Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форсии Истахрӣ-ҷаҳонгард ва ҷуғрофидони машҳури олам

ИстахриАбуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форсии Истахрӣ, (тақр. 849, Истахр – 934), Кархӣ яке аз асосгузорони ҷуғрофиёнигории исломӣ ва сайёҳи машҳур, муаллифи «Сувару-л-ақолим» ва «Масолику-л-мамолик» аст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Истахрӣ маълумот бисёр нест.

Ў пас аз саёҳати сарзамини Шарқи Наздик ва Миёна, аз ҷумла Хуросон, Форс, Мовароуннаҳр, нимҷазираи Арабистон, Сурия, Миср ва ғайра аввал мушоҳида ва моҷароҳи сафари хешро дар китобаш «Сувару-л-мамолик» тасвир намуда, баъдан онро бо номи «Масолику-л-мамолик» такмил  кард.

Истахрӣ дар навиштани асарҳояш аз «Сувару-л-мамолик»-и Абуязиди Балхӣ истифода кардааст. Истахрӣ ҷуғрофиёи таърихӣ, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию маишии мардуми минтақа ва шаҳрҳои гуногуни нимҷазираи Арабистон, халиҷи Форс, як қисми мулкҳои атрофии уқёнуси Ҳинд, Мағриб, Андалусия, Миср, Сурия, минтақаҳои назди баҳри Миёназамин, Алҷазоир, Ироқ, Эрон ва Ҳиндустонро дар асоси мушоҳидаву таасуроти шахсиаш тавсиф кардааст. Истахрӣ ҷуғрофиёи таърихии Хуросону Мовароуннаҳрро дар аҳди Сомониён (зиёда аз 120 маҳалли аҳолинишин) бо марказҳои сиёсӣ-маъмурӣ ва фарҳангии ҳамон давра – Суғд, Хоразм, Хутталон, Фарғона, Уструшана ва Бадахшон васеъ ва дақиқ тасвир кардааст. Махсусан, маълумоти Истахрӣ дар бораи савдо ва вазъи иқтисодии мулкҳои Мовароуннаҳр – Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Хатлон, Тирмиз, Қубодиён, Чағониён ва ғайра нодиранд.

Истахрӣ ҳангоми мусофираташ бештар ба тавсифи машғулияти мардум, роҳҳои корвонгузар, ёдгориҳои таърихӣ, дарёҳо, кўлҳо ва масофаи байни шаҳрҳо диққат додааст. Дар миёни харитаҳои тасвиркардаи Истахрӣ (22 харитаи ранга ва сафеду сиёҳ) харитаҳои Мовароуннаҳр, Пасиқафқоз (Закавказия) ва минтақаҳои назди баҳри Хазар ҷолиби диққатанд.

Истахрӣ зимни мулоқоташ бо Ибни Ҳавқал (тақр. соли 952) аз ў дар барои таҳияи харитаҳои ҷуғрофиёӣ ва ислоҳи китобҳояш маслиҳат гирифтааст. Ба қавли Ёқути Ҳамавӣ ва Муқаддасӣ маълумоти ҷуғрофиёии осори Истахрӣ нисбат ба китоби «Сувару-л-мамолик»-и Абуязиди Балхӣ комилтар аст.

Истахрӣ дар густариши ҷуғрофиёнигорӣ таъсир гузоштааст. Муаррихон ва ҷуғрофиёшиносони баъдӣ (Ибни Ҳавқал, Маҳмуди Кошғарӣ, Аҳмади Тўсӣ, Наҷиб Бакрон, Ҳофизи Абрў, муаллифи «Ҳудуду-л-олам» ва дигарон) аз осори ў истифода кардаанд.

Нусхаҳои арабӣ (аслӣ) ва форсӣ (тарҷумашуда)-и осори Истахрӣ дар ганҷинаи дастхатҳои Санкт-Петербург, Тошканд, Боку ва китобхонаҳои машҳури олам маҳфузанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 607.

Муаллифон: Ю. А. Малтсев, А. Саидов.
Таҳияи Замира Давлатова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.