбе ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург шомил гардид ва баъданба Институти адабии ба номи М. Горький таҳвил гардид ва онро соли 1961 хатм намуд.

Темур Зулфиқоров аз зумраи он эҷодкоронест, ки дар чандин ришта қаламкашӣ мекунад ва дар ҳамаи онҳо асосан муваффақ мешавад. Ў ба сифати шоир, нависанда ва намоишноманависи соҳибистеъдод дар ҷаҳон шинохта шуда, муаллифи беш аз сӣ китоби назму наср ва ҳамчунин беш аз 20 намоишномаву сенарияи филмномаҳои адабӣ ва ҳуҷҷатӣ аст, ки бештари онҳо бо ҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудаанд.

Асарҳои ў дар  мавриди Паёмбарон Исо (а), Муҳаммад (с), Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва Амир Темур мақбули доираи мухталифи хонандагон гардидаанд. Бахусус, асарҳои Темур Зулфиқоров «Хиради Шарқ», «Тавре шарқиён мегўянд» ва амсоли инҳо фарҳангу маданияти мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, боиси ифтихори миллат гаштаанд. Ба қавли донишманди варзида Акбари Турсун, «Темур Зулфиқоров, дар воқеъ, аз адибони тавонои русзабони тоҷик буда, асарҳояшро ба забони русӣ таълиф кунад ҳам, тафаккураш сирф тоҷикӣ ва ё миллӣ мебошад». Ў ҳамеша аз хуни тоҷикию русӣ доштанаш ифтихор мекунад ва мегўяд: «Рус – ватани  модари ман, Осиё ватани падарам. Вақте ки хуни падарам кашад – аз Тоҷикистон менависам, хуни модар кашад – аз Русия».

Романи «Сафарномаи заминию қудсии шоир»-и ў беҳтарин романи аврупоӣ шинохта шуда, барандаи ҷоизаи англисии «Коллетс» (соли 1993) гардид. Темур Зулфиқоров соли 2000 ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт пешниҳод шуда буд. Тирамоҳи соли 2004 китоби дигараш «Тамсилҳои зарини Хоҷа Насриддин» ба ҷоизаи аввали адабии Русия «Ясная Поляна» ба номи Л. Толстой дар бахши «Асари бадеии шоистаи адабиёти рус» сазовор шуд. Романи устуравии «Афъимори марҷонӣ»-и Темур Зулфиқоров соли 2005 дар  бахши «наср» ҷоизаи «Беҳтарин китоби сол»-ро дарёфт намуд. Ў ҳамчун  барандаи ҷоизаи  ба номи Антона Делвига (соли 2008) мебошад.

Дар Ғарб Темур Зулфиқоровро «Дантеи адабиёти рус» меноманд ва осораш то кунун ба беш аз 30 забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудааст. Дар Тоҷикистон дар солҳои мухталиф беш аз даҳ китоби ў ба забони тоҷикиву руси мунташир шудаанд ва адибони шинохта Муҳаммадзамони Солеҳ, Юнус Юсуфӣ, Нурмуҳаммад Табаров дар тарҷумаи осораш ба забони тоҷикӣ муваффақмебошанд.

Ҳикояи манзуми «Як рўзи айёми бачагии Пайғамбар Муҳаммад (с)»-и Темур Зулфиқоров, ки онро нависанда ва намоишноманависи маъруф Нурмуҳаммад Табаров ба тоҷикӣ тарҷума намудааст, дар озмуни 5-уми умумирусиягии  Идораи мусалмонони Руссия дар мавзуи «Паёмбар Муҳаммад (с)- илтифоте  барои оламиён» (соли 2011) сазовори ҷоизаи аввал гардида буд.

 

ДАР БОРАИ ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МЕТАВОН ХОНД:

 

Фозилов, Ш. Темур Зулфиқоров дар Тоҷикистон мемонад: Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров дар театри Маяковский ш. Душанбе // Фараж. – 2016. – 20 апрел.

Ғуломов, З. Дидори ғойибона [Матн]: Оид ба адиби русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров дар коргоҳи эҷодии адиб // Адабиёт ва санъат.  – 2017. – 26 октябр.

 

Насриддинова, Р. Темур Зулфиқоров: тамоми одамони рўйи дунё бо ҳам хешанд: дар  бораи ҳаёт ва фаъолияти навсиандаи ҷаҳон Темур Зулфиқоров // Омўзгор. – 2020. – 27 август.

 

Таҳиякунанда Набиев Набиҷон,

мутахассиси шуъбаи илмӣ- методӣ ва таҳқиқотӣ