Абёте аз Насирои Ҳамадонӣ
Соҳиби ҳолу камол буда, ба Исфаҳон омада, дар силки талабаи улум мунсалик гардида, ба таҳсили улум иштиғол намуд. Тақии Авҳадӣ навишта, ки дар Исфаҳон вайро дидаам, бисёр хушмуҳовараю баҳҳосу нуктасанҷу ҳарзагард буд ва ғолибан, ки Насирию Насриддин, ки пеш аз ў мазкур аст, ҳам ў бошад, чи ватану замону ҳолот ифодаи ин мекунад.
Ин абёт ўрост:
Фиреби синаи пурдоғи булҳавас нахурӣ,
Ки чун китоби ғалат нуқтаҳои шак дорад.
************
Чу тўтиё, ки ба қоғаз фиканд боди сабо,
Ғубори кўи ту бар барги ёсуман дорад.
************
То чу нурам, эй парӣ, дар дида маскан сохтӣ,
Дидаро бо ман , маро бо дида душман сохтӣ.
************
Дигар мапўш чеҳра, ки аз ҳирси диданат
Чашмам ба як назора тиҳӣ аз нигоҳ шуд.
************
Зи сабзаи хати ў субҳи ман ба шом кашид,
Замона аз ману ў ҳар ду интиқом кашид.
************
Дар ин чаман ҳама мурғон зи меҳнат озоданд,
Ки сайди хеш маро кард, ҳар кӣ дом кашид.
************
Зи хиҷлат гули рўят ба он расид, ки боз,
Гул шукуфта шавад, ғунча баски дарҳам шуд.
***********
Ба он расид, ки бо бахти ман шавад якранг,
Зибаски зулфи ту дар офтоб мегардад.
***********
Ту агар нома нависӣ, чӣ кунӣ номарасон?
Ки зи шавқи қаламат нома кабўтар гардад.
***********
Омадӣ , к – аз ту дили хеш тарабнок кунам,
Он қадар бош, ки хун дар дили афлок кунам.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.